ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои ҷуброни хароҷот барои хизматрасонӣ ва рақамикунонии раванди хизматрасонӣ ба нафақагирон
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Тартиби ҷуброни хароҷот барои хизматрасонӣ ва рақамикунонии раванди хизматрасонӣ ба нафақагирон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, №36 «Дар бораи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои хизматрасонӣ ба нафақахӯрон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 декабри соли 2025, № 671
...