Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 177 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (№ 323).
3. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.
Лимити автомошинаҳои хизматӣ барои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 13 адад муқаррар карда шавад ().
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда (ба истиснои мақомоти минтақавӣ) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шаванд. Маблағгузории мақомоти минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода шавад.
5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистои дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаҳои агентиҳои дар нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
аз 17 феврали соли 2001 № 77 "Дар бораи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 26 июни соли 2001 № 318 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2001 №77 "Дар бораи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 8 маи соли 2001 № 215 "Дар бораи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 6 августи соли 2001 № 366 "Масъалаҳои корхонаи воҳиди давлатии туризми "Сайёҳ";
аз 11 январи соли 2001 № 11 "Дар бораи Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 14 феврали соли 2001 № 75 "Масъалаҳои Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 2 апрели соли 2006 № 146 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 3 майи соли 2006 № 205 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 75 ,Масъалаҳои Агентии давдатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 589
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 178, аз 30.12.2008 № 639, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 02.03.2013 № 76)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 149 воҳид муқаррар карда шавад (, ).