Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 294 "Дар бораи Нақшаи амали Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 дар солҳои 2026-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 дар солҳои 2026-2028


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 дар солҳои 2026-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми таҳияи барномаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои ояндаи кўтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат, лоиҳаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ нишондиҳандаҳои дар Нақшаи амали мазкур пешбинишударо ба назар гиранд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати амалигардонии Нақшаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 10 январ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардонии Нақшаи мазкур ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

5. Банди 27 Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №630 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«27. Маблағи умумӣ барои амалисозии Барнома дар ҳаҷми 183 миллион сомонӣ муайян шудааст, ки он аз сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ ва маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷудошаванда амалӣ карда мешавад. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома иборат аст аз:

- маблағҳои шарикони рушд – 165 миллиону 719 ҳазор сомонӣ;

- маблағҳои буҷетӣ – 17 миллиону 281 ҳазор сомонӣ.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане действий Среднесрочной государственной программы по защите населения и территорий от чрезвычайных ситуаций на 2023-2028 годы в 2026-2028 годах

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План действий Среднесрочной государственной программы по защите населения и территорий от чрезвычайных ситуаций на 2023-2028 годы в 2026-2028 годах (прилагается).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики при разработке программ прогнозов социально-экономического развития на краткосрочную и среднесрочную перспективы, проектов республиканского и местного бюджетов принять во внимание показатели, предусмотренные в настоящем Плане действий.

3. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики принять необходимые меры по реализации настоящего Плана и ежегодно до 10 января представить информацию в Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан.

4. Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящего Плана.

5. Пункт 27 Среднесрочной государственной программы по защите населения и территорий от чрезвычайных ситуаций на 2023-2028 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2022 года, №630 «О среднесрочной государственной программе по защите населения и территорий от чрезвычайных ситуаций на 2023-2028 годы», изложить в следующей редакции:

«27. Общая сумма на реализацию Программы определена в размере 183 миллионов сомони которая будет реализована за счет внутренных и иностранных инвестиций и средств государственного бюджета, ежегодно выделяемых Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти. К основным источникам финансирования Программы относятся:

- средства партнеров по развитию – 165 миллионов 719 тысяч сомони;

- бюджетные средства – 17 миллионов 281 тысяч сомони.».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


...