Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 феврали соли 1999 № 8
тасдиқ шудааст
Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 105, аз 03.08.2002 № 325);
ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ГУЗАШТАНИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚ МЕДИҲАНД
1. Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқомат дар хориҷа ва бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати зерин дода мешавад:
а) шиносномаи дипломатии силсилаи "D"
б) шиносномаи хидматии силсилаи "S"
в) шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии силсилаи "N".
Ҳангоми вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои зикргардида барои баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассисаҳои консулии Вазорати корҳои хориҷӣ барои бозгашт шаҳодатнома дода мешавад.
2. Вобаста ба мақсади сафар ва ҳолати хидматӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷа мераванд, шиносномаҳои зерин дода мешаванд:
аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми рафтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ба сафари хидматӣ, барои таҳсил, ба кор тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ - шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандӣ;
аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо мақсади саёҳат, корҳои шахсӣ, истиқомати доимӣ, кор, истироҳат ва табобатшиносномаҳои умумишаҳрвандӣ.
3. Шиносномаҳо инчунин дар ҳолатҳои зерин дода мешаванд:
а) дар мавриди тағйир ёфтани ҳолати хидматии соҳиби ҳуҷҷатҳо, агар чунин тағйирот иваз намудани як силсилаи шиносномаро бо дигараш талаб намояд;
б) дар мавриди дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои дарҷи сабт, қайдҳо ва раводид;
в) дар мавриди фарсудашавии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
г) дар мавриди гум шудани шиноснома (дуздидан, гум шудан ва ғ.);
д) дар мавриди иваз шудани шиносномаҳои хориҷӣ;
е) ба кӯдакон дар мавриди хориҷ аз шиносномаҳои падару модарон.
4. Дар ҳолати гум шудани шиноснома дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби он бояд ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст шиносномаи хориҷиро додааст, муроҷиат намояд.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа соҳиби он бояд ба муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари будубош муроҷиат намояд. Муассисаи консулӣ фавран ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри номи хонаводагӣ, ном ва номи падари шахсе, ки шиносномаи хориҷиро, гум кардааст, силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, макони (кишвари) гум шудани он ва агар шахсе, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, ба сафари хизматӣ омада бошад, он гоҳ номи идораеро, ки ба сафари хизматӣ фиристодааст, нишон дода, хабар медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъҷилан ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гум шудани шиносномаи хориҷӣ иттилоъ медиҳанд.
5. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, агар чунин шаҳрвандон шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта бошанд ё дар ҳолате, ки агар шиносномаи худро дар хориҷа гум карда бошанд, дода мешавад.
Шаҳодатномаи бозгашт ба муддате, ки барои ворид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, аммо на зиёда аз 6 моҳ, дода мешавад.
ТАРТИБИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАҲО
6. Додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин ба ҷо оварда мешавад:
- аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи дархости хаттии роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон дар ҳолати мавҷуд будани даъватнома ва ё қарори ташкилотҳои номбаршуда дар бораи сафари хизматӣ
- аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи илтимосномаи хаттии фирмаҳо, ки бо туризм машғуланд ва аз рӯи аризаҳои шахсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тибқи илтимосномаи намояндагони қонунии онҳо ҳангоми мавҷуд будани даъватнома.
7. Шиносномаҳои дипломатӣ ба ашхоси зерин дода мешаванд:
а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон, мушовирон, Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони идораҳо ва муовинони онҳо, мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
в) ба Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муовинони онҳо
г) ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони ӯ, мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ш. Душанбе;
д) ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирон, котибони якум, дуюм, сеюм, атташеи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳо, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, консулҳои генералӣ, консулҳо, ноиби консулҳо, агентҳои консулгарӣ, котибони консулгариҳои генералӣ, курерҳои дипломатӣ;
е) ба атташеҳои ҳарбӣ ва ёварони онҳо;
ж) ба намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) ба сарварон ва ҳайатҳои дипломатии намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмиллалӣ
и) ба аъзои оилаҳои ашхоси мансабдори зикргардида, ки дар сурати ба хориҷа рафтан , ба синни 18 солагӣ расидаанд;
к) ба роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии давлатӣ.
Иҷозати додани шиносномаҳои дипломатии хориҷӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзурӣ карда мешавад. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатҳо, ки мартабаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтор доранд, шиносномаҳои дипломатӣ умрбодӣ дода мешаванд
Шиносномаҳои хизматӣ ба ашхоси зерин дода мешаванд:
а) ба ашхоси мансабдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ба ашхоси мансабдори муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ тибқи қарори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иҷозати додани шиносномаи хизматии хориҷӣ аз ҷониби муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро назорат мукунад, манзурӣ карда мешавад.
ПУРКУНИИ ШИНОСНОМАҲО
8. Шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ пур карда мешаванд. Маълумоте, ки дар шиноснома сабт карда мешаванд, аз варақаҳои баҳисобгирӣ (маълумот дар бораи шахсе, ки ба хориҷа меравад) ё аз ариза-анкетаҳои аз ҷониби ашхоси онро пуркунанда, ки ба онҳо шиноснома дода мешавад, гирифта мешавад (замима мегарданд). Варақаҳои баҳисобгирӣ ва ариза-анкетаҳо дар мавриди пешниҳоди шиноснома, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷои қайди зисти ӯро тасдиқ мекунад, қабул карда мешаванд.
Матни сабтҳо дар шиносномаҳо бо забони англисӣ такрор мешаванд, номи падар бо забони англисӣ навишта намешавад. Аксҳо (ранга) бояд дар андозаи 35x45 мм. дар шакли "тамомрух" ("анфас") дар коғази беҷило, дар як негатив бидуни кулоҳ ва айнаки сиёҳ (айнакҳои муҳофизатӣ) ва хидматчиёни ҳарбӣ дар либоси мулкӣ аксбардорӣ шаванд.
9. Дар ҳолати додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрвандоне, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ доранд ва ба шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои истиқомати доимӣ мераванд, штампи "барои истиқомати доимӣ" гузошта шуда, дар он хусус, ки шиноснома бар ивази кадом ҳуҷҷат дода шудааст, қайд карда мешавад ва сабт бо имзо ва мӯҳр тасдиқ карда мешавад.
10. Агар шиноснома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда бошад, ба хориҷа барои ба соҳибаш супурдан бо почтаи дипломатӣ фиристода шуда, дар ҳар варақи тозаи он зикр мегардад, ки ҳуҷҷат кай ва ба куҷо ирсол гардидааст ва бо мӯҳру имзо тасдиқ карда мешавад.
11. Аз рӯи қоида ба шиносномаҳо даровардани ислоҳ мумкин нест. Бо тариқи истисно, ислоҳе, ки дар шиноснома ворид мегардад, бояд дар саҳифаи аввали тозаи шиноснома тавзеҳ дода шавад. Тавзеҳот бо имзо ва мӯҳр тасдиқ карда мешаванд.
Шиносномае, ки дар он акси соҳиби шиноснома бо мӯҳр тасдиқ нагардидааст, беэътибор дониста мешавад.
МУҲЛАТИ ЭЪТИБОРИ ШИНОСНОМАҲО
12. Шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол дода мешаванд.
Аризаҳои шаҳрвандон дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ барои будубоши муваққатӣ дар хориҷа дар муддати 15 рӯз, агар сафар бо табобати таъҷилии сафаркунанда ё бемории ҷиддӣ, ё марги хеши дар хориҷа истиқоматкунанда вобаста бошад, дар муддати 3 рӯз баррасӣ карда мешаванд.
Ариза дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ ҷиҳати хориҷ шудан аз Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ дар хориҷа дар муддати се моҳ баррасӣ мешавад.
Илтимоснома дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ, ки корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ки шаҳрвандонро ба хориҷа барои будубоши муваққатӣ мефиристонанд, медиҳанд дар муддати на бештар аз як моҳ баррасӣ мегардад.
ҚАЙДИ АЪЗОИ ОИЛА ДАР ШИНОСНОМА
13. Ҳангоми додани шиносномаи нав кӯдакони то синни 16 солаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамроҳи волидайн ба хориҷа мераванд, дар шиносномаҳои падар ё модар метавонанд номнавис мешаванд.
Кӯдаконе, ки ба хориҷа аз падару модар ҷудо мераванд, дар шиносномаи ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, дар мавриди мавҷуд будани ризоияти дар нотариус тасдиқшудаи волидайн ё намояндагони қонунии онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонанд, номнавис мешаванд. Дар чунин ҳолат дар саҳифаи тозаи шиноснома бо забонҳои тоҷикию англисӣ сабти зайл карда мешавад. "Дар шиносномаи мазкур (ном, номи падар ва соли таваллуди кӯдак) сабт карда шуд". Чунин қайд ҳангоми номнавис шудани кӯдак дар шиносномаи қаблан ба волидайн пуршуда карда мешавад.
Кӯдаконе, ки дар шиносномаҳои хориҷӣ ворид карда мешаванд, сарфи назар аз синну сол, аз падару модар ва ё шахсе, ки ба шиносномаи ӯ ворид мегарданд, ҷудо акс мегиронанд.
Сабт ва акс ҳангоми ворид дар саҳифаи алоҳида бо мӯҳру имзо тасдиқ карда мешавад.
Дар холатҳое, ки кӯдакони то синни 16 сола барои таҳсил, табобат, ба ҷои кори волидайн, инчунин дар дигар ҳолатҳои зарурӣ ба хориҷа мераванд, ба онҳо бо тартиби муқарраргардида шиносномаи алоҳида дода мешавад. Дар ҳолатҳои рафтани кӯдакони ноболиғ ба хориҷа бидуни роҳбалад, онҳо ғайр аз шиноснома бояд бо худ ризоияти дар нотариус расмикунонидашудаи волидайн, ашхоси ба фарзандиқабулкарда, ворис ва сарпарастони худро дошта бошанд.
14. Ворид кардани кӯдакони синни 16 сола ва аз он боло дар шиносномаҳои волидайн ва ашхосе, ки ба хориҷа ҳамроҳи онҳо мераванд, иҷозат дода намешавад.
15. Номнависии кӯдакон дар шиносномаҳо дар мавриди таваллуд шудани онҳо, писархондӣ (духтархондӣ), муқаррар намудани парасторҳо бар онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷо оварда мешавад.
16. Дар мавриди гуногунии табаъияти волидон, шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шиносномаи волидайне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ворид карда мешавад. Сабт намудани кӯдаконе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, манъ аст. Дар чунин ҳолатҳо ба кӯдакон додани шиносномаҳои алоҳида ва ё шаҳодатномаи бозгашт зарур аст.
БАРОВАРДАНИ АЪЗОИ ОИЛА АЗ ШИНОСНОМА
17. Дар ҳолати баровардани узви (аъзо) оила аз шиноснома дар он чунин қайд сабт карда мешавад: "Аз шиносномаи мазкур (фамилия, ном ва соли таваллуди шахси хориҷгардида)" хориҷ карда шудааст" ва бо мӯҳри муассисаи консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои роҳбари он ё бо мӯҳри роҳбари дастгоҳи шӯъбаҳои виза ва бақайдгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо имзои роҳбари он тасдиқ карда мешавад.
БАҲИСОБГИРИИ ШИНОСНОМАҲО, ШАҲОДАТНОМАҲОИ БОЗГАШТ ВА ҲИСОБОТ АЗ РӯИ ОНҲО
18. Муассисаҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии додани шиносномаҳо, шаҳодатномаҳои бозгаштро, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад баҳисобгирии додани шиносномаҳои хориҷиро дар дафтари қайд бо тартиби зерин пеш мебаранд:
а) санаи додан;
б) силсила ва рақами шиноснома;
в) фамилия, ном ва номи падари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ шиноснома дода шудааст;
г) асос барои додани шиноснома .
19. Ирсоли асноди шиносномавӣ ва коргузорӣ аз рӯи онҳо дар муассисаҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи акти қабулу супоридан, дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз рӯи акт бо тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад. Дар бораи хароҷоти шиносномаҳои хориҷӣ ҳар квартал ҳисобот тартиб дода шуда, ҷиҳати тасдиқ ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Акти муассисаи консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду нусха тартиб дода шуда яке аз онҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
НИГОҲДОРИИ ВАРАҚАҲОИ ШИНОСНОМАҲО ВА ШАҲОДАТНОМАҲОИ БОЗГАШТ
20. Варақаҳои шиносномаҳо ва шаҳодатномаҳои бозгашт дар биноҳои махсуси муҷаҳҳаз ҳамчун ҳуҷҷатҳои дорои ҳисоботи қатъӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Варақаҳои вайроншуда тибқи акт, ки дар парвандаҳои муассисаи консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ва дастгоҳҳои Шӯъбаҳои виза ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, нобуд (сӯзонда) карда мешаванд. Акт бо гузашти мӯҳлати муқарраршуда ба бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад. Актро комиссия тартиб медиҳад ва онро роҳбари муассиса тасдиқ мекунад.
БОЗПАС ГИРИФТАН ВА НОБУД КАРДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ БЕЭЪТИБОР
21. Шиносномаҳое, ки ба ивази онҳо шиносномаҳои нав дода мешаванд, инчунин шиносномаҳои ашхосе, ки аз табаъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд ё вафот кардаанд, бояд бозпас гирифта шуда, тибқи акт нобуд (сӯзонда) карда мешаванд ва як нусхаи акт дар парвандаҳои муассисаи консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ва дастгоҳҳои Шӯъбаҳои виза ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуда, бо гузаштани мӯҳлати муқарраршуда ба бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
Акт аз ҷониби комиссия тартиб дода мешавад ва онро роҳбари Идораи консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ ё Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Нобуд сохтани шиносномаҳо на кам аз як маротиба дар ним сол сурат мегирад. Дар акт фамилия, ном, номи падари соҳиби шиноснома аз рӯи алфавит, силсила ва рақами шиноснома, кай ва аз ҷониби кӣ дода шудааст ва бо кадом сабаб шиноснома нест карда мешавад, нишон дода мешавад.
РАДДИ ДОДАН, КАШИДА ГИРИФТАН Ё АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ КАРДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ ХОРИҶӢ
22. Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст додани шиносномаи хориҷӣ барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан дар ҳолатҳои зерин рад карда шавад, агар:
а) ӯ аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани рухсати шаҳрванд ба ин маълумот. Мӯҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, таъсис додааст, дароз карда шавад. Мансубияти маълумот ба маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад мутобиқи конунгузорӣ, ки ҳифзи маълумоти махфиро танзим менамояд, анҷом дода мешавад;
б) нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда бошад - то анҷоми пешбурди парванда;
в) ӯ барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои мӯҳлати ҷазо ё озод шудан аз ҷазо.
г) ӯ аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба дӯшаш гузоштаи суд саркашӣ кунадто иҷрои ӯҳдадориҳо;
д) ӯ дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода бошад;
е) нисбат ба ӯ дар суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад - то ба итмом расидани пешбурди парванда;
ж) ӯ тибқи ҳукми суд ретсидивисти ниҳоят хавфнок дониста шуда бошад ва ё зери назорати маъмурии милитсия қарор дошта бошад - то бартараф гардидани доғи судӣ ва ё ба итмом расиданн мӯҳлати назорат;
з) ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мӯҳлати адои хидмати ҳарбӣ.
Радди додани шиносномаи хориҷӣ тибқи асосҳое, ки дар зербандҳои 2, 3,7 ва 8 ҳамин банд пешбинӣ шудаанд, мутааллиқ ба шикоят нест.
23. Кашида гирифтан ё аз эътибор соқит кардани шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои ба муқобили ӯ оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ анҷом додан мумкин аст.
ПОРЯДОК ВЫДАЧИ ЗАГРАНИЧНЫХ ПАСПОРТОВ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ДОКУМЕНТЫ НА ПРАВО ПЕРЕХОДА ГОСУДАРСТВЕННОЙ ГРАНИЦЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
1. Гражданину Республики Таджикистан для выезда из Республики Таджикистан, проживания за границей и обратного возвращения в Республику Таджикистан может выдаваться:
а) дипломатический паспорт серии "D"
б) служебный паспорт серии "S"
в) общегражданский заграничный паспорт серии "N".
При отсутствии перечисленных документов для возвращения в Республику Таджикистан консульскими учреждениями Министерства иностранных дел выдаются свидетельства на возвращение.
2. В зависимости от цели поездок и служебного положения гражданам Республики Таджикистан, выезжающим за границу, выдаются:
Министерством иностранных дел Республики Таджикистан при выезде граждан Республики Таджикистан в служебные загранкомандировки, на учебу, на работу по межправительственным соглашениям - дипломатический, служебный и общегражданские паспорта.
Министерством внутренних дел Республики Таджикистан при выезде граждан Республики Таджикистан за границу в целях туризма, по частным делам, на постоянное место жительства, на работу, отдых и лечениеобщегражданские паспорта.
3. Выдача паспортов также производится:
а) при изменении служебного положения владельца документов, когда такое изменение требует замены одной серии паспорта на другой;
б) при отсутствии свободных страниц в паспорте для нанесения записей, отметок и виз;
в) при механическом износе паспорта или его непригодности для дальнейшего использования;
г) при утрате паспорта (хищение, утеря и т.д.);
д) при обмене заграничных паспортов;
е) детям при их выписке из паспортов родителей.
4. При утрате заграничного паспорта на территории Республики Таджикистан его владелец должен обратиться в Министерство иностранных дел Республики Таджикистан или Министерство внутренних дел Республики Таджикистан, где первоначально выдан заграничный паспорт.
При утрате заграничного паспорта за границей его владелец должен обращаться в консульское учреждение Республики Таджикистан в стране пребывания. Консульское учреждение немедленно сообщает Министерству иностранных дел Республики Таджикистан с указанием фамилии, имени, отчества лица, утратившего заграничный паспорт, серии и номера заграничного паспорта, место его утраты (страну) и, если потерявший заграничный паспорт прибыл в командировку, то указывается название ведомства, командировавшего его за границу.
Министерство иностранных дел Республики Таджикистан и Министерство внутренних дел Республики Таджикистан немедленно информируют об утрате заграничного паспорта Министерство безопасности Республики Таджикистан.
5. Свидетельство на возвращение в Республику Таджикистан выдается гражданам Республики Таджикистан, возвращающимся в Республику Таджикистан, если такие граждане не имеют заграничные паспорта граждан Республики Таджикистан, или в случае, если они потеряли свои паспорта за границей. Свидетельство на возвращение выдается на срок, необходимый для въезда в Республику Таджикистан, но не свыше 6 месяцев.
ПОРЯДОК ВЫДАЧИ ПАСПОРТОВ
6. Выдача общегражданских заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан производится:
- Министерством иностранных дел Республики Таджикистан по письменным ходатайствам руководителей министерств, государственных комитетов, ведомств, Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, районов республиканского подчинения и других юридических лиц независимо от форм собственности при наличии приглашения или решения вышеперечисленных организаций о командировании;
- Министерством внутренних дел Республики Таджикистан по письменным ходатайствам фирм, занимающихся туризмом и по личным заявлениям граждан Республики Таджикистан или по ходатайству их законных представителей при наличии приглашения.
7. Дипломатические паспорта выдаются: а) Президенту Республики Таджикистан, Руководителю исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и его заместителям, Государственным советникам Президента Республики Таджикистан, заведующему Секретариатом Президента Республики Таджикистан, старшим советникам, советникам, Пресс-секретарю Президента Республики Таджикистан, помощникам Президента Республики Таджикистан, начальникам управлений и их заместителям, заведующим отделами исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
б) Председателю Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Председателю Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, члену Маджлиси милли и депутату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, руководителям аппаратов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
в) Председателю Конституционного Суда Республики Таджикистан, Председателю Верховного Суда Республики Таджикистан, Председателю Высшего Экономического Суда Республики Таджикистан, Генеральному Прокурору Республики Таджикистан, Председатель Совета юстиции Республики Таджикистан и их заместителям
г) Премьер-министру Республики Таджикистан и его первому заместителю и заместителям, заведующему Секретариатом Премьер-министра Республики Таджикистан, министрам и их заместителям, председателям государственных комитетов и их заместителям, председателям комитетов при Правительстве Республики Таджикистан, Председателю Национального Банка Таджикистана, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей и г. Душанбе;
д) послам и посланникам Республики Таджикистан, советникам, первым, вторым и третьим секретарям, атташе Центрального аппарата Министерства иностранных дел Республики Таджикистан, посольств, миссий Республики Таджикистан за границей, генеральным консулам, консулам, вице-консулам, консульским агентам, секретарям генеральных консульств, дипломатическим курьерам;
е) военным атташе и их помощникам;
ж) торговым представителям Республики Таджикистан;
з) главам и дипломатическому составу представительств Республики Таджикистан в международных организациях
и) членам семей перечисленных должностных лиц, достигшим 18-ти лет, в случае выезда за границу;
к) руководителям республиканских государственных учреждений.
Разрешение о выдачи дипломатического заграничного паспорта визируется министром иностранных дел Республики Таджикистан.
Президенту Республики Таджикистан, Председателю Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Председателю Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Премьер-министру Республики Таджикистан и дипломатам, имеющим ранг Чрезвычайного и Полномочного Посла, дипломатические паспорта выдаются пожизненно
Служебные паспорта выдаются:
а) должностным лицам Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Маджлиси Оли Республики Таджикистан, министерств, ведомств, хукуматов областей, городов и районов Республики Таджикистан;
б) должностным лицам негосударственных учреждений и организаций, по решению Министерства иностранных дел Республики Таджикистан.
Разрешение о выдаче служебного заграничного паспорта визируется заместителем министра иностранных дел Республики Таджикистан, курирующим данный вопрос.
ОФОРМЛЕНИЕ ПАСПОРТОВ
8. Заграничные паспорта граждан Республики Таджикистан оформляются на таджикском и английском языках. Данные для внесения в паспорта берутся из учетных карточек (сведения на отъезжающих за границу) или заявления-анкеты, заполняемых лицами, которым выдаются паспорта (прилагаются). Учетные карточки и заявления-анкеты принимаются при предъявлении паспорта, удостоверяющего личность гражданина Республики Таджикистан и место его прописки.
Тексты записей в паспортах дублируются по-английски, отчество по-английски не пишется.
Фотокарточки (цветные), размером 35 х 45 мм, должны быть отпечатаны в "анфас" на матовой бумаге, с одного негатива, без головного убора и темных (защитных) очков, военнослужащие в гражданской одежде.
9. При выписке общегражданских заграничных паспортов гражданам, постоянно проживающим за границей, и гражданам, выезжающим за границу на постоянное жительство, проставляется штамп "на постоянное жительство" и делается запись о том, взамен какого документа выдан паспорт. Запись скрепляется подписью и печатью.
10. Если заграничный паспорт оформлен в Республике Таджикистан и направляется дипломатической почтой за границу для вручения владельцу, на любой свободной странице делается отметка, когда и куда отправлен документ, скрепляемый подписью и печатью.
11. Исправления в паспортах, как правило, не допускаются. Вносимые в паспорта в порядке исключения исправления должны быть оговорены на первой свободной странице паспорта. Оговорки скрепляются печатью и подписью.
Паспорт, в котором фотокарточка владельца не скреплена печатью, считается недействительным.
СРОКИ ДЕЙСТВИЯ ПАСПОРТОВ
12. Заграничные паспорта гражданам Республики Таджикистан выдаются сроком на 5 лет.
Заявление граждан о выдаче заграничных паспортов для временного пребывания за границей рассматривается в течение 15 дней, а если поездка связана со срочным лечением выезжающего, либо серьезной болезнью или смертью родственника, проживающего за границей, - в течение трех дней.
Заявление о выдаче заграничных паспортов для выезда из Республики Таджикистан на постоянное жительство рассматривается в трехмесячный срок.
Ходатайство о выдаче заграничного паспорта, подаваемые предприятием, учреждением, организацией, направляющим гражданина за границу для временного пребывания, рассматривается не более, чем в месячный срок.
ВПИСАНИЕ В ПАСПОРТ ЧЛЕНОВ СЕМЬИ
13. При выдаче нового паспорта дети граждан Республики Таджикистан в возрасте до 16 лет, следующие вместе с родителями за границу, вписываются в паспорт отца или матери.
Дети, следующие за границу отдельно от родителей, вписываются в паспорт лица, которое их сопровождает при наличии нотариально заверенного согласия остающихся в Республике Таджикистан родителей или их законных представителей. В этом случае на чистой странице делается следующая запись на таджикском и английском языках: "В настоящий паспорт вписан (фамилия, имя и год рождения ребенка)". Аналогичная запись делается при вписании ребенка в ранее оформленный паспорт родителя.
Дети, вписываемые в загранпаспорт, фотографируются отдельно от родителей или лица, в паспорт которого они вносятся, независимо от возраста.
Запись и фотография при вписании на отдельной странице, скрепляются подписью и печатью.
В случаях же самостоятельного выезда детей до 16 лет на учебу, на лечение, к месту работы родителей, а также в других необходимых случаях им выдается отдельный паспорт в установленном порядке. В случае выезда несовершеннолетних детей без сопровождения, кроме паспорта они должны иметь при себе нотариально оформленное согласие родителей, усыновителей, опекунов и попечителей.
14. Детей в возрасте 16 лет и старше вписывать в паспорта родителей или лиц, с которыми они следуют, не разрешается.
15. Вписание в паспорт детей производится при их рождении, усыновлении (удочерении), установлении опеки над ними гражданами Республики Таджикистан.
16. При различном гражданстве родителей несовершеннолетний гражданин Республики Таджикистан вносится в паспорт родителя, состоящего в гражданстве Республики Таджикистан. Вписывать детей, являющихся гражданами Республики Таджикистан, в документы сопровождающих их иностранных граждан запрещается. В этих случаях, детям необходимо оформить отдельные паспорта или свидетельство на возвращение.
ВЫПИСКА ИЗ ПАСПОРТА ЧЛЕНОВ СЕМЬИ
17. В случае выписки члена (членов) семьи из паспорта в нем делается следующая запись: "Из настоящего паспорта исключен (фамилия, имя и год рождения исключенного)", скрепляемая печатью консульского учреждения Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и подписью его руководителя или печатью руководителя аппаратов отделов виз и регистрации Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и подписью его руководителя.
УЧЕТ ПАСПОРТОВ, СВИДЕТЕЛЬСТВ НА ВОЗВРАЩЕНИЕ И ОТЧЕТНОСТЬ ПО НИМ
18. Консульские учреждения Министерства иностранных дел Республики Таджикистан ведут учет выдачи заграничных паспортов, свидетельств на возвращение, а Министерство внутренних дел Республики Таджикистан ведет учет выдачи заграничных паспортов в журнале по следующей форме:
а) дата выдачи;
б) серия и номер паспорта;
в) фамилия, имя и отчество гражданина Республики Таджикистан, которому выдан паспорт;
г) основание выдачи паспорта.
19. Передача паспортных документов и делопроизводство по ним в консульских учреждениях Министерства иностранных дел Республики Таджикистан оформляется приемно-сдаточным актом, а в Министерстве внутренних дел Республики Таджикистан по акту в установленном порядке. О расходе заграничных паспортов ежеквартально составляется отчет и представляется для утверждения Министру иностранных дел Республики Таджикистан и Министру внутренних дел Республики Таджикистан. Акт консульского учреждения Министерства иностранных дел Республики Таджикистан составляется в двух экземплярах, один из которых направляется в Министерство иностранных дел Республики Таджикистан.
ХРАНЕНИЕ БЛАНКОВ ПАСПОРТОВ И СВИДЕТЕЛЬСТВ НА ВОЗВРАЩЕНИЕ
20. Бланки паспортов и свидетельств на возвращение хранятся в специально оборудованных помещениях, как документы строгой отчетности.
Испорченные бланки уничтожаются (сжигаются) по акту, который хранится в делах консульского учреждения Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и аппаратов ОВИР Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, по истечении установленного срока сдается в архив Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и Министерства внутренних дел Республики Таджикистан. Акт составляется комиссией и утверждается руководителем учреждения.
ИЗЪЯТИЕ И УНИЧТОЖЕНИЕ НЕДЕЙСТВИТЕЛЬНЫХ ПАСПОРТОВ
21. Паспорта, взамен которых выдаются новые, а также паспорта лиц, вышедших из гражданства Республики Таджикистан или умерших, подлежат изъятию и уничтожению (сжиганию) по акту, один экземпляр которого хранится в делах консульского учреждения Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и аппаратов ОВИР Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и по истечении установленного срока сдается в архив Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.
Акт составляется комиссией и утверждается руководством Министерства иностранных дел или Министерства внутренних дел Республики Таджикистан. Уничтожение паспортов производится не реже одного раза в полугодие. В акте указывается: фамилия, имя, отчество владельца паспорта по алфавиту, серия и номер паспорта, кем и когда выдан, по какой причине уничтожается.
ОТКАЗ В ВЫДАЧЕ И ИЗЪЯТИЕ ИЛИ АННУЛИРОВАНИЕ ЗАГРАНИЧНОГО ПАСПОРТА
22. Гражданину Республики Таджикистан может быть временно отказано в выдаче заграничного паспорта для выезда из Республики Таджикистан в следующих случаях, если:
а) он осведомлен в сведениях, составляющих государственную тайну - до истечения установленного срока с момента прекращения доступа гражданина к этим сведениям. Указанный срок не должен превышать пяти лет, он может быть продлен комиссией, образуемой Правительством Республики Таджикистан в индивидуальном порядке, с учетом подтвержденного факта ознакомления гражданина со сведениями, составляющими государственную тайну. Отнесение сведений к составляющим государственную тайну осуществляется в соответствии с законодательством, регулирующим защиту секретной информации;
б) против него возбуждено уголовное дело - до окончания производства по делу;
в) он осужден за совершение преступления - до отбытия наказания или освобождения от наказания;
г) он уклоняется от исполнения обязательств, наложенных на него судом - до исполнения обязательств;
д) он сообщил о себе заведомо ложные сведения;
е) к нему предъявлен гражданский иск в суде - до окончания производства по делу;
ж) он по приговору суда признан особо опасным рецидивистом или состоит под административным надзором милиции - до погашения (снятия) судимости или прекращения надзора;
з) он в соответствии с законодательством Республики Таджикистан призван на военную службу - до окончания военной службы.
Отказ в выдаче заграничного паспорта по основаниям, предусмотренным подпунктами 2,3,7 и 8 настоящего пункта, обжалованию не подлежит.
23. Изъятие или аннулирование дипломатического паспорта гражданина Республики Таджикистан могут быть осуществлены в случаях возбуждения против него уголовного дела.