Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби замимагардидаи додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои хориҷии он, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ҳангоми додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби мазкурро қатъиян дастури амал қарор диҳанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 1996 № 39 "Дар бораи тартиби додани паспортҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 феврали соли 1999 № 8
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Порядка выдачи заграничных паспортов гражданам Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемый Порядок выдачи заграничных паспортов гражданам Республики Таджикистан.
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, его загранучреждениям и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, его органам на местах при выдаче заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан строго руководствоваться данным Порядком.
3. Признать утратившим силу Постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 января 1996 года № 39 "О порядке выдачи дипломатических и служебных паспортов Министерством иностранных дел Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 1 февраля 1999 года № 8
г. Душанбе