Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 № 203 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 294 аз эътибор соқит дониста шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009, №624 "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қоидаҳои мазкур то пурра ҷорӣ шудани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ нисбати шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шаванд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он ҳангоми додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои мазкурро қатъиян дастури амал қарор диҳанд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1999 № 8 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 апрели соли 2009 № 203

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 27 мая 2020 года, №294

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и Свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 52 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях исполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 20 февраля 2009 года №624 "О вводе заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и Свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан (прилагается).

2. Настоящие Правила применять к заграничным паспортам Республики Таджикистан до полного внедрения заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, дипломатическим представительствам и консульским учреждениям Республики Таджикистан за рубежом, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан и его территориальным подразделениям строго руководствоваться данным Правилам при выдаче заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации гражданам Республики Таджикистан.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 февраля 1999 года №8 "Об утверждении Порядка выдачи заграничных паспортов гражданам Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 2 апреля 2009 года № 203

 г. Душанбе