Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2009
таҳти № 522
"БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ"
Бо Қарори Раёсати Бонки
миллии Тоҷикистон
аз "2" марти соли 2009
таҳти №79
"тасдиқ шудааст"
Дастурамали №168 "Дар бораи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"
1. Дастурамали 168 "Дар бораи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқи моддаҳои 36 ва 66-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" қабул гардида, тартиби истифода ва муомилоти асъори хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Пули миллӣ - "сомонӣ" воситаи ягона ва истисноии қонунии муомилот ва пардохти тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот ва ҳисоббаробаркуниҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истиснои ҳолатҳои зерин манъ аст:
а) фӯрушанда - пардохтгиранда иҷозати Бонки миллии Тоҷикистонро барои фурӯши мол, кор ё хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дорад. Иҷозати мазкур барои фурӯши мол танҳо ба мағозаҳои савдои бебоҷ дар фурӯдгоҳҳо, истгоҳҳои байналмилалӣ, хизматрасонӣ ба мусофирон дар воситаҳои нақлиётии байналмилалӣ барои иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ба корхона ва идораҳое, ки фаъолияти онҳо хусусияти хосро доро мебошад (хизматрасонии консулӣ, ҳавопаймоӣ ва дигар), дода мешавад. Дар ин ҳолат, харидор - пардохткунанда, ҳуқуқи бо ихтиёри худ бо сомонӣ пардохтани арзиши мол (кор ё хизматрасонӣ)-ро дорад ва фурӯшанда набояд рад кунад;
б) резидентпар- дохтгиранда фаъолияти миёнаравиро дар фурӯши молу маводи воридотӣ, ки онро аз ғайрирезидент дар асоси шартномаи (қарордоди) амонатфиристӣ ё комиссионӣ гирифтааст амалӣ менамояд. Дар ин ҳолат, пардохт танҳо дар шакли ғайринақдӣ ба ҳисоби асъории миёнарав мумкин аст. Миёнарав арзиши молро ба ғайрирезидент гузаронида, ҳаққи хизмати миёнаравиашро дар ҳисобаш бо асъори пардохт нигоҳ медорад. Маблағи хизматона- дороии асъории миёнарав ҳисоб гардида, ба нархи мол дохил нашуда, ба ғайрирезидент-фурӯшанда гузаронида намешавад. Ҳамаи ин шартҳо бояд дар қарордоди байни резидентҳо (харидор, миёнарав) ва ғайрирезидент (фурӯшанда) дарҷ гарданд;
в) резидент - пардохтгиранда бевосита истеҳсолкунандаи моли содиршаванда мебошад, ки ин мол ба резидент-миёнарав барои аз номи худаш баровардан дода шудааст. Дороии асъории содиротӣ аз номи ғайрирезидент-харидор ба ҳисоби резидент-миёнарав воридшуда аз ҳисоби резидент-миёнарав ба ҳисоби резидент ,истеҳсолкунандаи моли содиротӣ танҳо дар шакли ғайринақдӣ гузаронида мешавад. Ҳаққи хизматонаи миёнарав дороии асъории вай ҳисоб шуда, дар ҳисоби асъориаш нигоҳ дошта мешавад. Тамоми ин шартҳо бояд дар қарордоди байни резидентҳо (истеҳсолкунанда, миёнарав, фурӯшанда) ва ғайрирезидент (харидор) дарҷ гардад;
г) пардохти хароҷоти нақлиётӣ, экспедиторӣ, бима ва ё суғуртакунонӣ, ҳаққи хизматонаи бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои амонатии хурд (минбаъд - ташкилотҳои қарзӣ) барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои қарордодҳои содиротию воридотӣ, агар ин хароҷот бо асъори хориҷӣ пардохта шуда, ба арзиши борҳои (кор ва хизматҳои) содиротиву воридшаванда дохил шуда бошанд;
- пардохтҳои дар шакли ғайринақдӣ аз ҳисоби асъории резидент-пардохткунанда ба ҳисоби асъории резидент - пардохтгиранда;
Боэътимод ва асоснок будани ин хароҷотҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ тасдиқ карда шавад, ба мисли: шартҳои қарордодҳо ё шартномаҳо, ҳисоб-фактураҳо, инвойс, хатти расид ва ғайра.
Дар шакли нақдӣ пардохтани ин хароҷотҳо манъ аст.
д) дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохтани андоз ва дигар боҷу хироҷҳои давлатӣ дар шакли ғайринақдӣ бо асъори хориҷӣ;
е) ҳисоббаробаркуниҳо бо ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон барои гирифтан ва баргардонидани қарзҳо ва фоизҳои онҳо бо асъори хориҷӣ;
ж) ҳангоми хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор тавассути ташкилотҳои қарзӣ, биржаҳои асъор ва нуқтаҳои мубодилаи асъор.
з) ҳангоми гузаронидани маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигари бонкӣ.
3. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда, асъори хориҷии нақд ё ғайринақдиро танҳо тавассути ҳисобҳои бонкии дар ташкилотҳои қарзӣ кушодаашон бе маҳдудияти маблағ ва таъинот харида ё фурӯхта метавонанд. Барои шахсони ҳуқуқӣ-резидент ва ғайрирезидентҳо харид ё фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор манъ аст. Шахсони воқеӣ-резидент ва ғайрирезидентҳо, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд, асъори хориҷии нақдро тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор харида ё фурӯхта метавонанд.
4. Ташкилотҳои қарзӣ хариду фурӯши асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ тавассути биржаҳои асъор, бозори байнибонкӣ, шӯъбаҳои амалиётҳои асъории дохилибонкӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъори худ ва мизоҷон бе маҳдудияти маблағ ва таъинот анҷом медиҳанд.
Тартиби анҷомдиҳии амалиётҳои харид ва фурӯши асъори хориҷӣ дар биржаҳои асъор мутобиқи санадҳои меъёрии биржа, дар бозори байнибонкӣ мутобиқи Кодекси рафтори созмондиҳандагони бозори байнибонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъор тибқи Дастурамали №138 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирӣ ва танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор" муайян карда мешавад.
5. Амалиёти дар ташкилотҳои қарзӣ ба пули миллӣ табдил додани маблағҳои асъорӣ ва ба асъори хориҷӣ табдил додани маблағҳои бо пули миллӣ дар ҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, амалиёти хариду фурӯш ҳисобида намешавад.
Ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд тартиби амалиёти зикршударо ба маълумоти мизоҷон-соҳибони ҳисобҳои бонкӣ расонида, тарифаҳои ҳаққи хизмати амалиётҳои табдилдиҳӣ (конверсия)-ро эълон намоянд.
Чунин ивазнамоӣ тибқи қурби расмии мубодилавии сомонӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ сурат гирифта, ташкилоти қарзӣ аз мизоҷ барои ин хизматаш ҳаққи хизмат мегирад. Ҳаққи хизмат ҳангоми аз асъори хориҷӣ ба сомонӣ иваз намудани маблағи ӯҳдадориҳо бояд ба андозаи хурдтарин ва ҳангоми аз сомонӣ ба асъори хориҷӣ иваз шудани онҳо ба андозаи калонтарин гирифта шавад.
6. Амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷиро ташкилотҳои қарзӣ дар бозори байнибонкӣ бояд анҷом диҳанд. Ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд дархост (супориш)-и мизоҷони худро оиди дар ин бозор бо қурбҳои муайяннамудаи худи онҳо фурӯхтани асъори хориҷӣ ё харидани асъори хориҷиро иҷро намоянд. Дар ин ҳолатҳо ҳам ташкилотҳои қарзӣ аз мизоҷон танҳо ҳаққи хизматро гирифта метавонанд. Ташкилотҳои қарзӣ инчунин дар ин бозор аз ҳисоби худ ва барои худ асъори хориҷиро харида ё фурӯхта метавонанд.
Ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд дар мӯҳлатҳои бо шартномаҳои хизматрасонии ҳисоби асъори муқарраркардашуда ва дигар санадҳои меъёрӣ, дархост-супориши мизоҷонро оид ба харидан ё фурӯхтани асъори хориҷӣ иҷро намоянд. Дар ҳолати ба қадри кифоя надоштани маблағҳо асъори миллӣ ё хориҷӣ, ташкилотҳои қарзӣ борои иҷрои дархост-супориши мизоҷ бояд ба бозори байнибонкӣ бароянд. Ба таъхир андохтани иҷрои чунин супориш ё ба навбат гузоштани он ва кӯшиши танҳо аз ҳисоби маблағҳои худии ташкилотҳои қарзӣ дастрас намудани асъори хориҷӣ манъ аст.
7. Дар қаламрави ҷумҳурӣ тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо танҳо бо сомонӣ ифода меёбанд. Бо асъори хориҷӣ ё бо воҳидҳои шартӣ ифода кардани онҳо манъ аст.
8. Риояи талаботи Дастурамали мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ - резидент ва ғайрирезидентҳо, ташкилотҳои қарзӣ, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳатмист ва риоя накардани он мутобиқи қонунгузорӣ ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
"ЗАРЕГИСТРИРОВАНО" "УТВЕРЖДЕНО"
Министерством юстиции Постановлением Правления
Республики Таджикистан Национального банка
за № 522 от "2" апреля 2009г Таджикистана
от "2" марта 2009г. за №79
Инструкция № 168 "О порядке использования в обращении иностранной валюты на территории Республики Таджикистан"
1. Инструкция № 168 "О порядке использования в обращении иностранной валюты на территории Республики Таджикистан" принята в соответствии со статьями 36 и 66 Закона РТ "О Национальном банке Таджикистана", статьей 9 Закона Республики Таджикистан "О валютном регулировании и валютном контроле" и устанавливает порядок использования и обращения иностранной валюты на территории Республики Таджикистан.
2. Национальная валюта - "сомони" является единственным и исключительно законным платежным средством в обращении на территории Республики Таджикистан. Использование иностранной валюты в обращении и при осуществлении расчётов на территории республики запрещено, за исключением следующих случаев:
а) продавец- получатель платежа имеет разрешение НБТ на реализацию товаров, работ и услуг в иностранной валюте. Данное разрешение выдаётся только магазинам беспошлинной торговли на продажу товаров в аэропортах, международных вокзалах (станциях), при оказании услуг пассажирам в международных транспортных средствах для выполнения работ или услуг, предприятиям и ведомствам, деятельность которых имеет особую специфику (консульские услуги, авиауслуги и т.д.). В таких случаях покупатель-плательщик имеет право по своему усмотрению оплатить стоимость товаров (работ и услуг) в сомони и продавец не должен ему отказывать;
б) резидент - получатель платежа осуществляет посредническую деятельность по продаже ввозимых товаров и материалов, полученных от нерезидента на основании комиссионного или консигнационного договора (контракта). При этом платёж возможен только в безналичной форме путем зачисления на валютный счёт посредника. Посредник переводит стоимость товара на нерезидента и хранит комиссионную плату за посредничество на своём счёту в валюте платежа. Сумма комиссионного вознаграждения считается валютной ценностью посредника, не включается в цену товара и не переводится на нерезидента - продавца. Все эти условия должны быть оговорены в контракте (сделке), заключённым между резидентом (покупателем, посредником) и нерезидентом (продавцом);
в) резидент - получатель платежа является непосредственным производителем экспортируемого товара, который предоставляется резиденту-посреднику для вывоза от своего имени. Поступившие от имени нерезидента - покупателя экспортные валютные выручки на счёт резидента - посредника переводятся на счёт резидента - производителя экспортируемого товара в безналичной форме. Комиссионные вознаграждения посреднику являются его валютной выручкой и будут храниться на его валютном счёте. Все эти условия должны быть оговорены в сделке, заключённой между резидентами (производителями, посредниками, продавцами) и нерезидентом (покупателем);
г) оплата транспортных расходов, расходов по экспедированию, страхованию, комиссионные вознаграждения банкам, НФО, микродепозитным организациям на осуществление расчётов по экспортно-импортным сделкам, если эти расходы оплачены в иностранной валюте и включены в стоимость экспортируемых и импортируемых грузов (работ и услуг); - платежи, осуществленные в безналичной форме с валютного счёта резидента , плательщика на валютный счёт резидента-получателя платежа; Надёжность и обоснованность этих расходов должны быть подтверждены соответствующими документами, такими как: условиями сделок или договоров, счёт фактурами, инвойсами, квитанциями и т.д. Оплата этих расходов в наличной форме запрещена.
д) оплата налогов и других государственных пошлин и сборов в безналичной форме в иностранной валюте в случаях, установленных законодательством;
е) осуществление расчётов с кредитными организациями и Национальным банком Таджикистана для получения и возврата кредитов и процентов по ним в иностранной валюте;
ж) при купле продаже иностранной валюты на внутреннем валютном рынке через кредитные организации, валютные биржи и пункты обмена валют;
з) при переводе денежных средств в иностранной валюте от одного банковского счёта на другой банковский счёт.
3. Юридические и физические лица, занимающиеся предпринимательской деятельностью могут покупать или продавать наличную или безналичную иностранную валюту только через банковские счета, открытые ими в кредитных организациях без ограничения суммы и назначения. Для юридических лиц - резидентов и нерезидентов запрещается купля или продажа иностранной валюты в пунктах обмена валют. Физические лица - резиденты и нерезиденты, не занимающиеся предпринимательской деятельностью, могут покупать или продавать наличную иностранную валюту через пункты обмена валют.
4. Кредитные организации осуществляют куплю-продажу иностранной валюты на территории республики через валютные биржи, межбанковский рынок, внутрибанковские отделы по валютным операциям, свои пункты обмена валют и клиентов, без ограничения суммы и назначения.
Порядок осуществления операции по купле-продаже иностранной валюты на валютных биржах определяется в соответствии с биржевыми нормативными актами, на межбанковском рынке - в соответствии с Кодексом поведения организаторов межбанковского рынка Республики Таджикистан и в пунктах обмена валют - в соответствии с Инструкцией №138 "О порядке открытия, регистрации и регулирования деятельности пунктов обмена валют".
5. Операции по конвертации валютных средств на национальную валюту в кредитных организациях и конвертации национальной валюты, хранящейся на банковских счетах физических и юридических лиц на иностранную валюту, не считаются операциями куплипродажи.
Кредитные организации обязаны довести до сведения клиентоввладельцев банковских счетов порядок указанных операций и объявлять тарифы на услуги по операциям конверсии.
Такой обмен производится согласно официальному обменному курсу сомони к иностранным валютам, и кредитная организация получает с клиента комиссионные за оказанные услуги. Комиссионные вознаграждения за конвертации суммы обязательств от иностранной валюты на сомони, должны быть взысканы в минимальном размере, а при обмене сомони на иностранную валюту - в максимальном размере.
6. Кредитные организации должны осуществлять операции по купле-продаже иностранной валюты на межбанковском рынке. Кредитные организации обязаны выполнять заявки (поручения) своих клиентов относительно продажи иностранной валюты или покупки иностранной валюты на этом рынке по их установленному курсу. При этом кредитные организации могут получить от клиентов только комиссионные вознаграждения. Кредитные организации также могут покупать или продавать на этом рынке за свой счёт и для себя иностранную валюту.
Кредитные организации обязаны в установленные договорами по обслуживанию валютных счетов и другими нормативными актами сроки, выполнять заявки - поручения клиентов по покупке или продаже иностранной валюты. При недостатке денежных средств в национальной или иностранной валюте, кредитные организации для выполнения заявкипоручения клиента должны выйти на межбанковский рынок. При задержке выполнения такого поручения или его выполнения в порядке очередности и попытка достать иностранную валюту только за счёт собственных средств кредитных организаций, запрещается.
7. На территории республики все ценники, тарифы и единицы указываются только в сомони. Запрещается их выражение и использование в иностранной валюте или условными единицами.
8. Соблюдение требований настоящей Инструкции на территории Республики Таджикистан является обязательным для всех физических, юридических лиц - резидентов и нерезидентов, кредитных организаций, министерств и ведомств и других органов государственной власти, не соблюдение данных требований влечёт за собой ответственность согласно законодательству.