Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2026, № 535 "Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об»


Мутобиқи моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Номи Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об» ба Муассисаи давлатии «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» иваз карда шавад.

2.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо»-ро ҳал намояд.

3.Сархати сеюми замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №357 «Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“- Муассисаи давлатии «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо»;».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 30 июли соли 2026, № 535



...

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О переименовании Государственного учреждения «Научно-исследовательский центр по охране водных ресурсов»

В соответствии со статьей 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Переименовать Государственное учреждение «Научно- исследовательский центр по охране водных ресурсов» в Государственное учреждение «Научно-исследовательский институт охраны окружающей среды, изменения климата и экосистем».

2.Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения «Научно-исследовательский институт охраны окружающей среды, изменения климата и экосистем».

3.Абзац третий приложения 4 постановлению Правительства Республики Таджикистан от 2 сентября 2021 года, №357 «О Комитете по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан» изложить в следующей редакции:

« - Государственное учреждение «Научно-исследовательский институт охраны окружающей среды, изменения климата и экосистем»;».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 30 июля 2026 года № 535


...