Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 майи соли 2025, №1340 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Дастурамали № 262 оид ба захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд
070.170.010.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАД:
1.Дастурамали № 262 оид ба захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3.Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4.Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5.Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, №74 «Оид ба Дастурамали №244 «Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2021, №238 «ё» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
6.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон – сарпарасти департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд гузошта шавад.
Раиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад
ш. Душанбе, аз 18 апрели соли 2025, №58
Зарегистрировано в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 7 мая 2025 года, №1340.
ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об Инструкции №262 об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам
070.170.010.
В соответствии с частью 1 статьи 17 Закона Республики Таджикистан «О Национальном банке Таджикистана» и статьёй 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правление Национального банка Таджикистана
П О С Т А Н О В Л Я Е Т:
1. Утвердить Инструкцию № 262 об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам (прилагается).
2. Настоящее постановление представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Уполномочить департамент монетарной политики, исследований и развития при государственной регистрации настоящего постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, при необходимости, вносить в текст приложения к нему изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.
4. Возложить исполнение пункта 2 настоящего постановления на секретаря Правления, департамент монетарной политики, исследований и развития, юридическое управление и отдел прессы.
5. Признать утратившим силу постановление Правления Национального банка Таджикистана от 3 мая 2021 года, №74 «Об Инструкции №244 «Об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 26 мая 2021 года, №238 «ё».
6. Возложить контроль исполнения настоящего постановления на председателя Национального банка Таджикистана – куратора департамента монетарной политики, исследований и развития.
Председатель Правления Национального Банка Таджикистана Толибзода Фирдавс Назримад
г. Душанбе от 18 апреля 2025 года, №58