ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №3, мод.169; с.2014, №3, мод.149)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1074, аз 24.02.2017 № 1400, аз 02.01.2025 № 2138)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, муносибатҳои ин соҳаро танзим менамояд.
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, пешбурди баҳисобгирии молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва тартиб додани иттилооти муқоисавӣ ва саҳеҳ вобаста ба амалиёти хоҷагидорие мебошад, ки мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо (минбаъд - ташкилотҳо) барои истифодабарандагон пешниҳод менамоянд (№ 2138).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии Қонуни мазкур
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- баҳисобгирии муҳосибӣ - низоми ягонаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд (№ 2138);
- ҳисоби таркибӣ - баҳисобгирии маълумоти ҷамъбастии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бораи намудҳои молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидорӣ аз рӯи нишонаҳои муайяни иқтисодӣ, ки дар ҳисоби таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ нишон дода мешаванд (№ 2138);
- ҳисоби таҳлилӣ - баҳисобгирие, ки дар ҳисобҳои таҳлилии баҳисобгирии муҳосибӣ бо гурӯҳбандии маълумоти муфассал оид ба молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва муомилоти дохилихоҷагии ҳар кадом ҳисоби таркибӣ дарҷ гардидаанд (№ 2138);
- нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ - номгӯи ба низом даровардашудаи ҳисобҳои таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ;
...