Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, № 36
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, № 36 "Дар бораи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасонӣ ба нафақахӯрон" аломат ва калимаҳои "1 (як) фоизи маблағҳои воқеан барои пардохти нафақа интиқолгардида" ба рақам ва калимаҳои "0,6 фоизи маблағҳои воқеан пардохтшудаи нафақа" иваз карда шаванд.
2. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2018 № 456
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 февраля 2002 года, №36
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 4 февраля 2002 года, №36 "О компенсации затрат Государственного сберегательного банка Республики Таджикистан "Амонатбонк" за обслуживание пенсионеров" цифру и слова "1,0 (одного) процента от суммы фактически перечисляемых средств для выплаты пенсий" заменить цифрой и словами "0,6 процента фактически выплаченных сумм пенсий".
2. Настоящее постановление ввести в действие с 1 сентября 2018 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 августа 2018 года, №456