ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 186)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои низоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 63 воҳид муқаррар карда шавад .
3. Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини раис, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
4. Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 11 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 6 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти дар нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои низоми он пешбинишуда (ба ғайр аз ташкилотҳои тиҷоратӣ) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2021, № 357
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Комитете по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан
(в редакции Поставновления РТ от 26.04.2022 №186)
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнение указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить положение, структуру центрального аппарата, схему управления и перечень организаций системы Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3 и 4).
2. Установить предельную численность работников Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 475 единиц (без учета обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата 63 единицы .
3. Разрешить Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан иметь 2 заместителей председателя, включая одного первого заместителя и коллегию в составе 7 человек.
4. Установить Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей 11 единиц, в том числе 6 единиц для центрального аппарата.
5. Финансирование центрального аппарата Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, в том числе органов, предусмотренных в схеме управления и перечне организаций в его системе (кроме коммерческих организаций) осуществлять за счёт средств республиканского бюджета и других средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.
6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 24 апреля 2008 года, №189 "О Комитете по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 сентября 2021 года, №357