Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002, №325 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд:

1. Банди 7 Ставкаҳои боҷу хироҷи давлатӣ, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993 № 587 "Дар бораи ставкаҳои боҷу хироҷи давлатӣ" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2004 № 338 аз эътибор соқит дониста шуд).

2. Дар Низомномаи шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 № 69 "Дар бораи ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст:

Банди 8 хориҷ карда шавад.

Бандҳои 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15 мутобиқан бандҳои 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14 ҳисобида шаванд.

Дар банди 10 калимаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоме, ки шиносномаи хориҷӣ додааст" иваз карда шавад.

3. Дар Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1999 № 8 тасдиқ шудааст:

Сархати дуюми банди 6 дар таҳрири зерин баён карда шавад: "аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи дархости хаттии роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон дар ҳолати мавҷуд будани даъватнома ва ё қарори ташкилотҳои номбаршуда дар бораи сафари хизматӣ;".

Дар банди 7:

дар зербанди "в" баъд аз калимаҳои "Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

зербанди "з" дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"ба сарварон ва ҳайатҳои дипломатии намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ".

4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 437 "Дар бораи меъёрӣ (лимити) моҳонаи хароҷоти сӯзишворӣ ба як адад нақлиёти сабукравӣ хизматӣ ва истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ" банди 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2. Ҳангоми сафарҳои хизматӣ хароҷоти сӯзишвории як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ мувофиқи варақаи сафар мутобиқ ба меъёри (лимити) хароҷоти сӯзишворӣ барои 100 километр ҳаракати нақлиёти навъи дахлдор, муайян карда шавад.

Барои автомашинаҳои навбатдор ва махсус хароҷоти сӯзишвории як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ бо дарназардошти басти корӣ муқаррар карда шавад.

Хароҷоти иловагӣ дар доираи маблағҳои дар сметаи муассисаҳои дахлдор пешбинигардида анҷом дода шавад".

Бандҳои 2-7 мутобиқан бандҳои 3-8 ҳисобида шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

аз 3 августи соли 2002 № 325

ш. Душанбе

Утратило силу Постановлением Правительства РТ от 02.08.2004г.№ 338

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые решения Правительства Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести изменения и дополнения в следующие решения Правительства Республики Таджикистан:

1. Пункт 7 Ставок государственной пошлины, утвержденных постановлением Совета Министров Республики Таджикистан от 29 ноября 1993 года № 587 "О ставках государственной пошлины" исключить.

2. В Положении о заграничных паспортах граждан Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 февраля 1998 года № 69:

Пункт 8 исключить.

Пункты 9, 10,11, 12, 13, 14, 15 считать соответственно пунктами 8, 9, 10,11,12,13, 14.

В пункте 10 слова "Министерство иностранных дел" заменить словами "орган, принявший загранпаспорт".

3. В Порядок выдачи заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 февраля 1999 года № 8:

Абзац второй пункта 6 изложить в следующей редакции:

"Министерством иностранных дел Республики Таджикистан по письменным ходатайствам руководителей министерств, государственных комитетов, ведомств, Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, районов республиканского подчинения и других юридических лиц независимо от форм собственности при наличии приглашения или решения вышеперечисленных организаций о командировании;".

В пункте 7:

в подпункте "в" после слова "Генеральный прокурор Республики Таджикистан" дополнить словами "Председатель Совета юстиции Республики Таджикистан";

подпункт "з" изложить в следующей редакции:

"главам и дипломатическому составу представительств Республики Таджикистан в международных организациях".

4. Дополнить постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 сентября 2001 года № 437 "О месячных нормах (лимитах) расхода горючего материала на один служебный легковой автомобиль и размерах компенсации за использование личных автомобилей для служебных поездок" пунктом 2 следующего содержания:

"2. При служебных командировках расходы горючего материала на один служебный автомобиль определять согласно путевому листу исходя из нормы расхода горючего материала на 100 километр пробега автомобиля соответствующего типа.

Для дежурных и специальных служебных легковых автомашин расходы горючего материала установить с учетом сменности их работы.

Дополнительные расходы производятся в пределах ассигнований, предусмотренных по смете соответствующих учреждений".

Пункты 2-7 считать соответственно пунктами 3-8.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                      Э.Рахмонов

от 3 августа 2002 года № 325

г.Душанбе