КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190; №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552; №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255; №7, мод. 716; №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507; №12, мод. 880)
(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48,аз 1.03.2005 № 87, аз 20.03.2008 № 371, аз 31.12.2008 № 452, аз 21.07.2010 № 619, аз 29.12.2010 № 648, аз 28.06.2011 № 732, аз 16.04.2012 № 805, аз 03.07.2012 № 866, аз 28.12.2012 № 924, аз 22.07.2013 № 979, аз 28.12.2013 № 1036, аз 23.11.2015 № 1230)
(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48,аз 1.03.2005 № 87, аз 20.03.2008 № 371, аз 31.12.2008 № 452, аз 21.07.2010 № 619, аз 29.12.2010 № 648, аз 28.06.2011 № 732, аз 16.04.2012 № 805, аз 03.07.2012 № 866, аз 28.12.2012 № 924, аз 22.07.2013 № 979, аз 28.12.2013 № 1036, аз 23.11.2015 № 1230)
ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I.МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ I.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо иборат мебошад.
2. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст мувофиқат намояд.
Моддаи 2. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазо
Мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба қонун асосёфтаро қабул намоянд.
Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Мақсади қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, чи аз тарафи онҳо ва чи аз ҷониби ашхоси дигар иборат мебошад.
2. Вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, ба маҳкумшудагон расонидани ёрӣ ҷиҳати адаптатсияи (одат кардан ба муҳити) иҷтимоӣ иборатанд.
...