Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 295 "Дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 дар марҳилаи дуюм дар солҳои 2026-2027 ва ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 418"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 дар марҳилаи дуюм дар солҳои 2026-2027 ва ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №418


Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 дар марҳилаи дуюм дар солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи амали мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 15 декабр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 10 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Нақшаи амали мазкур маълумот пешниҳод намояд.

4. Дар банди 28 замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» аз 31 августи соли 2023, № 418 калимаҳои «се» ва «ва» мувофиқан ба калимаи «ду» ва аломати нимтире «-» иваз карда шаванд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 295


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане действий Государственной программы репродуктивного здоровья на 2023-2027 годы во втором этапе в 2026-2027 годах и внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2023 года, №418

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План действий Государственной программы репродуктивного здоровья на 2023-2027 годы во втором этапе в 2026-2027 годах (прилагается).

2. Соответствующим министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти принять меры по выполнению настоящего Плана действий и ежегодно до 15 декабря предоставлять в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан информацию о проведенной работе.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 10 января представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящего Плана действий.

4. В пункте 28 приложения 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2023 года, №418 «О Государственной программе репродуктивного здоровья на 2023-2027 годы» слова «три» и «и» соответственно заменить словом «два» и знаком дефис «-».

Председатель
Правительства Республики
Таджикистан                   Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №295



...