ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ"
Моддаи 1. Дар моддаи 17(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №11, мод. 275; с. 2005, №3, мод. 116; с. 2007, №5, мод. 355; с. 2008, №10, мод. 802; с. 2012, №8, мод. 816; с. 2013, №6, мод. 407) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар қисмҳои якум ва чорум калимаи "қонунгузории" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шавад;
- қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
27 ноябри соли 2014 № 1138
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни "Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 15 октябри соли 2014 № 1613
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 729
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БОРЬБЕ С ТЕРРОРИЗМОМ"
Статья 1.Внести в статью 17(2)Закона Республики Таджикистан от 16 ноября 1999 года "О борьбе с терроризмом" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., №11, ст. 275; 2005 г., №3, ст. 116; 2007 г., №5, ст. 355; 2008 г., №10, ст. 802; 2012 г., №8, ст. 816; 2013 г., №6, ст. 407) следующие изменения и дополнения:
- в частях первой и четвертой слово "законодательством" заменить словами "нормативными правовыми актами";
- дополнить частью пятой следующего содержания:
"Порядок проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом, определяется Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 ноября 2014 года, № 1138
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с терроризмом"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с терроризмом".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 15 октября 2014 года, № 613
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с терроризмом"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с терроризмом", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с терроризмом".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 20 ноября 2014 года №729