Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, № 630
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, № 630
Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026
№ 294)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 (минбаъд - Барнома) дар асоси афзалиятҳои калидӣ ва ҳадафҳои мақсадноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №602 тасдиқ шудааст (минбаъд - Стратегияи миллӣ), бо дарназардошти муносибатҳои нави Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, ки ба гузаронидани таваҷҷуҳ аз идоракунии офатҳои табиӣ ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани нақши омили гендерӣ ва ҳамгироӣ ба сиёсати ширкати бахши хусусӣ равона гаштаанд, таҳия карда шудааст.
2. Барнома мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолият, инчунин воситаҳои амалисозии онро барои давраи миёнамуҳлат то соли 2028 муайян менамояд. Нақшаи амали Барнома барои давраи солҳои 20232025 ва 2026-2028 ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, воситаҳои ниҳодӣ, таҳияи муносибатҳои нави методологӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, эҷоди тамсилаи мониторинг ва арзёбӣ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ имконияти заминаи мустаҳкам гузоштанро доранд, равона карда шудааст.
3. Таваҷҷуҳи афзалиятнок дар давраи миёнамуҳлат ба тақвияти тадбирҳо оид ба коҳиш додани хавфҳо, осебпазирӣ ва афзоиши иқтидори аҳолӣ, таҳкими воситаҳои миллӣ дар шароити ҳамгиросозии масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, хусусан дар сатҳи маҳаллӣ, гузаронидани санҷиши усулҳои амалии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таҳия ва ҷорисозии методология ва воситаҳои аз назари илмӣ асоснок барои ба ҳисоб гирифтани маълумоти ҷудошуда оид ба талафот аз офатҳои табиӣ аз рӯйи ҷинс, синну сол, маъюбият, мубодилаи он ва иттилооти дигари оморӣ, мукаммалгардонии тамсиласозӣ, баҳодиҳӣ, харитасозӣ ва мониторинги хавфи офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳсозии барвақтӣ, ки намудҳои мухталифи таҳдидҳоро фаро мегиранд, амалиёти ба пешгирӣ ва омодагӣ ба эътиногирӣ ба ҳолатҳои фавқулода нигаронида, ки дар натиҷаи на танҳо офатҳои табиӣ, балки дар натиҷаи эпидемияҳо ва пандемияҳо, омилҳои номусоиди иқтисодӣ ва ғайра ба амал меоянд, равона карда мешавад.
2. ТАҲДИДҲОИ АСОСӢ ВА АРЗЁБИИ ВАЗЪИЯТ ДАР СОҲАИ ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳое мансуб мебошад, ки бештар аз ҳама зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дошта, сафарбаркунии самарабахши захираҳои мавҷудаи инсонӣ ва иқтисодиро барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ тақозо мекунад. Дар солҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии ҳарорати миёнаи солона, тағйирёбии ҳаҷми боришот, давраҳои бештар бо шароити шадиди обу ҳаво (жола, бориши барф, хушксолӣ) ба назар мерасад. Ҳамаи ин метавонад ба захираҳои табиӣ, саломатии инсон ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири бештар расонад.
5. Таҳдидҳои асосӣ дар соҳаи хавфи офатҳои табиӣ, ки ба вазъи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулода таъсир мерасонанд, инҳо мебошанд:
- офатҳои табиӣ;
...