Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинобар қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд:
1. Дар банди 7 Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1999 №8 "Дар бораи тасдиқи Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст:
зербанди "б" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"б) Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
дар сархати дуюми зербанди "к" калимаҳои "Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 №129 "Дар бораи суғуртаи хатмии давлатии Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
Дар ном ва матн калимаҳои "Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Дар сарсухан калимаҳои "моддаи 108 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Дар банди 2 калимаҳои "музди меҳнати" ба калимаҳои "маоши моҳонаи вазифавӣ" иваз карда шаванд.
Банди 6 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"6. Дар мавриди ба ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зарар расонидан, ҳамчунин дар давраи беморӣ ё ғайри қобили амал донистан ба онҳо суғуртапулии якдаъфаина ба андозаи зайл дода мешавад:
ҳангоми вафот - ба андозаи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;
ба маъюби гурӯҳи якум - ҳаштод фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;
ба маъюби гурӯҳи дуюм - шаст фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;
ба маъюби гурӯҳи сеюм - чил фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола".
Банди 7 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"7. Маблағҳои хароҷотнашуда, ки барои пардохти пули суғурта пешбинӣ шудаанд, ба фонди захиравии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Маблағҳои фонди захиравӣ дар ҳисоби махсуси ташкилоти суғурта дар муассисаҳои бонк нигоҳ дошта, барои пардохти талофии суғуртавии ҳамон соле истифода мешаванд, ки маблағи соли ҷорӣ барои пардохти талофии суғуртавӣ кифоя нест. Маблағи фонди захиравӣ бо қарори Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон фақат ба мақсадҳои муайяншуда истифода мешаванд.".
3. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001 №72 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон":
Сарсатри ҳафтуми Рӯйхати мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешаванд дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Дар Номгӯи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад:
дар сарсатри дуюм калимаи "аъзои"’ ба калимаи "узви" иваз карда шавад;
дар сархати сеюм калимаҳои "вакилони халқӣ" ба калимаи "вакили" иваз карда шавад;
дар сархати дуюми банди 1 Эзоҳ баъд аз калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо," калимаҳои "узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ," илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2002 № 105
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинобар қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд:
1. Дар банди 7 Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1999 №8 "Дар бораи тасдиқи Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст:
зербанди "б" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"б) Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
дар сархати дуюми зербанди "к" калимаҳои "Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 №129 "Дар бораи суғуртаи хатмии давлатии Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
Дар ном ва матн калимаҳои "Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Дар сарсухан калимаҳои "моддаи 108 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Дар банди 2 калимаҳои "музди меҳнати" ба калимаҳои "маоши моҳонаи вазифавӣ" иваз карда шаванд.
Банди 6 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"6. Дар мавриди ба ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зарар расонидан, ҳамчунин дар давраи беморӣ ё ғайри қобили амал донистан ба онҳо суғуртапулии якдаъфаина ба андозаи зайл дода мешавад:
ҳангоми вафот - ба андозаи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;
ба маъюби гурўҳи якум - ҳаштод фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;
ба маъюби гурўҳи дуюм - шаст фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;
ба маъюби гурўҳи сеюм - чил фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола".
Банди 7 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"7. Маблағҳои хароҷотнашуда, ки барои пардохти пули суғурта пешбинӣ шудаанд, ба фонди захиравии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Маблағҳои фонди захиравӣ дар ҳисоби махсуси ташкилоти суғурта дар муассисаҳои бонк нигоҳ дошта, барои пардохти талофии суғуртавии ҳамон соле истифода мешаванд, ки маблағи соли ҷорӣ барои пардохти талофии суғуртавӣ кифоя нест. Маблағи фонди захиравӣ бо қарори Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон фақат ба мақсадҳои муайяншуда истифода мешаванд.".
3. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001 №72 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон":
Сарсатри ҳафтуми Рўйхати мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешаванд дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Дар Номгўи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад: