Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 майи соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 238 "ё"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 майи соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 238 "ё"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Дастурамали №244 "Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд"
070.170.010
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали №244 "Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2012, №77 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали №194 "Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд" аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Идораи бозори молиявӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи котиби Раёсат, идораи бозори молиявӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
...