Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 июни соли 2012 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 238 "е"
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Дастурамали № 194 "Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва ӯҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд"
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали №194 "Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва ӯҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон:
- аз 2 июли соли 2009 №228 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали №174 "Дар бораи захираҳои ҳатмии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд";
- аз 28 феврали соли 2011, №29 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастурамали №174 "Дар бораи захираҳои ҳатмии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд";
- аз 23 декабри соли 2011, №236 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №174 "Дар бораи захираҳои ҳатмии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд" аз эътибор соқит дониста шаванд.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 Қарори мазкур ба зиммаи Идораи амалиёт дар бозори озод (Дуреева Л.Г.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.
аз 25 апрели соли 2012 № 77 ш.Душанбе
НАЦИОНАЛЬНЫЙ БАНК ТАДЖИКИСТАНА
ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
Об утверждении Инструкции № 194 "Об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам"
В соответствии со статьей 17 Закона Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана", Правление Национального банка Таджикистана
п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Инструкцию №194 "Об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам" (прилагается).
2. Произвести в установленном порядке государственную регистрацию настоящего постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан.
3. Настоящее Постановление ввести в действие после его государственной регистрации и официального опубликования.
4. Постановления Правления Национального банка Таджикистана
- от 2 июля 2009 года №228 "Об утверждении Инструкции №174"Об обязательных резервах банков и других небанковских кредитных организаций, депонируемых в Национальном банке Таджикистана";
- от 28 февраля 2011 года, №29 "О внесении изменений в Инструкцию №174"Об обязательных резервах банков и других небанковских кредитных организаций, депонируемых в Национальном банке Таджикистана";
- от 23 декабря 2011 года, №236 " О внесении изменений и дополнений в Инструкцию №174 "Об обязательных резервах банков и других небанковских кредитных организаций, депонируемых в Национальном банке Таджикистана" считать утратившим силу.
5. Исполнение пунктов 2 и 3 настоящего Постановления возложить на Управление по операциям на открытом рынке (Дуреева Л.Г.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбонов А.М.)
6. Контроль за исполнением настоящего Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Неъматова А.Х.
Председатель Правления А. Ширинов
г. Душанбе,
от 25 апреля 2012г. № 77