ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 408; с. 1998, № 10, мод.76; с. 1999, № 6, мод. 166; с. 2000, № 11, мод. 521; с. 2001, № 7, мод. 481; с. 2004, № 2, мод. 39; с. 2006, № 4, мод. 197; с. 2013, № 7, мод. 540)
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 580, аз 30.06.1999 № 814, аз 29.11.2000 № 12, аз 06.08.2001 № 35, аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014, аз 02.01.2019 № 1572, аз 24.12.2022 № 1948)
Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу оҷил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд ():
- абонент - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад;
- нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) - ба масофаи муайян пахш намудани ахбори овозӣ ва (ё) тасвирӣ тавассути шабакаҳои алоқа, ки теъдоди номаҳдуди воситаҳои телевизиону радио қабул мекунанд ();
- шабакаи нашри барнома - маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио пешбинӣ шудаанд ();
хориҷ карда шуд ();
- пахш - ба масофаи муайян интиқол додани барномаҳои телевизион ё радио тавассути воситаҳои техникии алоқа;
- пахши мустақим - пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио бе сабти пешакии онҳо ();
- интиқоли пахш - тавассути воситаҳои иловагии телевизиону радио пахш кардани барномаҳо ба мақсади зиёд намудани масофаи қабули онҳо;
хориҷ карда шуд ();
- ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ - шахси ҳуқуқиест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуали иҷозатнома дорад ();
- воситаҳои пахшкунии телевизион ва радио - пахш ва қабули ҳар навъ аломати сигналҳои тасвирӣ ва сабтӣ тавассути воситаҳои электромагнитии алоқаи кайҳонӣ, ноқилӣ, оптикӣ, радиоӣ ();
- воситаҳои техникии пахши барномаҳо - маҷмӯи таҷҳизоти радиоэлектронӣ ва техникие, ки тавассути онҳо барномаҳо ба истифодабарандагон расонида мешаванд;
- маҳсулоти аудиовизуалӣ - асарҳои аз силсилаҳои кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техники таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консертӣ ва ғайра) (, ).
Моддаи 2. Доираи амали қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҳамаи намудҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси маҳдуд (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ ва маъмурӣ), дӯстдорони алоқаи радиоӣ, радиоспорт ё дигар намудҳои алоқа, ки дар асоси даъвати фардӣ ё барои паҳни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умумӣ равона нашудаанд ва барои кирои (прокати) ғайримавҷии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбиқ мешавад (, ).
Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуалӣ, ки дар Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад.
Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавонӣ бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабакаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ().
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:
- воқеънигорӣ;
- ҳақиқатнигорӣ;
- ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор;
- озодона иброз намудани фикру ақида;
- эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ;
- қатъиян риоя намудани одоби касбӣ ().
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад ().
Моддаи 5. Ваколатҳои давлат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
Давлат сиёсати соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва асосҳои қонунгузории иҷрои онро муайян намуда, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ маблағ ҷудо мекунад, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони ин соҳаро таъмин менамояд, ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро карда, иштироки онро дар созмонҳои байналмилалӣ ташкил менамояд, ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ амалӣ мегардонад ().
Моддаи 5.1 Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ().
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад ():
- таҳия ва таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ;
- назорат ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ;
- назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;
- вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда.
Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (
Моддаи 6. Манъи дахолат ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст (, ).
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи тағйир додан ва дигар намудани сохтори ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавониро надоранд ().
Моддаи 7. Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.
Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Маҷмӯи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиошунавонии ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд ().
Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи бартарӣ доштан дар истифодаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дода мешавад.
Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ инҳоянд:
- сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд ();
- таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, публицистӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ, шавқангез, варзишӣ ва сайёҳӣ ();
- инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд ().
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ВА ҚАТЪ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд ().
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад
Моддаи 12. Иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио
Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад
Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад (
хориҷ карда шуд (
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА НАВЪҲОИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
Моддаи 14. Оғози нашри барномаҳо
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани иҷозатнома (литсензия) оғоз намояд ().
Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иҷозатнома (литсензия) надоранд ().
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худӣ ё иҷорагирифта амалӣ мегардонанд ().
Соҳиби иҷозатнома (литсензия) ҳақ надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иҷора диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иҷозатнома (литсензия) зикршуда паҳн намояд ().
Моддаи 15. Нишонаҳои нашр
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рӯз ном ва дигар маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд (.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр
Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад (
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ доранд, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон моликӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода кунанд ().
Моддаи 17. Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник
Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он паҳн кардани барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ();
- табодули барномаҳо байни ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дигар.
Тартиби пахши барномаҳоро тавассути спутник Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (
Моддаи 18. Нашри барномаҳо тавассути кабел (сим)
Шабакаи нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мешавад. Тартиби истифодаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (
Ташкилоте, ки соҳиби шабакаи бисёрбарномавӣ аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентҳои худ барномаҳои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.
Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио
Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд.
Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд.
Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.
Моддаи 21. Нашри иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ вазифадоранд, ки изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд ().
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо роҷеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ ба ин мақсад ба зиммаи мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд ().
Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ дар давраи маъракаҳои интихоботӣ
Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (.
Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ
Пахши барнома аз ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси ҳаҷми умумии барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад ().
Пахши барнома аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маҷлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ сурат мегирад ().
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ бо талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳороти расмӣ оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт ҷудо мекунанд ().
Моддаи 24. Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" амалӣ карда мешавад (.
Моддаи 25. Қароргоҳҳои мухбирон
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои мухбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ буда, манфиатҳои онро пуштибонӣ мекунанд (.
Моддаи 26. Намояндагӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 27. Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзӯъ, мазмуни мухтасар, рӯзи интишор, вақти оғозу анҷоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд (
Тартиб, мӯҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки қадру қимати бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ ВА КОРМАНДОНИ ОНҲО
Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд ().
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он инҳоро иҷозат диҳад:
- пахши мустақими (интиқоли пахш) барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурӯхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ-драмавӣ, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудааст (.
Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд (:
- барои истифодаи порчаҳои мухтасар - на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);
- ба мақсадҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ муносибатҳои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд ().
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад:
- маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент за шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд(;
- маҳсулоти телевизион ва радиоро бе иҷозати соҳибонашон нусхабардорӣ кунад, намоиш диҳад ва фурӯшад ().
Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиҷаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.
Моддаи 29. ӯҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадор аст:
- ахбори ҳаққониро паҳн намояд;
- ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;
- талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;
- абонентҳоро пешакӣи аз тағйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити интишори онҳо воқиф намояд;
- талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд ().
Моддаи 30. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.
Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд (.
Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхӯронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхӯрон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъин мегардад ().
Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад (.
Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад (.
Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 32. Маблағгузории ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (.
Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчунин инҳо буда метавонанд:
- пардохти ҳаққи абонентӣ;
- фаъолияти рекламавӣ ва тиҷоратӣ;
- барномаҳои фармоиши телевизион ва радио;
- таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо (;
- нашри рӯзнома, маҷалла, бюллетенҳои иттилоотӣ ва китобҳо;
- истеҳсол, фурӯш ва кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир (;
- ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулакӣ;
- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбинӣ кардааст;
- маблағҳои спонсорҳо, мақомоти давлатӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида.
БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд ().
Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти мухбирони хориҷии телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (
Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
Моддаи 36. Асосҳои аз ҷавобгарӣ озод намудан
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони он барои паҳн намудани маълумоте, ки ба маълумоти воқеӣ мутобиқат надорад, дар ҳолатҳои зерин аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:
- агар ин маълумот дар ахбори расмӣ интишор ёфта бошад (
- агар маълумот аз агентиҳои давлатӣ ё маркази матбуоти мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои шаҳрвандон гирифта шуда бошад (;
- агар маълумот ҳангоми пахши мустақим бар хилофи нияти муаллифон паҳн шуда бошад (;
- агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад (.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
14 декабри соли 1996 № 382
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О телевидении и радиовещании
(в редакции законов РТ от 2 мая 1998 г. N580, от 30 июня 1999 г.N 814, от 29 ноября 2000 г. N 12, от 6 августа 2001 г.N 35, от 28 февраля 2004г. N 7, от 29 апреля 2006г. №184, от 22.07.2013г.№1014, от 02.01.2019г.№1572, от 24.12.2022 №1948)
Настоящий Закон регулирует деятельность телевизионных и радиовещательных организаций (телерадиоорганизаций) на территории Республики Таджикистан, определяет правовые, экономические, социальные, организационные условия их функционирования, направленные на реализацию свободы слова, прав граждан на получение полной, достоверной и оперативной информации, на открытое и свободное обсуждение общественных процессов.
Глава 1. Общие положения
Статья 1. Основные понятия
В настоящем Законе используются следующие основные понятия
- абонент - юридическое и физическое лицо, принимающее программы телерадио;
- вещание (телевещание радиовещание) - передача на расстояние звуковой и (или) зрительной информации посредством каналов связи и принимаемая любым количеством телерадоиприемников;
- канал вещания - совокупность технических средств, предназначенных для трансляции теле- и радиопередач;
- исключен
- трансляция - распространение телевизионных или радиовещательных программ с помощью технических средств связи;
- прямая трансляция - непосредственное распространение теле- или радиопередач без предварительной записи и монтажа;
- ретрансляция - передача дополнительным передатчиком телерадиоинформации с целью увеличения дальности приема телерадиопередач;
- исключен
- телерадиоорганизация - юридическое лицо, имеющее лицензию на производство и (или) распространение (трансляцию) радиотелепрограмм и аудиовизуальную продукцию;
- телекоммуникация - передача и прием любых знаков, сигналов изображений и звука с помощью электромагнитных средств связи спутниковой, кабельной, оптической и радиосвязи;
- технические средства вещания - совокупность радиоэлектронных и технических устройств при помощи которых программы и передачи доводятся до потребителей;
- аудиовизуальная продукция произведения, состоящие из систем связанных между собой кадров (для видеоизображения со звуком или без звука), предусмотренные для трансляции и приёма с помощью соответствующих технических средств (аудиовидеофильмы, кинофильмы, постановка, реклама, концертные программы и т.д.)().
Статья 2. Сфера действия настоящего Закона
Действие настоящего Закона распространяется на все виды телерадиоорганизаций, независимо от организационно - правовой формы, за исключением специальных телевизионных и радиовещательных систем закрытого типа (производственных, технологических, учебных, служебных), радиолюбительской связи, радиоспорта или иных видов связи, действующие на основе индивидуального вызова либо используемые для распространения информации специального назначения и не рассчитанные на массовый прием их передач, деятельности по не эфирному прокату видео- и аудиопродукции в разных учреждениях
Настоящий Закон применяется в отношении вещателей и производителей аудиовизуального произведения, учрежденных в Республике Таджикистан, а для учрежденных вне ее пределов - только в части, касающейся распространения их информации в Республике Таджикистан
Положения настоящего Закона для эфирного радиовещания применяются в полном объеме при осуществлении телерадиовещания с использованием кабельной, проводной, спутниковой, многоканальной, цифровой, компьютерной, включая интернет, и иных сетей, если законом не установлено иное
Статья 3. Принципы деятельности телерадиоорганизации
Принципами деятельности телерадиоорганизаций в Республики Таджикистан являются:
- объективность информации;
- достоверность;
- права граждан на получение информации;
- свободное выражение (своих) взглядов и мнений;
- уважение общечеловеческих норм морали;
- строгое соблюдение профессиональной этики.
Статья 4. Законодательство Республики Таджикистан о телевидении и радиовещании
Законодательство Республики Таджикистан о телевидении и радиовещании основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном
Статья 5. Полномочия государства в области телевидения и радиовещания
Государство определяет политику в области телевидения и радиовещания, законодательные основы ее реализации, координирует деятельность министерств, ведомств, других органов исполнительной власти в этой сфере, обеспечивает материально-техническую базу государственных телерадиоорганизаций, социальную и правовую защиты их работников, выполнение международных обязательств Республики Таджикистан, участие в деятельности международных организаций и осуществляет международное сотрудничество в области телевидения и радиовещания.
Статья 5.1. Государственное регулирование и контроль в области телерадиовещания
Государственное регулирование и контроль в области телерадиовещания осуществляет Правительство Республики Таджикистан через Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан
Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан в пределах своей компетенции осуществляет следующие функции
- разработка и обеспечение реализации государственной политики в области телевидения и радиовещания;
- контроль за соблюдением телерадиоорганизациями требований настоящего Закона;
- контроль вышедших в эфир телерадиопрограмм, телерадиопередач, информации и за техническим качеством вещания;
- иные функции, предусмотренные законом.
Положение о Комитетом по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан утверждается Правительством Республики Таджикистан
Статья 6. Запрещение вмешательства в творческую деятельность телерадиоорганизаций
Вмешательство государственных органов, местных исполнительных органов государственной власти, их должностных лиц, политических партий, общественных объединений и физических лиц в творческую деятельность телерадиоорганизаций,государственная цензура и преследование за критику запрещается
Местные органы государственной власти не имеют право вносить изменения в структуру государственных телерадиоорганизаций
Статья 7. Система телерадиоорганизаций
Систему телерадиоорганизаций Республики Таджикистан составляют государственные и негосударственные телерадиоорганизации.
Статья 8. Государственные телерадиоорганизации
Государственными телерадиоорганизациями Республики Таджикистан являются республиканское (таджикское) телевидение и радиовещание Горно-Бадахшанской автономной области, областей,города Душанбе и сетевое радиовещание других городов и районов республики, содержащиеся за счет государственного бюджета
Государственным телерадиоорганизациям предоставляются приоритетное право на пользование государственными телерадиосетями.
Статья 9. Основные задачи государственных телерадиоорганизаций
Основными задачами государственных телерадиоорганизаций являются:
-оперативное информирование радиослушателей и телезрителей об общественно-политических и иных событиях в Республики Таджикистан и за рубежом, распространение официальных сообщений, решений органов законодательной, исполнительной и судебной властей, подлежащих официальному распространению;
- создание и распространение экономических, публицистических, культурно-образовательных, учебных, развлекательных, и туристических программ
- освещение государственной символики Республики Таджикистан;
- содействие укреплению международных связей Республики Таджикистан.
Статья 10. Неправительственные телерадиоорганизации
Неправительственные телерадиоорганизации организации, которые зарегистрированы согласно законодательства Республики Таджикистан и действуют на основе лицензии, выданной в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан и самофинансирования
Глава 2. Порядок учреждения, лицензирования и прекращения деятельности организации телевидения и радиовещания
Статья 11. Учреждение и государственная регистрация организации телевидения и радиовещания
Организации телевидения и радиовещания учреждаются в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан для юридических лиц
Государственная регистрация организации телевидения и радиовещания, учетная регистрация их представительств и филиалов осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей ( №1948).
Статья 12. Лицензирование деятельности в области телерадиовещания
Лицензирование деятельности организаций в области телерадиовещания осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности
Статья 13. Прекращение деятельности телерадиоорганизации
Деятельности телерадиоорганизации прекращается по решению их учредителей (соучредителей) или суда, о чем уведомляется Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан
исключена
Глава 3. Организация и виды телерадиовещания
Статья 14. Начало вещания
Телерадиоорганизация имеет право начать вещание с момента получения лицензии.
Владелец технических средств вещания или организации, эксплуатирующая их, не имеют права предоставлять эти средства в пользование телерадиоорганизациями, не имеющим лицензии.
Владелец лицензии не имеет права передавать канал вещания другим лицам, а также распространять передачи на территорию, не указанную в лицензии.
Телерадиоорганизации транслируют передачи посредством своих или арендованных технических средств
Статья 15. Выходные данные
Телерадиоорганизация обязана ежедневно сообщать в эфир свое название и другие выходные (позывные, эмблемы) данные.
Статья 16. Право и порядок использования каналов вещания
Порядок использования каналов вещания определяется Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан по согласованию с Службой связи при Правительстве Республики Таджикистан
Телерадиоорганизации имеют право на использование частот предназначенных для вещания, телерадиокоммуникаций, а также на владение, распоряжение и использование технических средств вещания по договору с владельцем этих средств.
Статья 17. Спутниковое телерадиовещание
Система спутникового телерадиовещания в Республики Таджикистан используется в целях:
- распространения на всей территории Республики Таджикистан или в отдельных ее регионах программ телерадиоорганизаций, зарегистрированных в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан
- обмена программами и передачами между телерадиоорганизациями Республики Таджикистан и других государств.
Порядок использования спутникового вещания устанавливается Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан, по согласованию Службой связи при Правительстве Республики Таджикистан
Статья 18. Кабельное (проводное) вещание
Сети кабельного (проводного) вещания создаются по разрешению местных исполнительных органов государственной власти. Порядок использования этих сетей определяется Комитетом по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан, по согласованию с Службой связи при Правительстве Республики Таджикистан().
Телерадиоорганизация многопрограммного кабельного вещания обязана обеспечить своим абонентам трансляцию программ государственного вещания.
Статья 19. Язык телерадиопрограмм
Телерадиоорганизации ведут вещание на государственном языке, а также на других языках.
Статья 20. Право на получение информации
Телерадиоорганизации, их работники имеют право на получение от государственных органов, объединений граждан, предприятий, учреждений, организаций необходимой информации для осуществления своей деятельности в порядке, предусмотренном действующим законодательством Республики Таджикистан. Должностные лица, предоставляющие информацию, несут ответственность за ее достоверность.
Споры в связи с нарушением требований этой статьи рассматриваются судом.
Статья 21. Передача официальных сообщений и иной обязательной информации
Государственные телерадиоорганизации обязаны передавать официальные сообщения Президента Республики Таджикистан, совместных заседаний Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан, Конституционного суда Республики Таджикистан на территории всей страны
Телерадиоорганизации, независимо от форм собственности, не имеют право отказываться от распространения сообщения о чрезвычайных обстоятельствах. Право на использование телевидения и радиовещания с этой целью принадлежит органам и должностным лицам, уполномоченным принимать решения в условиях чрезвычайных обстоятельств.
Статья 22. Использование телевидения и радиовещания в период избирательных компаний
Порядок использования телевидения и радиовещания в период избирательных компаний определяется центральной комиссией по выборам и проведению референдумов в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.
Статья 23. Представление эфирного времени для официальных выступлений и заявлений
Трансляция совместных заседаний Маджлиси милли и Маджлиси Намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, сессий Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан проводится государственными телерадиоорганизациями в пределах установленного объема вещания и общего финансирования
Трансляция сессий Маджлиса народных депутатов ГорноБадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района государственными телерадиоорганизациями осуществляется на основе договора между соответствующими уровнями Маджлиса и телерадиоорганизации
По требованию Президента Республики Таджикистан, Председателя Маджлиси милли и Председателя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Премьер-министра Республики Таджикистан и Председателя Конституционного суда Республики Таджикистан государственные телерадиоорганизации предоставляют им время для официальных выступлений по наиболее важным вопросам государственной жизни
Статья 24. Использование рекламы в организациях телевидения и радиовещания
Использование рекламы в организациях телевидения и радиовещания осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О рекламе
Статья 25. Корреспондентские пункты
Телерадиоорганизации имеют право в установленном порядке открывать корреспондентские пункты на территории Республики Таджикистан и за ее пределами, которые являются структурными подразделениями (филиалом) телерадиоорганизации и представляют ее интересы.
Статья 26. Аккредитация
Телерадиоорганизации имеют право аккредитовать при государственных органах и объединении граждан творческие группы и отдельных работников. Порядок аккредитации творческих групп и отдельных работников телерадиоорганизации устанавливается Правительством Республики Таджикистан.
Статья 27. Хранение телерадиопередач
Телерадиоорганизации обязаны хранить аудио- и видеозаписи телерадиопрограмм в течение месяца после их выхода в эфир и вести их регистрацию, при которой фиксируется тема, краткое содержание, дата выхода в эфир, время начала и окончания, фамилии авторов, редактора телерадиопрограмм.
Порядок, сроки и условия долгосрочного хранения телерадиопередач, представляющих историческую, художественную, культурную или иную ценность, определяются Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан().
Глава 4. Права и обязанности телерадиоорганизаций и их работников
Статья 28. Права телерадиоорганизации
Телерадиоорганизации могут производить телерадиопрограммы или использовать программы аудиовизуальных произведений других организаций, имеющих лицензию
Телерадиоорганизации имеют авторское право на создание передач (фильмов) а также им в соответствии с заключенными договорами представляется авторское право.
Телерадиоорганизация вправе разрешать другим телерадиоорганизациям, юридическим и физическим лицам в Республики Таджикистан и за границей:
-трансляцию (ретрансляцию) своих передач (фильмов) и программ, воспроизведение, тиражирование или продажу произведенных записей передач (фильмов), программ, являющихся ее собственностью, а также записей музыкальных и литературно-драматических произведений в студии или в зрелищных учреждениях.
Без согласия телерадиоорганизации допускается использование ее передач (фильмов) и программ в следующих случаях:
-для использования кратких отрывков - не более пяти минут из каждой передачи (фильмов);
-для учебных целей в учебных заведениях.
Государственные телерадиоорганизации могут осуществлять свои взаимоотношения с другими предприятиями, учреждениями, организациями на договорной основе
Телерадиоорганизация не имеет права:
- разглашать сведения, составляющие государственную или другую охраняемую законом тайну, сообщения или иные материалы, призывающие к насильственному свержению или изменению конституционного строя, организации вооруженных групп, порочащие честь и достоинство государства, Президента и граждан, пропагандирующие войну, насилие и жестокость, терроризм и экстремизм во всех их проявлениях, расовую, национальную вражду, местничество, религиозную и культовую исключительность и нетерпимость, порнографию, унижающие мораль общества, способствующие совершению других уголовно наказуемых деяний
-тиражировать, показывать, реализовывать теле-радио продукцию без разрешения их собственников
В случае использования она имеет право на возмещение убытков, причиненных в результате нарушения ее прав.
Статья 29. Обязанности телерадиоорганизаций
Телерадиоорганизация обязана:
- распространять объективную информацию;
- не создавать помех в передаче и приеме программ других телерадиоорганизаций;
- соблюдать требования государственных стандартов технологий и технических параметров телерадиовещания;
- предупреждать заранее абонентов об изменении телерадиопередач, а также условий их вещания;
- соблюдать требования, установленные законодательством Республики Таджикистан
Статья 30. Права и обязанности работников телерадиоорганизации
Права и обязанности творческих работников телерадиоорганизации определяются положениями или уставами телерадиоорганизаций.
Статья 31. Социальная защищенность работников телерадиоорганизаций
Работники государственных телерадиоорганизаций при исполнении служебных обязанностей находятся под защитой государства.
В случае гибели работников государственных телерадиоорганизаций Республики Таджикистан в связи с исполнением служебных обязанностей семье погибшего или его иждивенцам выплачивается единовременное пособие в размере десятикратного годового должностного оклада погибшего по последней занимаемой должности. Иждивенцам назначается пенсия по случаю потери кормильца в размере среднемесячного заработка погибшего.
При получении работником государственных телерадиоорганизаций Республики Таджикистан в связи с исполнением служебных обязанностей телесных повреждений, исключающих для него возможность в дальнейшем заниматься профессиональной деятельностью, указанному лицу выплачивается единовременное пособие в размере пятикратного годового денежного содержания по последней занимаемой должности.
При нанесении работнику государственных телерадиоорганизаций Республики Таджикистан иных телесных повреждений ему выплачивается единовременное пособие в размере пятикратной среднемесячной заработной платы.
Порядок выплаты указанных в настоящей статье сумм определяется Правительством Республики Таджикистан.
Статья 32. Финансирование государственных телерадиоорганизаций
Государственные телерадиоорганизации финансируются за счет государственных бюджетных ассигнований
Источниками дополнительных доходов государственных телерадиоорганизаций также могут быть:
-абонентная плата;
-рекламная и коммерческая деятельность;
-заказные телерадиопередачи;
-производство телерадиопередач и видеофильмов;
-издание газет, журналов, информационных бюллетеней, книг;
-производство, реализация и прокат аудиовидеокассет;
-организация платных спектаклей, концертов и других зрелищных мероприятий;
-внешнеэкономическая деятельность и иные виды деятельности, предусмотренные законодательством;
-средства, полученные от спонсоров, государственных органов, благотворительных и иных общественных фондов, а также отдельных граждан.
Глава 5. Международное сотрудничество в области телевидения и радиовещания
Статья 33. Международное сотрудничество телерадиоорганизации
Международное сотрудничество организаций телевидения и радиовещания осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан и международными правовыми актами, признанными Таджикистаном
Статья 34. Деятельность представителей зарубежных телерадиоорганизаций на территории Республики Таджикистан
Аккредитация зарубежных корреспондентов телевидения и радиовещания проводится Министерством иностранных дел Республики Таджикистан по согласованию с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан по согласованию с Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан
Правовое положение представителей зарубежных телерадиоорганизаций, аккредитованных в Республики Таджикистан, определяется Правительством Республики Таджикистан.
Глава 6. Заключительные положения
Статья 35. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона
Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона, привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан
Статья 36. Основания освобождения от ответственности
Телерадиоорганизация и ее работники не несут ответственности, в случаях:
-если эти данные содержались в официальных сообщениях;
-если они получены от государственных агентств или пресслужбы государственных органов и органов объединений граждан;
-если сведения распространены в процессе прямой трансляции вопреки замыслу авторов;
-если эти данные публиковались другими средствами массовой информации и при этом сделана ссылка на источник.
Президент
Республики Таджикистан Э.РАХМОНОВ
г.Душанбе,
14 декабря 1996 г. № 382
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О введении в действие Закона Республики Таджикистан "О телевидении и радиовещании"
Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
1.Ввести в действие Закон Республики Таджикистан "О телевидении и радиовещании" со дня официального опубликования.
2.Привести Постановление Правительства Республики Таджикистан в соответствие с Законом Республики Таджикистан "О телевидении и радиовещании".
Председатель
Маджлиси Оли Республики Таджикистан С.РАДЖАБОВ
г. Душанбе, 14 декабря 1996 г. № 382