×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 № 845 "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"

Санаи амалкуни: 25.12.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

(Бо Қонуни ҶТ аз 23.12.2021, №1808 аз эътибор соқит дониста шуд)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

(Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 77, аз 12.05.2007 № 246, аз 6.10.2008 № 421, аз 01.08.2012 № 879, аз 13.06.2013 № 969, аз 27.11.2014 № 1138, № 1139, аз 25.12.2015 № 1266)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мақсади қонуни мазкур

Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

тадбиқи сиёсати давлати дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

тадбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246);

танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, ва пешгири ва қатъ намудани фаъолияти террористи, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм

(Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Моддаи 3. Мафҳуми терроризм

Терроризм - яъне зӯровари ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъи, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқи, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объъктҳои моддии шахсони воқеъи ва ҳуқуқи, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷидди ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъияти, тарсонидани аҳоли ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволи ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлати ё ҷамъияти бо мақсади суст кардани сохти Конститутсиони ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаолияти давлати ё дигар фаъолияти сиёси ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмони ба ходими давлати ё ҷамъияти ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлати ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлати ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёси ё ҷамъияти, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷи ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизмати ё истиқомати ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Моддаи 4. Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд

Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маънои зеринро доранд:

амали террористи - бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористи дар шакли таркиш, оташзани, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядрои, моддаҳои радиактиви, биологи, таксики, заҳрнок сахттаъсир, заҳролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объктҳо; сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлати ҷамъияти, намояндаи милли, этники, дини ё дигар гурӯҳои аҳоли; гаравгонгири, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломати ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногени ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷидди ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин;

ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи-ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 187, 193, 194, 194(1), 194(2), 1943, 194(4), 194(5), 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористи содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгари барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1139);

гурӯҳи террористи- шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористи муттаҳид шудаанд;

террорист - шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти террористи дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;

ташкилоти террористи - ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористи таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилоттеррористи ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медиҳад;

мубориза бар зидди терроризм - фаъолият оиди ошкор, пешгири ва қатъ намудан, то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористи;

амалиёти зиддитеррористи - чораҳои махсус, ки барои пешгирии амали террористи, таъмини амнияти шахсони воқеъи, безарар гардонидани террористон, инчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолитяи террористи анҷом дода мешавад;

минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористи - қитъаҳои алоҳидаи маҳал, воситаҳои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онҳо, ки дар ҳудудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;

гаравгон - шахси воқеъи, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алоҳида барои содир намудани ин ё он ҳаракат ё худдори намудан аз содир намудани ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;

субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда - субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамчунин субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.

Моддаи 5. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм

(Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246)

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷи, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкори менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

ФАСЛИ II. СУБЪЕКТҲОИ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАБАРАНДА

Моддаи 6. Субъектҳои бар зиддитеррори муборизабаранда

Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузори, иҷроия ва суди амали менамояд.

Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.

Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

Моддаи 7. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

(Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246)

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгӯи субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда танҳо тавассути қонун тағйир дода ё илова карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Моддаи 8. Ваколати субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246):

бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаҳои давлати, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро таҳия ва пешниҳод менамояд;

бо тартиби муқараргардида ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм ахборот медиҳад;

фаъолияти субъектҳои бар зидди терроризм муборизабарандаро мутобиқ мегардонад;

иттилоотро оиди ҳолат ва тамоили терроризм, аз он ҷумла иттилооти аз субъектҳои зидди терроризм муборизабаранда ба нуқтаи (банки) мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемаҳои терроризм дохил мешаванд, ҷамъ меоваранд, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;

бо тартиби муқараргардида оиди такмили қонунгузори дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ба ғайр аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амали менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246):

ошкор, пешгири ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи, ки мақсади сиёси, милли, нажоди ё ифроти дини доранд;

ошкор, пешгири ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246);

таъмин намудани амнияти муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисаҳо;

таъмини амнияти объектҳои муҳофизати давлати ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда.

ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кӯшиши рахна намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246);

қатъ намудани ғайриқонунӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246аз 27.11.2014 № 1139).

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгири ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи, ки мақсади ғаразнок доранд, амали менамояд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридҳои зарури ба мақомоти амнияти давлати доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористи кӯмак мерасонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти давлти ва субъектҳои дигари бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми барҳамдиҳии оқибати ҳолатҳои фавқулодда амнияти зиддитеррористии маҳалли корҳои анҷомдиҳи ва садамаю барқарокуниро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассути (Қонуни ҶТ аз 1.03.05с. № 77):

иштирок дар таъмин намудани амнияти зиддитеррористии объектҳои муҳофизатидавлати ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;

иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористи, амали менамояд.

Моддаи 9. Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда

Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ҳизбҳои сиёси, ки бо тартиби муқаррари сабти ном шудаанд;

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷи ҳангоми ошкор, пешгири ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ ва дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246);

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қатъ намудани ғайриқонуни аз сарҳади гумруки гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷанги, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактиви ва дигар предметҳо, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористи истифода шаванд, инчунин бо расондани ёри ба мақомоти амнияти давлати дар мубориза бар зидди фаъолияти террористии байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246аз 27.11.2014 № 1139).

Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иштирок менамоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

ФАСЛИ III. ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТИ ВА ЗИДДИТЕРРОРИСТИ

Моддаи 10. Фаъолияти террористи

Фаъолияти террористи фаъолиятест, ки инҳоро дар бар мегирад:

ташкил, банақшагири, тайёр кардан ва содир намудани амали террористи;

иғво андохтан ба амали террористи, зӯровари ба ашхоси воқеъи ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектҳои модди бо мақсадҳои террористи;

ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди ҷинояткори (ташкилоти ҷинояткори), гурӯҳҳои муташаккил барои содир кардани амали террористи, ҳамчунин иштирок дар чунин амал;

ҷалб кардану мусаллаҳ гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо;

бо маблағ таъмин кардани ташкилоти бараъло террористи ё гурӯҳи террористи ё кӯмаки дигар ба онҳо.

Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналмилалӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналмилалии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналмилалӣ эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246):

аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористи дар қаламрави бештар аз як давлат;

аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;

дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ҳамон як давлат ё давлатҳои гуногун буда, вале ҷиноят дар хориҷи қаламрави ин давлатҳо содир шудааст;

бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқуии байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористи

Фаъолияти зиддитерроисти фаъолиятест, ки бо мақсади ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз фаъолияти террористи ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 13. Принсипҳои фаъолияти зиддитеррористи

Фаъолияти зиддитеррористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1)қонуният;

2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористи;

4) бо ҳам пайвастани усулҳои ошкор ва пинҳонии мубориза бар зидди терроризм;

5) афзалиятнокии муҳофизати ҳуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;

6) қонуни будани расонидани зарар ба террорист;

7) яккасардори дар роҳбарии оперативи ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зидди террористи;

8) пинҳонкории қатъи ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсуси зиддитеррори

ФАСЛИ IV. МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористи

Субектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мқсади ошкор намудани фаолияти террористи ӯҳдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузори аз тамоми қувваю воситаҳо ва шаклу усулҳои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлати ва (ё) мақомоти корҳои дохили аз ҳамаи ҳодисаҳое, ки аломатҳоионҳо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувоҳи медиҳанд, фавран хабар диҳанд.

Давлат муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак мерасонанд, кафолат медиҳад. Бо мақсади ошкор, пешгири ва қатъ намудани фаъолияти террористи бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус таъсис мешавад, ки аз маблағи он барои субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда додани ахбороте, ки тадбиқи он боиси ба ҳабс гирифтан ё маҳкум намудани шахсони иштирокчии фаъолияти террористи ё пешгири ё қатъ кардани амали террористи гардидааст, мукофотпули дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Фош кардани маълумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танҳо бо розигии онҳо мумкин аст.

Моддаи 15. Пешгири намудани фаъолияти террористи

Бо мақсади пешгири намудани фаъолияти террористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо манъ аст:

таъсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотҳое, ки фаолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;

фаолияте, ки ба тарғиби терроризм вобастаги дорад;

вориду хориҷ шудан ё бо транзит тавассути қаламрави ҷумҳури гузаштани шахсоне, ки дар фаъолияти террористи иштирок кардаанд;

додани ҳуҷҷати зист ба шахсоне, ки дар фаъолияти террористи иштирок кардаанд;

ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шаҳрвандони хориҷи, ки дар фаъолияти террористи иштирок кардаанд;

бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он, ки ин маблағҳо барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 969);

аз ҷониби кормандони автовакзалҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва аэровокзалҳо аз мусофирон ба амонат қабул намудани бағоҷ, бори дасти (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадҳо ваколатдори бағоҷхонаҳо);

гузаронидани гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ё пикеткуни дар ҷойҳои муқаррарнашуда.

Ба мақсади пешгири намудани фаъоляти террористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо роҳ дода мешавад:

ҳангоми гузарондани чорабиниҳои ҷамъиятию сиёси ва дигар чорабиниҳои оммави ба муҳофизати тартиботи ҷамъияти ҷалб намудани қувваю воситаҳои иловагии субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда;

мустаҳкам намудани чорабиниҳои муҳофизатию режими дар мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, дар корхонаҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити хист хатари калон доранд;

бо дархости мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷи тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ супурдани шахсоне, ки дар фаъолияти террористи дар қаламрави ин давлатҳо иштирок намудаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246);

ҷамъовари, таҳлил, ҷамъбаст намудани маълумотҳо доир ба ташкилотҳои террористи ва шахсоне, ки дар фаъолияти террористи иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидорави маълумот доир ба проблемаҳои терроризми назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онҳо (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246);

дар назди субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таъсис додани ҷузъу томҳои махсус.

Пешгири намудани фаъолияти террористи, инчунин амали гардонидани дигар чорабиниҳоро низ дар бар мегирад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст,  пешбини кардаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Моддаи 16. Қатъ гардонидани фаъолияти террористи

Хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми қатъ гардонидани фаъолияти террористи умуман ё дигар амали алоҳидаи террористи ӯҳдадоранд бо тартиби пешбини кардаи қонунгузори ҳамагуна чораҳои муқаррар кардаи қонунро истифода баранд.

Моддаи 17. Тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи

Таҳқиқ ва тафтишоти пешаки аз рӯи парвандаҳои ҷинояти оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи аз ҷониби субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфатишони ин субъектҳо бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.07с. № 246).

Моддаи 17(1). Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд

(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 879)

Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд террорист эътироф карда мешаванд. Нусхаи қарорҳои зикргардида барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд шахсони воқеӣ ва ташкилотҳоеро, ки мутобиқи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, дохил менамояд.

Нусха аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумоти зарурӣ дар бораи ин шахсон фавран ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат бо терроризм ва андешидани чораҳо оид ба манъ намудани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони мазкур фиристода мешавад.

Хориҷ намудан аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи мазкур амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 879).

Моддаи 17(2). Манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони бо терроризм алоқаманд

(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 879)

Воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1138).

Мусодираи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз рӯи қарорҳо оид ба террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф намудани онҳо ва оид ба манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва молу мулки дигарашон бо тартиби судӣ шикоят намоянд, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои молиявии манъкардашуда, то мусодира гардидани онҳо, оид ба пардохти хароҷоти хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва таъмини моддию маишии аҳли оила муроҷиат намоянд.

Бекор намудани манъи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 879, аз 27.11.2014 № 1138).

Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1138).

Моддаи 18. Истеҳсолоти суди аз рӯи парвандаҳои ҷинояти оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи

Парвандаҳои ҷинояти оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи, инчунин парвандаҳои граждани дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисҳои пушидаи суди барраси карда шаванд.

ФАСЛИ V. ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИ

Моддаи 19. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористи

Амалиёти зиддитеррористи аз ҷониби субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористи хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субъектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин қонун номбар шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои истиснои ҳайати шахси, қувваю воситаҳои субъектҳои дар қисми якуми моддаи 9 ҳамин қонун номбаршуда ҷалб карда мешаванд.

Амалиёти зиддитеррористи бевосита таҳти роҳбарии ситод, ки бо ҳамин мақсад таъссис дода мешавад, гузаронида мешавад. Дар айни ҳол ҳамаи шахсоне, ки ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ҷалб карда мешаванд, аз лаҳзаи оғози амалиёти мазкур ба роҳбари ситод итоат мекунанд.

Дахолати ҳар гуна шахс ба роҳбарии оперативии амалиёти зиддитеррористи, манъ аст.

Моддаи 20. Минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористи ва режими ҳуқуқии он

Сарҳади минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро роҳбари ситод вобаста ба миқёс ва дараҷаи оқибатҳои хатари ҷмъиятии амали террористи муайян менамояд.

Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористи шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, ҳақ доранд:

дар мавриди зарури барои муваққатан маҳдуд кардан ё манъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ё пиёдагардҳо дар кӯчаҳо ва роҳҳо чораҳо бинанд;

ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад тафтиш кунанд, дар ҳолати набудани чунин ҳуҷҷатҳо бо мақсади муқаррар кардани шахсияти онҳо ин шахсонро дастгир намоянд;

шахсонеро, ки ҳуқуқро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зоҳир менамоянд, ки он ба талаботҳои қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористи халал мерасонад, инчунин амале, ки бе иҷозат барои ворид шудан ё кушиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани амалиёти зидди террористи иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба мақомоти корҳои дохили баранд;

ба биноҳои истиқомати ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият, воситаҳои нақлиёт ҳангоми қатъ намдани амали террористи, таъқиб кардани шахсоне, ки ба содир кардани амали террористи гумонбар мешаванд, агар сусткори ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари воқеи ба вуҷуд оварад, бемамониат ворид шаванд;

ҳангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ва ҳангоми даромадан ба (баромадан аз) минтақаи мазкур воситаҳои нақлиётро ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломати, консули ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷи ва барои дар онҳо кашондашаванда, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техники тафтиш намоянд;

бо мақсадҳои хизмати воситаҳои алоқа, аз ҷумла воситаҳои алоқаи махсуси шаҳрвандон инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;

бо мақсадҳои хизмати воситаҳои нақлиётро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият ман субанд, истифода баранд, ба истиснои воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломати, консули ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷи, дар ҳолатҳои таъҷили бошад, воситаҳои нақлиётии шаҳрвандонро низ барои пешгирии амали террористи таъкиб ва дастгир намудани шахсоне, ки амали террористи содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобати бурдани шахсоне, ки ба ёрии таъҷилии тибби эҳтиёҷ доранд, инчунин барои рафтан баҷои воқеъа, истифода баранд.

Бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои ҷудогонаи он метавонад муваққатан боздошта шавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1266).

Моддаи 21. Маҳдудятҳои дигар ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи

Роҳбари ситод дар минтақаи гузаронидани амали зиддитеррористи ҳақ дорад ба манфиати таъмини амнияти шахси роҳ додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтақа, инчунин фаолияти онҳоро дар бораи додани ахбор ба аҳли ҷамъият оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористи бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки;

тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;

ба тарғиб ва ҳақбаровардани терроризм мусоидат мекунад;

маълумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;

маълумотро, ки сирри давлати мебошад, ошкор менамояд;

маълумотро, ки ошкор кардани он шаъну шарафи гаравгонро паст мезанад, маҳдуд гардонад.

ФАСЛИ VI. ҶУБРОНИ ЗАРАРЕ, КИ ДАР НАТИҶАИ АМАЛИ ТЕРРОРИСТИ РАСОНДА ШУДААСТ. БАРҚАРОРСОЗИИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ АЗ АМАЛИ ТЕРОРИСТИ ЗАРАР ДИДААНД

Моддаи 22. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористи расонда шудааст

Ҷуброни зараре, ки ба шахсони воқеъи ва ҳуқуқи дар натиҷаи амали тераристи расонида шудааст, аз ҳисоби малағи буҷети ҷумҳури ба амал бароварда, баъдан он ба тартиби пешбини кардаи қонунгуории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахси зараррасонда ситонида мешавад.

Моддаи 23. Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амал терористи зарар дидаанд

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амали терористи зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳури бо мақсади баргардонидани онҳо ба ҳаёти мӯътадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии ҳуқуқи, психологи, тибби, барқарорсозии касби, дар ҳолатхои зарури ба кор барқарор кардан, ба онҳо додани манзилро дар бар мегирад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсонеро, ки аз амали терористи зарар дидаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

ФАСЛИ VII. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ИШТИРОК КАРДААНД

Моддаи 24. Шахсоне, ки ба ҳимояи ҳуқуқи ва иҷитмои дахл доранд

Ба ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимои инҳо дахл доранд;

1) хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористи бевосита иштирок кардаанд;

2) шахсони ба мақомоти давлатии барандаи мубориза бо ҷинояткори, пешгири, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти террористи ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои он дар асоси доими ё муваққати кӯмак мерасонанд;

3) шахсони дар бораи фаъолияти террористи ва ҳар гуна дигар вазъият маълумот додаанд ва ахбороти онҳо барои пешгири, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти террористи мусоидат намудааст;

4) аъзоёни оилаҳои шахсоне, ки дар бандҳои 1-3 ҳамин модда номбар шудаанд, агар зарурати таъмини ҳимояи онҳоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.

Моддаи 25. Ҷуброни зарари шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд ва барқарорсозии иҷтимоии онҳо

Зараре, ки ба саломати ё амволи хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда расонда шудааст, ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ҳалок гардидани ин шахсон ҳагоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ё маъюб шудан ё маҷруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюби нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимои бо назардошти статуси ҳуқуқии чунин шахсон, ки қонуҳои дахлдор ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, тадбиқ карда мешаванд.

Зараре, ки ба саломати ё амволи шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда бинобар иштироки онҳо дар мубориза бар зидди терроризм бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Дар сурати ҳалок гардидани шахсони дар бандҳои 2 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ё маъюб шудан ё маҷруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюби нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бори фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи" пешбинигардида, тадбиқ карда мешавад.

Дар сурати ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи маҷруҳ (захмин) шудани шахсони дар бандҳои 3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки боиси маъюби нашудааст, ба онҳо кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо; ҳангоми маҷруҳ (захмин) шудани онҳо ки боиси маъюби шудааст,- дар ҳаҷми панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад, дар сурати ҳалок шудан ба аъзоёни оилаи онҳо дар ҳаҷми якҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо кӯмакпули дода, нафақа бо сабаби гумкардани саробон таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 421).

Барқарорсозии иҷтимоии шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи иштироки онҳо дар амалиёти зиддитеррористи зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳури пардохта мешавад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии ин шахсон, инчунин дар ҳолати ба амнияти онҳо таҳдид кардани хатар, тағйир додани маълумотҳои шиноснома, ҷои истиқомат, кор (таҳсил), тағйир додани андоми ин шахсон бо роҳи тибби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

ФАСЛИ VIII. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТИ ВА ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИ

Моддаи 26. Ҷавобгари барои фаъолияти террористи

Шахсоне, ки ба фаъолияти террористи машғул мешаванд ё бо террористҳо ва ташкилотҳои террористи ёри мерасонанд, инчунин фаъолияти онҳоро тарғиб менамоянд, мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористи набуда, аммо аз номи онҳо амали террористи содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таъмин ва мусаллаҳ гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотҳои террористи ҷавобгар мебошанд.

Шахсоне, дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористи ё шахсони алоҳида ба фаъолияти террористи шарик буда, маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлати хабар надодаанд, тибқи Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 27. Ҷавобгарии ташкилот барои фаъолияти террористи.

Дар сурати аз ҷониби суд террористи эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд барҳам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад.

Моддаи 28. Озодкуни аз ҷавобгари

Шахсоне, ки ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ёри мерасонанд, барои шуғл варзидан бо фаъолияти террористи мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгари озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористи будани онҳо қасдан ҷиноят содир накарда бошанд.

Хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънави, модди ва ҷисмони расонданашон ба террористон бинобар истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки онҳоро қонун пешбини кардааст, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар нестанд.

Шахсоне, ки бо хоҳиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар мақомоти давлати, командирони киштиҳои ҳавои барои қатъ ё пешгири кардани амали террористи ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар намебошанд.

ФАСЛИ IХ. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 29. Ҳисоботи имтиёзноки хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба маоши хизмати

Ба хизматчиёни ҳари, кормандон ва мутахассисоне, ки дар ҷузъу томҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба мӯҳлати хизмати дарозмуддат барои таъмини нафақа як рӯзи хизмат ҳамчун ду рӯз ва ҳангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористи- як рӯзи хизмати ҳачун се рӯз (агар ин мӯҳлатҳо тибқи қонунгузори барои онҳо ба андозаҳои бештар ҳисоб карда нашаванд) ҳисоб карда мешавад ва мутобиқи маоши вазифави ва маоши рутбави меафзояд.

Моддаи 30. Ҳавасманд гардонидани шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд (иштирок намудаанд)

Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористи хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар ҷузъу томҳои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёри расонидаанд, мумкин аст аз ҷониби роҳбарони мақомоти дахлдори давлати бо мукофоти яквақтаи пули ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов

ш.Душанбе

аз 16 ноябри соли 1999 № 845

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мақсади қонуни мазкур

Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

тадбиқи сиёсати давлати дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

тадбиқи ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

ташаккули вазьи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, ва пешгири ва қадь намудани фаьолияти террористи, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Моддаи 2. Асоси ҳуқуқии мубориза зидди терроризм

Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои қонунгузори, ҳамчунин шартномаҳои байналхалқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо аст, ташкил медиҳад.

Моддаи 3. Мафҳуми терроризм

Терроризм - яьне зӯровари ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъи, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқи, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьи ва ҳуқуқи, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷидди ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьияти, тарсонидани аҳоли ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволи ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлати ё ҷамьияти бо мақсади суст кардани сохти Конститутсиони ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлати ё дигар фаьолияти сиёси ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмони ба ходими давлати ё ҷамьияти ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлати ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлати ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьияти, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷи ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояаи байналхалқи қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизмати ё истиқомати ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналхалқи қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқи содир шуда бошанд, мебошад.

Моддаи 4.Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд

Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маънои зеринро доранд:

амали террористи - бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористи дар шакли таркиш, оташзани, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядрои, моддаҳои радиактиви, биологи, таксики, заҳрнок сахттаьсир, заҳролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар обьктҳо; сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлати ҷамьияти, намояндаи милли, этники, дини ё дигар гурӯҳои аҳоли; гаравгонгири, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломати ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногени ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷидди ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин;

ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи-ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179-82; 185; 187; 310 ва 410 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористи содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгари барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;

гурӯҳи террористи- шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористи муттаҳид шудаанд;

террорист - шахсе, ки дар анҷом додани фаъолитяи террористи дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;

ташкилоти террористи - ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористи таьссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилоттеррористи ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медиҳад;

мубориза бар зидди терроризм - фаъолият оиди ошкор, пешгири ва қатъ намудан, то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористи;

амалиёти зиддитеррористи - чораҳои махсус, ки барои пешгирии амали террористи, таъмини амнияти шахсони воқеъи, безарар гардонидани террористон, инчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолитяи террористи анҷом дода мешавад;

минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористи - қитъаҳои алоҳидаи маҳал, воситаҳои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онҳо, ки дар ҳудудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;

гаравгон - шахси воқеъи, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алоҳида барои содир намудани ин ё он ҳаракат ё худдори намудан аз содир намудани ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;

субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда - субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамчунин субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.

Моддаи 5. Ҳамкории байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди террористзм

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналхалқи дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷи, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналхалқии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкори менамояд.

ФАСЛИ II. СУБЪЕКТҲОИ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАБАРАНДА

Моддаи 6. Субъектҳои бар зиддитеррори муборизабаранда

Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузори, иҷроия ва суди амали менамояд.

Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.

Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

Моддаи 7. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз он ҷумла амнияти зидди террористии худро таъминкунанда, дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқи муқаррар намудаанд, инҳоянд:

Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Номгӯи субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда мумкин аст фақат тавассути қонун тағйир дода ё илова карда шавад.

Моддаи 8. Ваколати субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки:

бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаҳои давлати, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро таҳия ва пешниҳод менамояд;

бо тартиби муқараргардида ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм ахборот медиҳад;

фаъолияти субъектҳои бар зидди терроризм муборизабарандаро мутобиқ мегардонад;

иттилоотро оиди ҳолат ва тамоили терроризм, аз он ҷумла иттилооти аз субъектҳои зидди терроризм муборизабаранда ба нуқтаи (банки) мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемаҳои терроризм дохил мешаванд, ҷамъ меоваранд, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;

бо тартиби муқараргардида оиди такмили қонунгузори дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ба ғайр аз ин Вазорати амнитяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амали менамояд:

ошкор, пешгири ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи, ки мақсади сиёси, милли, нажоди ё ифроти дини доранд;

ошкор, пешгири ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқи;

таъмин намудани амнияти муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисаҳо;

таъмини амнияти объектҳои муҳофизати давлати ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгири ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи, ки мақсади ғаразнок доранд, амали менамояд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридҳои зарури ба мақомоти амнияти давлати доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористи кӯмак мерасонад.

Вазорати оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти давлти ва субьектҳои дигари бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми барҳамдиҳии оқибати ҳолатҳои фавқулодда амнияти зидитеррористии маҳалли корҳои анҷомдиҳи ва садамаю барқарокуниро таьмин менамояд.

Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амали менамояд:

ошкор, пешгири ва қать кардани кӯшиши рахна намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;

қать намудани ғайриқонуни ба воситаи Сарҳади давлати гузаронидани яроқ, лавозимоти ҷанги, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактиви, ва дигар предметҳо, ки бо мақомоти террористи истифода шуданашон мумкин аст;

расондани кӯмак ба мақомоти амнияти давлати дар мубориза барзидди фаьолияти террористии байналхалқи;

иштирок дар тайёр кардан ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористи.

Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассути:

иштирок дар таьмин намудани амнияти зиддитеррористии обьектҳои муҳофизатидавлати ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;

иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористи, амали менамояд.

Моддаи 9. Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда

Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки номгӯи онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаьолияти иттиҳодияҳои ҷамьияти ва ҳизбҳои сиёси, ки бо тартиби муқаррари сабти ном шудаанд;

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷи ҳангоми ошкор, пешгири ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқи ва дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

Кумитаи гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қать намудани ғайриқонуни аз сарҳади гумруки гузаронидани яроқ, лавозимоти ҷанги, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактиви ва дигар предметҳо, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористи истифода шаванд, инчунин бо расондани ёри ба мақомоти амнияти давлати дар мубориза бар зидди фаьолияти террористии байналхалқи.

Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қонунгузории ҷинояти-мурофиави ва граждани-мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

ФАСЛИ III. ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТИ ВА ЗИДДИТЕРРОРИСТИ

Моддаи 10. Фаъолияти террористи

Фаъолияти террористи фаъолиятест, ки инҳоро дар бар мегирад:

ташкил, банақшагири, тайёр кардан ва содир намудани амали террористи;

иғво андохтан ба амали террористи, зӯровари ба ашхоси воқеъи ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектҳои модди бо мақсадҳои террористи;

ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди ҷинояткори (ташкилоти ҷинояткори), гурӯҳҳои муташаккил барои содир кардани амали террористи, ҳамчунин иштирок дар чунин амал;

ҷалб кардану мусаллаҳ гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо;

бо маблағ таъмин кардани ташкилоти бараъло террористи ё гурӯҳи террористи ё кӯмаки дигар ба онҳо.

Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналхалқи

Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналхалқии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналхалқи эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад:

аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористи дар қаламрави бештар аз як давлат;

аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;

дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ҳамон як давлат ё давлатҳои гуногун буда, вале ҷиноят дар хориҷи қаламрави ин давлатҳо содир шудааст;

бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқуии байналхалқи.

Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористи

Фаъолияти зиддитерроисти фаъолиятест, ки бо мақсади ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз фаъолияти террористи ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 13. Принсипҳои фаъолияти зиддитеррористи

Фаъолияти зиддитеррористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1)қонуният;

2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористи;

4) бо ҳам пайвастани усулҳои ошкор ва пинҳонии мубориза бар зидди терроризм;

5) афзалиятнокии муҳофизати ҳуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;

6) қонуни будани расонидани зарар ба террорист;

7) яккасардори дар роҳбарии оперативи ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зидди террористи;

8) пинҳонкории қатъи ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсуси зиддитеррори

ФАСЛИ IV. МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористи

Субектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мқсади ошкор намудани фаолияти террористи ӯҳдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузори аз тамоми қувваю воситаҳо ва шаклу усулҳои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлати ва (ё) мақомоти корҳои дохили аз ҳамаи ҳодисаҳое, ки аломатҳоионҳо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувоҳи медиҳанд, фавран хабар диҳанд.

Давлат муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак мерасонанд, кафолат медиҳад. Бо мақсади ошкор, пешгири ва қать намудани фаьолияти террористи бо тартиби муайянкардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус таьсис мешавад, ки аз маблағи он барои суьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда додани ахбороте, ки тадбиқи он боиси ба ҳабс гирифтан ё маҳкум намудани шахсони иштирокчии фаьолияти террористи ё пешгири ё қать кардани амали террористи гардидааст, мукофотпули дода мешавад.

Фош кардани маьлумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танҳо бо розигии онҳо мумкин аст.

Моддаи 15. Пешгири намудани фаьолияти террористи

Бо мақсади пешгири намудани фаьолияти террористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мань аст:

таьсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотҳое, ки фаолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;

фаолияте, ки ба тарғиби терроризм вобастаги дорад;

вориду хориҷ шудан ё бо транзит тавассути қаламрави ҷумҳури гузаштани шахсоне, ки дар фаьолияти террористи иштирок кардаанд;

додани ҳуҷҷати зист ба шахсоне, ки дар фаьолияти террористи иштирок кардаанд;

ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шаҳрвандони хориҷи, ки дар фаьолияти террористи иштирок кардаанд;

аз ҷониби кормандони автовакзалҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва аэровокзалҳо аз мусофирон ба амонат қабул намудани бағоҷ, бори дасти (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадҳо ваколатдори бағоҷхонаҳо);

гузаронидани гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ё пикеткуни дар ҷойҳои муқаррарнашуда.

Ба мақсади пешгири намудани фаъоляти террористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо роҳ дода мешавад:

ҳангоми гузарондани чорабиниҳои ҷамьиятию сиёси ва дигар чорабиниҳои оммави ба муҳофизати тартиботи ҷамьияти ҷалб намудани қувваю воситаҳои иловагии субьектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда;

мустаҳкам намудани чорабиниҳои муҳофизатию режими дар мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, дар корхонаҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити хист хатари калон доранд;

бо дархости мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷи тибқи меьёрҳои ҳуқуқи байналхалқи супурдани шахсоне, ки дар фаьолияти террористи дар қаламрави ин давлатҳо иштирок намудаанд;

ҷамьовари, таҳлил, ҷамьбаст намудани маьлумотҳо доир ба ташкилотҳои террористи ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористи иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидорави маьлумот доир ба проблемаҳои терроризми назди Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онҳо;

дар назди субьектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таьсис додани ҷузьу томҳои махсус.

Пешгири намудани фаьолияти террористи, инчунин амали гардонидани дигар чорабиниҳоро низ дар бар мегирад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд.

Моддаи 16. Қать гардонидани фаьолияти террористи

Хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони субьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми қать гардонидани фаьолияти террористи умуман ё дигар амали алоҳидаи террористи ӯҳдадоранд бо тартиби пешбини кардаи қонунгузори ҳамагуна чораҳои муқаррар кардаи қонунро истифода баранд.

Моддаи 17. Тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи

Таҳқиқ ва тафтишоти пешаки аз рӯи парвандаҳои ҷинояти оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи аз ҷониби субьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфатишони ин субьектҳо бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории ҷинояти-мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 18. Истеҳсолоти суди аз рӯи парвандаҳои ҷинояти оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи

Парвандаҳои ҷинояти оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористи, инчунин парвандаҳои граждани дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисҳои пушидаи суди барраси карда шаванд.

ФАСЛИ V. ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИ

Моддаи 19. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористи

Амалиёти зиддитеррористи аз ҷониби субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористи хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субьектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин қонун номбар шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои истиснои ҳайати шахси, қувваю воситаҳои субъектҳои дар қисми якуми моддаи 9 ҳамин қонун номбаршуда ҷалб карда мешаванд.

Амалиёти зиддитеррористи бевосита таҳти роҳбарии ситод, ки бо ҳамин мақсад таъссис дода мешавад, гузаронида мешавад. Дар айни ҳол ҳамаи шахсоне, ки ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ҷалб карда мешаванд, аз лаҳзаи оғози амалиёти мазкур ба роҳбари ситод итоат мекунанд.

Дахолати ҳар гуна шахс ба роҳбарии оперативии амалиёти зиддитеррористи, манъ аст.

Моддаи 20. Минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористи ва режими ҳуқуқии он

Сарҳади минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро роҳбари ситод вобаста ба миқёс ва дараҷаи оқибатҳои хатари ҷмъиятии амали террористи муайян менамояд.

Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористи шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, ҳақ доранд:

дар мавриди зарури барои муваққатан маҳдуд кардан ё манъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ё пиёдагардҳо дар кӯчаҳо ва роҳҳо чораҳо бинанд;

ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад тафтиш кунанд, дар ҳолати набудани чунин ҳуҷҷатҳо бо мақсади муқаррар кардани шахсияти онҳо ин шахсонро дастгир намоянд;

шахсонеро, ки ҳуқуқро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зоҳир менамоянд, ки он ба талаботҳои қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористи халал мерасонад, инчунин амале, ки бе иҷозат барои ворид шудан ё кушиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани амалиёти зидди террористи иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба мақомоти корҳои дохили баранд;

ба биноҳои истиқомати ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият, воситаҳои нақлиёт ҳангоми қатъ намдани амали террористи, таъқиб кардани шахсоне, ки ба содир кардани амали террористи гумонбар мешаванд, агар сусткори ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари воқеи ба вуҷуд оварад, бемамониат ворид шаванд;

ҳангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ва ҳангоми даромадан ба (баромадан аз) минтақаи мазкур воситаҳои нақлиётро ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломати, консули ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷи ва барои дар онҳо кашондашаванда, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техники тафтиш намоянд;

бо мақсадҳои хизмати воситаҳои алоқа, аз ҷумла воситаҳои алоқаи махсуси шаҳрвандон инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;

бо мақсадҳои хизмати воситаҳои нақлиётро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият ман субанд, истифода баранд, ба истиснои воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломати, консули ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷи, дар ҳолатҳои таьҷили бошад, воситаҳои нақлиётии шаҳрвандонро низ барои пешгирии амали террористи таькиб ва дастгир намудани шахсоне, ки амали террористи содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобати бурдани шахсоне, ки ба ёрии таьҷилии тибби эҳтиёҷ доранд, инчунин барои рафтан баҷои воқеьа, истифода баранд.

Моддаи 21. Маҳдудятҳои дигар ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи

Роҳбари ситод дар минтақаи гузаронидани амали зиддитеррористи ҳақ дорад ба манфиати таьмини амнияти шахси роҳ додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтақа, инчунин фаолияти онҳоро дар бораи додани ахбор ба аҳли ҷамьият оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористи бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки;

тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;

ба тарғиб ва ҳақбаровардани терроризм мусоидат мекунад;

маълумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;

маълумотро, ки сирри давлати мебошад, ошкор менамояд;

маълумотро, ки ошкор кардани он шаьну шарафи гаравгонро паст мезанад, маҳдуд гардонад.

ФАСЛИ VI. ҶУБРОНИ ЗАРАРЕ, КИ ДАР НАТИҶАИ АМАЛИ ТЕРРОРИСТИ РАСОНДА ШУДААСТ. БАРҚАРОРСОЗИИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ АЗ АМАЛИ ТЕРОРИСТИ ЗАРАР ДИДААНД

Моддаи 22. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористи расонда шудааст

Ҷуброни зараре, ки ба шахсони воқеьи ва ҳуқуқи дар натиҷаи амали тераристи расонида шудааст, аз ҳисоби малағи буҷети ҷумҳури ба амал бароварда, баьдан он ба тартиби пешбини кардаи қонунгуории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахси зараррасонда ситонида мешавад.

Моддаи 23. Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амал терористи зарар дидаанд

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амали терористи зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳури бо мақсади баргардонидани онҳо ба ҳаёти мӯьтадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии ҳуқуқи, психологи, тибби, барқарорсозии касби, дар ҳолатхои зарури ба кор барқарор кардан, ба онҳо додани манзилро дар бар мегирад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсонеро, ки аз амали терористи зарар дидаанд, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

ФАСЛИ VII. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ИШТИРОК КАРДААНД

Моддаи 24. Шахсоне, ки ба ҳимояи ҳуқуқи ва иҷитмои дахл доранд

Ба ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимои инҳо дахл доранд;

1) хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористи бевосита иштирок кардаанд;

2) шахсони ба мақомоти давлатии барандаи мубориза бо ҷинояткори, пешгири, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористи ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои он дар асоси доими ё муваққати кӯмак мерасонанд;

3) шахсони дар бораи фаьолияти террористи ва ҳар гуна дигар вазьият маълумот додаанд ва ахбороти онҳо барои пешгири, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористи мусоидат намудааст;

4) аъзоёни оилаҳои шахсоне, ки дар бандҳои 1-3 ҳамин модда номбар шудаанд, агар зарурати таьмини ҳимояи онҳоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.

Моддаи 25. Ҷуброни зарари шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд ва барқарорсозии иҷтимоии онҳо

Зараре, ки ба саломати ё амволи хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда расонда шудааст, ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ҳалок гардидани ин шахсон ҳагоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ё маъюб шудан ё маҷруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюби нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимои бо назардошти статуси ҳуқуқии чунин шахсон, ки қонуҳои дахлдор ва дигар санадҳои меьёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, тадбиқ карда мешаванд.

Зараре, ки ба саломати ё амволи шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда бинобар иштироки онҳо дар мубориза бар зидди терроризм бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Дар сурати ҳалок гардидани шахсони дар бандҳои 2 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи ё маъюб шудан ё маҷруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюби нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бори фаьолияти оперативи-ҷустуҷӯи" пешбинигардида, тадбиқ карда мешавад.

Дар сурати ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористи маҷруҳ (захмин) шудани шахсони дар бандҳои 3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки боиси маъюби нашудааст, ба онҳо кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми сад маоши ҳадди ақал; ҳангоми маҷруҳ (захмин) шудани онҳо ки боиси маъюби шудааст,- дар ҳаҷми панҷсад маоши ҳадди ақал дода мешавад, дар сурати ҳалок шудан ба аъзоёни оилаи онҳо дар ҳаҷми якҳазор маоши ҳадди ақал кӯмакпули дода, нафақа бо сабаби гумкардани саробон таьин карда мешавад.

Барқарорсозии иҷтимоии шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи иштироки онҳо дар амалиёти зиддитеррористи зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳури пардохта мешавад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии ин шахсон, инчунин дар ҳолати ба амнияти онҳо таҳдид кардани хатар, тағйир додани маьлумотҳои шиноснома, ҷои истиқомат, кор (таҳсил), тағйир додани андоми ин шахсон бо роҳи тибби аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

ФАСЛИ VIII. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ФАЬОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТИ ВА ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИ

Моддаи 26. Ҷавобгари барои фаьолияти террористи

Шахсоне, ки ба фаъолияти террористи машғул мешаванд ё бо террористҳо ва ташкилотҳои террористи ёри мерасонанд, инчунин фаъолияти онҳоро тарғиб менамоянд, мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористи набуда, аммо аз номи онҳо амали террористи содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таъмин ва мусаллаҳ гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотҳои террористи ҷавобгар мебошанд.

Шахсоне, дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористи ё шахсони алоҳида ба фаъолияти террористи шарик буда, маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлати хабар надодаанд, тибқи Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 27. Ҷавобгарии ташкилот барои фаъолияти террористи.

Дар сурати аз ҷониби суд террористи эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд барҳам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад.

Моддаи 28. Озодкуни аз ҷавобгари

Шахсоне, ки ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ёри мерасонанд, барои шуғл варзидан бо фаъолияти террористи мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгари озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористи будани онҳо қасдан ҷиноят содир накарда бошанд.

Хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънави, модди ва ҷисмони расонданашон ба террористон бинобар истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки онҳоро қонун пешбини кардааст, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар нестанд.

Шахсоне, ки бо хоҳиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар мақомоти давлати, командирони киштиҳои ҳавои барои қать ё пешгири кардани амали террористи ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар намебошанд.

ФАСЛИ IХ. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 29. Ҳисоботи имтиёзноки хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба маоши хизмати

Ба хизматчиёни ҳари, кормандон ва мутахассисоне, ки дар ҷузьу томҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба мӯҳлати хизмати дарозмуддат барои таъмини нафақа як рӯзи хизмат ҳамчун ду рӯз ва ҳангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористи- як рӯзи хизмати ҳачун се рӯз (агар ин мӯҳлатҳо тибқи қонунгузори барои онҳо ба андозаҳои бештар ҳисоб карда нашаванд) ҳисоб карда мешавад ва мутобиқи маоши вазифави ва маоши рутбави меафзояд.

Моддаи 30. Ҳавасманд гардонидани шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд (иштирок намудаанд)

Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористи хизматчиёни ҳарби, кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар ҷузъу томҳои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёри расонидаанд, мумкин аст аз ҷониби роҳбарони мақомоти дахлдори давлати бо мукофоти яквақтаи пули ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

аз 16 ноябри соли 1999 № 845