Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015 № 359 "Дар бораи Дастурамали намунавии мансабни сармуҳосиб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2023 № 526 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" ва бо мақсади ба танзим даровардани пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани мақоми сармуҳосиб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ташкилотҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, риояи талаботи Дастурамали мазкурро таъмин намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба ташкилотҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор дастрас намудани Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб чораҳои зарурӣ андешад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2015 № 359

ш.Душанбе

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 28.11.2023 №526

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Типовой должностной инструкции главного бухгалтера

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О бухгалтерском учёте и финансовой отчётности" и в целях регулирования бухгалтерского учёта и финансовой отчетности в Республики Таджикистан и повышения статуса главного бухгалтера, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Типовую должностную инструкцию главного бухгалтера (прилагается).

2. Организациям и другим хозяйствующим субъектам, независимо от форм собственности и ведомственной подчиненности, обеспечить соблюдение требований настоящей Инструкции.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан принять соответствующие меры для доведения Типовой должностной инструкции главного бухгалтера до организаций и других хозяйствующих субъектов.

Председатель

Правительства Peспублики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

г. Душанбе ,

от 30 мая 2015 года, № 359