Фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №1/22 "Дар бораи Қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ"

Санаи амалкуни: 04.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 сентябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ № 1302

АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ 
180.080.040.
(фармоиш аз 01.09.2025 № 1/12)

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва банди 10 Низомномаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, № 798 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани гардиши ҳуҷҷати электронӣ тибқи Қоидаҳои мазкур омӯзиши кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба роҳ монад.

3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед


ш. Душанбе, аз 4 июли соли 2024, №1/22

 

Зарегистрированно Министерством юстиции

Республики Таджикистан от 6 сентября 2024 года,

регистрационный номер№ 1302.

АГЕНТСТВА ИННОВАЦИЙ И ЦИФРОВЫХ ТЕХНОЛОГИЙ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Типовых правилах в сфере электронного документооборота
180.080.040.

В соответствии со статьёй 5 Закона Республики Таджикистан «Об электронном документе и электронной подписи» и пунктом 10 Положения об Агентстве инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан, утвержденного указом Президента Республики Таджикистан от 27 марта 2024 года, №798,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Типовые правила в сфере электронного документооборота (прилагаются).

2. Управлению регулирования оборота электронного документа и электронной подписи Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан совместно с Открытым акционерным обществом «Удостоверяющие центры, государственные услуги и разработка цифровых программ» в целях улучшения электронного документооборота в соответствии с настоящим Правилам проводить обучение сотрудников структурных подразделений центральных и местных органов государственной власти.

3. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя директора Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан – куратора отрасли.

Директор Агентства инноваций
и цифровых технологий при 
Президенте Республики Таджикистан       Мирзо Хуршед


г.Душанбе от 4 июля 2024 года, №1/22