Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 879 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №11, мод. 275; с. 2005, №3, мод. 116; с. 2007, №5, мод. 355; с. 2008, №10, мод. 802) моддаҳои 17(1) ва 17(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 17(1). Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд

Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд террорист эътироф карда мешаванд. Нусхаи қарорҳои зикргардида барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд шахсони воқеӣ ва ташкилотҳоеро, ки мутобиқи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, дохил менамояд.

Нусха аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумоти зарурӣ дар бораи ин шахсон фавран ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат бо терроризм ва андешидани чораҳо оид ба манъ намудани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони мазкур фиристода мешавад.

Хориҷ намудан аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17(2). Манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони бо терроризм алоқаманд

Воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд.

Мусодираи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз рӯи қарорҳо оид ба террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф намудани онҳо ва оид ба манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва молу мулки дигарашон бо тартиби судӣ шикоят намоянд, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои молиявии манъкардашуда, то мусодира гардидани онҳо, оид ба пардохти хароҷоти хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва таъмини моддию маишии аҳли оила муроҷиат намоянд.

Бекор намудани манъи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

1 августи соли 2012, № 879

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 20 июни соли 2012, № 858

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 378