ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №357
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 357 «Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) дар банди 2 рақамҳои «475» ва «63» мувофиқан ба рақамҳои «495» ва «78» иваз карда шаванд;
2) дар замимаи 2:
- сархати нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Раёсати робитаҳои байналмилалӣ»;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Раёсати рақамикунонӣ ва инноватсия».
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти нигоҳдорӣ (пардохти музди меҳнат)-и 20 воҳиди кории иловагии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 бо тартиби муқарраргардида аз суратҳисоби махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда, дар солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 459
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 сентября 2021 года, №357
В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 сентября 2021 года, №357 «О Комитете по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан» следующие изменения и дополнение:
1) в пункте 2 цифры «475» и «63» соответственно заменить цифрами «495» и «78»;
2) в приложении 2:
- абзац девятый изложить в следующей редакции:
«Управление международных связей»;
- дополнить десятым абзацем следующего содержания:
«Управление цифровизации и инновации».
2. Министерству финансов Республики Таджикистан в установленном порядке обеспечить финансирование расходов на содержание (выплату заработной платы) 20 дополнительных рабочих единиц Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан в 2025 году за счёт специального счёта Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан и в последующие годы предусмотреть за счёт средств республиканского бюджета.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2025 года №459