Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 2022, №23 "Оид ба Дастурамали № 251 дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон

13 июни соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1168

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон

13 июни соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1168

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Дастурамали № 251 дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

070.100.000

 

Мутобиқи қисми 2 моддаи 3, қисми 4 моддаи 4 ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамали №251 дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Департаменти идораи захираҳои баӣналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағӣир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти идораи захираҳои баӣналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

5. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2009, №79 "Дар бораи тасдиқи Дастурамал "Дар бораи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 31 майи соли 2012, №89 "Оид ба тасдиқи Дастурамали №192 "Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ - фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №522 ва аз 19 июни соли 2012, №98"а" ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович гузошта шавад.

...

*** Зарегистрировано Министерством юстиции 
Республики Таджикистан 13 июня 2022 года, 
регистрационный номер 1168.

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

Об Инструкции №251 о сфере использования, порядке обращения иностранной валюты, порядке и правилах выдачи и отзыва лицензии на деятельность по проведению валютных операций в Республике Таджикистан
«070.100.000»

В соответствии с частью 2 статьи 3, частью 4 статьи 4 и статьей 5 Закона Республики Таджикистан “О валютном регулировании и валютном контроле” и статьей 57 Закона Республики Таджикистан “О нормативных правовых актах”, Правление Национального банка Таджикистана постановляет:

Председатель правления          Холикзода Хоким Хикматулло
г. Душанбе от 23 февраля 2022 г. №23 
УТВЕРЖДЕНО 
постановлением Правления
Национального банка Таджикистана, 
...