Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2023, № 526 "Дар бораи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб

 

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Дастурамали мазкурро сармуҳосибони вазорату идораҳо, субъектони дорои манфиати умум ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият, ба роҳбарӣ гиранд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 359 "Дар бораи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 ноябри соли 2023, № 526

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Типовой должностной инструкции главного бухгалтера

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О бухгалтерском учете и финансовой отчетности" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Типовую должностную инструкцию главного бухгалтера (прилагается).

2. Главным бухгалтерам министерств и ведомств, субъектов публичного интереса и других организаций, независимо от форм собственности, руководствоваться настоящей Инструкцией.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 мая 2015 года, №359 "О Типовой должностной инструкции главного бухгалтера".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                      Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 28 ноября 2023 года №526