Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2026, № 507 "Дар бораи Нақшаи амали солҳои 2026-2027 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали солҳои 2026-2027 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Нақшаи амали солҳои 2026-2027 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:

-ҷиҳати маблағгузории Нақшаи амали мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, ҷалби сармоя ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳои зарурӣ андешанд;

-ҳар нимсола оид ба амалигардонии Нақшаи амали мазкур ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз амалигардонии Нақшаи амали мазкурро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4.Банди 33 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №545 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«33. Маблағи умумӣ барои амалигардонии Барнома дар ҳаҷми 195,6 миллион сомонӣ муайян шудааст, ки он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои шарикони рушд, маблағҳои бахши хусусӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома иборат аст аз:

-маблағҳои буҷети давлатӣ - 38,4 миллион сомонӣ;

-маблағҳои шарикони рушд - 153,0 миллион сомонӣ;

-маблағҳои бахши хусусӣ - 4,2 миллион сомонӣ.»;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Плане действий на 2026-2027 годы Государственной программы развития женского предпринимательства в Республике Таджикистан на период до 2027 года

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить План действий на 2026-2027 годы Государственной программы развития женского предпринимательства в Республике Таджикистан на период до 2027 года (приложение 1).

2.Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:

- принять необходимые меры по финансированию настоящего Плана действий в пределах предусмотренных средств государственного бюджета, привлечения инвестиций и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан;

- каждые полгода о ходе реализации настоящего Плана действий представлять информацию в Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.

3.Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, как координирующему органу обеспечить реализацию настоящего Плана действий и о результатах ежегодно до 1 марта представлять информацию Правительству Республики Таджикистан.

4.Пункт 33 Государственной программы развития женского предпринимательства в Республике Таджикистан на период до 2027 года, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 ноября 2023 года, №545 «О Государственной программе развития женского предпринимательства в Республике Таджикистан на период до 2027 года», изложить в следующей редакции:

«33. Общая сумма на реализацию Программы определена в размере 195,6 миллионов сомони, которая будет осуществлена за счет средств государственного бюджета, средств партнеров по развитию, средств частного сектора и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан. Основные источники финансирования Программы состоят из:

- средств государственного бюджета - 38,4 миллионов сомони;

- средств партнеров по развитию - 153,0 миллионов сомони;

- средств частного сектора - 4,2 миллионов сомони.».

5.Во втором предложении пункта 41 слова и цифры «2026 и 2027» заменить цифрами «2026-2027».

...