Фармоиши Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2025, № 1/12 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармоишҳои директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11-уми сентябри соли 2025, №№ 13021,13051, 13071

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармоишҳои директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон

180.080.040.

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 10 Низомномаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, № 798 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:


1.Ба Қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ, ки бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №1/22 «Дар бораи Қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми сентябри соли 2024-ум, №1302 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) бандҳои 71 , 72, 73 ва 74 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«71. Ҳамаи маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тавассути низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ирсол мегарданд, дар маркази ягонаи давлатии коркарди маълумот (минбаъд – маркази коркарди маълумот)-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказонидашуда нигоҳ дошта мешаванд.

72. Маркази коркарди маълумот корҳои зеринро таъмин менамояд:

- нигоҳдорию дастрасии шабонарузӣ ва нусхабардории эҳтиётии ҳуҷҷатҳои электронӣ;

- мутобиқат ба талаботи амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла сертификатсия аз рӯйи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ;

- муҳофизат аз дастрасии беиҷозат, тобоварӣ ба хатогиҳо ва амнияти ҷисмонии инфрасохтори серверӣ;

- нигоҳ доштани таърихи амал (аудити лог)-ҳои ҳамаи амалиётҳо дар низом.

73. Оператор барои кори мунтазами маркази коркарди маълумот, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ масъул аст.

74. Дар ҳолати муваққатан дастнорас будани маркази коркарди маълумот, оператор ба таври худкор гузаришро ба инфрасохтори эҳтиётӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи маълумотро таъмин менамояд.»;

2) ба банди 28 сархатҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- низомро танҳо дар доираи ваколатҳо ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;

- ҳатман рамзи утоқи шахсии худро иваз намуда, аз дастрасии шахсони бегона махфӣ нигоҳ доранд ва логину рамзи худро ба шахсони дигар надиҳанд;

- дар ҳолати гум шудан ё ошкор шудани рамз фавран ба оператор хабар диҳанд;

- аз ворид шудан ба низом тавассути шабакаҳои интернетии ройгон (wifi) худдорӣ намоянд;

- ҳангоми ворид шудан ба низом тавассути компютер (дастгоҳҳои мобилию планшетӣ)-и шахсони дигар, пас аз анҷоми кор ҳатман аз утоқи шахсии худ бароянд;

- ҳангоми кор бо низом талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи сирри хизматӣ ва маълумоти шахсиро риоя намуда, маълумотро бе иҷозати расмӣ нусхабардорӣ, паҳн ё тағйир надиҳанд;

- аз амалиётҳое, ки метавонанд кори устувори низомро халалдор созанд (масалан, ворид кардани файлҳои зараровар, истифодаи барномаҳои номаълум) худдорӣ намоянд;

- дар ҳолати пайдошавии хато, вайроншавӣ ё мушкили техникӣ фавран ба оператор хабар диҳанд;»;

3)банди 281 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«281. Дар сурати мавҷуд набудан ё қатъи пайвастшавӣ ба шабакаи байналмилалии интернет иштирокдори ҳамкории иттилоотӣ уҳдадор аст, амалҳои зеринро ба роҳ монад:

- фавран оператор ва ташкилкунандаро дар бораи имконнопазирии пайвастшавӣ огоҳ кунад;

- барои идомаи кори бефосила дар низом шабакаҳои алтернативии алоқаро истифода барад (интернети мобилӣ ё вайфай);

- барқарорсозии пайвасти устувори интернетро дар муддати на бештар аз 2 рӯзи корӣ таъмин намояд;

- дар сурати имконнопазирии барқарорсозии оперативӣ муваққатан гардиши ҳуҷҷатҳоро дар шакли коғазӣ ба роҳ монда, ҳатман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро на дертар аз 1 рӯзи корӣ аз лаҳзаи барқароркунии алоқа дар низоми ягона ба қайд гиранд.»;

4)дар қисми муқаддимавии банди 29 калимаи «операторҳо» ба калимаи «оператор» иваз карда шавад;

5)банди 311 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«311. Барои ҳамаи амалҳо ва ҳуҷҷатҳои вориднамуда дар низом истифодабаранда шахсан ҷавобгар буда, истифодаи низом бо мақсадҳои ғайриқонунӣ ё берун аз ваколат манъ аст.».

2.Ба Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, ки бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2024, №1/37 «Дар бораи Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2024-ум, №1305 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1)дар банди 3 калимаҳои «он ба намуди имзои электронии муқаррарнамудаи» ва «мутобиқ бошад» мувофиқан ба калимаҳои «аломатҳояш тибқи» ва «ба чунин намуди имзои электронӣ мутобиқ мебошад» иваз карда шаванд;

2)дар банди 5:

-дар сархати якум калимаҳои «аслӣ будани» ба калимаи «аслияти» иваз гардида, калимаи «карда» хориҷ карда шавад;

-дар сархати чорум калимаи «воситаи» ба калимаи «воситаҳои» иваз карда шавад;

3)дар сархати сеюми банди 6 калимаи «шаҳодатномае» ба калимаи «сертификате» иваз карда шавад;

4)банди 26 хориҷ карда шавад;

5)бандҳои 27 ва 28 мувофиқан бандҳои 26 ва 27 ҳисобида шаванд.

3.Ба Қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи марказҳои тасдиккунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ, ки бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2024, №1/35 «Дар бораи Қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи марказҳои тасдиккунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2024-ум, №1307 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1)номи боби 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. ТАРТИБИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ҚАТЪИ ҲАМКОРИИ МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ БО МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»;

1)дар банди 3:

-дар қисми муқаддимавӣ калимаҳои «маркази тасдиқкунанда дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «марказҳои тасдиқкунандаи давлатҳои хориҷӣ дар Ҷамъият» иваз карда шаванд;

-дар сархати сеюм калимаҳои «маркази тасдиқкунандаи тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ» иваз карда шаванд;

-дар сархати чорум калимаҳои «марказҳои тасдиқкунандаи тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ» иваз карда шаванд;

-дар сархати шашум калимаҳои «маркази тасдиқкунандаҳои давлатии хориҷӣ» ба калимаҳои «марказҳои тасдиқкунандаи хориҷии давлатӣ» карда шаванд;

дар банди 4:

-дар сархати якум калимаи «бақайдгирии» ба калимаи «баҳисобгирии» иваз гардида, калимаҳои «(тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ) дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;

-дар сархати чорум калимаҳои «тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «муайяннамудаи Ҷамъият» иваз карда шаванд;

2)банди 5 хориҷ карда шавад;

3)бандҳои 6-18 мувофиқан бандҳои 5-17 ҳисобида шаванд;

4)аз бандҳои 6 ва 7 калимаҳо ва рақами «дар бораи баҳисобгирии маркази тасдиқкунанда дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «ва 5» хориҷ карда шаванд;

5)аз банди 9 калима ва ҳарфи «ва 5» хориҷ карда шаванд;

6)қисми муқаддимавии банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«10. Маркази тасдиқкунанда ҳамкориро бо марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ба Ҷамъият пешниҳод намудани ариза дар бораи қатъи ҳамкорӣ дар шакли мутобиқи замимаи 2 Қоидаҳои мазкур дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:»;

7)дар номи боби 3 калимаҳои «ВА ТАРАФҲОИ СЕЮМИ БОВАРИНОКИ ҶУМҲУРИИ» ба калимаҳои «БО МАРКАЗҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ» иваз карда шаванд;

-дар сархати якуми банди 11 калимаҳои «бақайдгирии тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ» иваз карда шаванд;

-сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- дар суроғаи интернетӣ дастрас будани номгӯйи сертификатҳои бозхондшудаи тарафҳои сеюми бовариноки давлати хориҷӣ;»

8)дар банди 12:

-аз сархати якум калимаҳои «дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;

-дар сархати панҷум калимаҳои «тарафҳои сеюми бовариноки» ба калимаҳои «марказҳои тасдиқкунандаи» иваз карда шаванд;

9) дар банди 13 рақами «12» ба рақами «11» иваз карда шавад;

10) аз банди 14 калимаҳои «дар тарафҳои сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;

11) дар банди 15 калимаҳои «Маркази тасдиқкунанда» ба калимаҳои «Тарафи сеюми бовариноки давлати хориҷӣ» иваз карда шаванд;

12) дар банди 16 калимаҳои «Тарафи сеюми бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаи «Ҷамъият» иваз карда шаванд;

13) дар банди 17 рақамҳои «11» ва «12» мувофиқан ба рақамҳои «10» ва «11» иваз карда шаванд;

14) дар банди 18 калимаҳои «тарафи сеюми бовариноки» ба калимаҳои «марказҳои тасдиқкунандаи» иваз карда шаванд.

2)Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3)Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ ҷиҳати интишори расмии фармоиши мазкур дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чораандешӣ намояд.

Директори Агентии инноватсия ва

технологияҳои рақамии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед

ш. Душанбе, аз 1 сентябри соли 2025, № 1/12