ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №11 мод. 275; соли 2005, №3, мод.116) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати дуюми моддаи 1 ва моддаи 3, минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "байналхалқии" ва "байналхалқӣ" мутаносибан ба калимаҳои "байналмилалии", "байналмилалӣ" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
3. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 7. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда
Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
...