ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ ҶУБРОНИ ХАРОҶОТИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "АМОНАТБОНК" БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИ БА НАФАҚАХӯРОН
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709, аз 31.08.2018 № 456)
Мутобиқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2001 "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002" ва мавриди амал қарор додани он", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби замимагардидаи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасони ба нафақахӯрон тасдиқ карда шавад.
2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро барои хизматрасони ба нафақахӯрон ба андозаи 0,6 фоизи маблағҳои воқеан пардохтшудаи нафақа таъмин намояд
3. Ҷуброни хароҷот ҳар моҳ мутаносибан ба маблағҳои воқеан пардохташудаи нафақа анҷом дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 2002 № 36
ш. Душанбе
Замимаи
қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2002 № 36
ТАРТИБИ ҶУБРОНИ ХАРОҶОТИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "АМОНАТБОНК" БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИ БА НАФАҚАХӯРОН
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709)
Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии нафақахӯрон дар муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд "Амонатбонк") ва таъмини устувории молиявии "Амонатбонк" дар соли 2002 тартиби зерини ҷуброни хароҷоти "Амонатбонк" оид ба хизматрасонии нафақахӯрон (пардохти нафақаҳое, ки мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат таъин намудаанд) муқаррар карда шавад:
1. "Амонатбонк" мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ӯҳдадор аст:
- гузаштани пардохтҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда таъмин намояд );
- пардохти нафақаҳоро ба нафақахӯрон дар мӯҳлати 10 рӯзи пас аз лаҳзаи ба ҳисоби корреспондентии муассисаи "Амонатбонк" ворид шудани маблағҳои барои пардохти нафақаҳо таъингардида, таъмин намояд;
- ҳар моҳ бо муассисаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аниқ намудани маблағҳои воқеии пардохти нафақаҳо муқоисаҳо анҷом диҳад.
2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст :
- маблағгузории пардохти нафадаҳоро ҳар моҳ таъмин намояд;
- хароҷоти муассисаҳои "Амонатбонк"-ро оид ба хизматрасонии нафақахӯрон ҷуброн намояд .
Ҷуброни хароҷот ҳар моҳ мутаносибан ба маблағи нафақаҳои воқеан пардохташуда дар асоси маълумотҳои муқоисаи мутақобила байни "Амонатбонк" аз ҷониби раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо анҷом дода мешавад .
Маблағи ҷуброн бо супоришномаи пардохтии алоҳида ба ҳисоби муассисаи дахлдори "Амонатбонк" интиқол дода мешавад.
Барои ҷуброни хароҷоти муассисаҳои "Амонатбонк" сарф намудани маблағҳое, ки барои пардохти нафақаҳои нафақахӯрон маблағгузори шудаанд, қатъиян манъ карда мешавад.
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О компенсации затрат Государственного сберегательного банка Республики Таджикистан "Амонатбонк" за обслуживание пенсионеров
В соответствии с Постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 12 декабря 2001 года "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2002 год и введении его в действие", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемый Порядок возмещения расходов Государственного сберегательного банка Республики Таджикистан "Амонатбонк" за обслуживание пенсионеров.
2. Агентству социального страхования и пенсии при Правительстве Республики Таджикистана обеспечить возмещение расходов Государственного сберегательного банка Республики Таджикистан "Амонатбонк" за обслуживание пенсионеров в размере 0,6 процента фактически выплаченных сумм пенсий
3. Возмещение расходов производить ежемесячно пропорционально фактически выплаченным суммам пенсий.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 февраля 2002 года, N 36
г. Душанбе
Приложение
к Постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 4 февраля 2002 г. № 36
Порядок возмещения расходов Государственного сберегательного банка Рес публики Таджикистан "Амонатбонк" за обслуживание пенсионеров
В целях повышения качества обслуживания пенсионеров в учреждениях Государственного сберегательного банка Республики Таджикистан "Амонатбонк" (далее "Амонатбонк") и обеспечения финансовой стабильности "Амонатбонк" установить в 2002 году следующий порядок возмещения расходов "Амонатбонк" по обслуживанию пенсионеров (выплате пенсий назначенных органами социальной защиты населения по месту жительства).
1. "Амонатбонк" в соответствии с возложенными на него функциями обязан:
- обеспечить прохождение платежей Агентства социального страхования и пенсии при Правительстве Республики Таджикистан в сроки, установленные действующим законодательством
- обеспечить выплату пенсий пенсионерам в течении 10 дней с момента зачисления средств, предназначенных на выплату пенсий, на корреспондентский счет учреждения "Амонатбонк";
- ежемесячно производить сверку управлениями и отделами Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан на местах населения с целью уточнения фактической суммы выплаты пенсий
2. Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан обязан
- финансировать средства на выплату пенсий ежемесячно;
- возмещать расходы учреждений "Амонатбонк" по обслуживанию пенсионеров
Возмещение расходов производится ежемесячно пропорционально сумме фактически выплаченных пенсий на основе данных взаимосверки между "Амонатбонк"-ом и управлениями и отделами Агентства социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан на местах
Сумма возмещения перечисляется отдельным платежным поручением на счет соответствующего учреждения "Амонатбонк"-а.
3. Категорически запрещается расходование средств, финансированных на выплату пенсий пенсионерам, для возмещения расходов учреждений "Амонатбонк".