Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018 № 399 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 08.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 470 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2021 № 200, № 201, аз 02.09.2021 №368)

Мутобиқи моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқи замимаи 1 тасдиқ карда шаванд.

2. Ба молҳои воридотии дар давлатҳои аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 истеҳсолшуда низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ татбиқ карда шавад.

3. Ҳангоми воридоти молҳои истеҳсоли кишварҳое, ки бо онҳо созишномаи дуҷонибаи савдои озод ба имзо расонида шудааст, ба истиснои молҳои аз низоми савдои озод боздоштшаванда, низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи гумрукӣ татбиқ карда шавад.

4. Ҳангоми ворид намудани молҳое, ки дар давлатҳои нисбатан кам тараққикарда истеҳсол шудаанд, сабукиҳо (имтиёзҳо) ҷорӣ ва боҷи воридотии гумрукӣ дар ҳаҷми панҷоҳ фоиз аз меъёри тасдиқшуда мутобиқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, № 450 "Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

7. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 8 августи соли 2018 № 399

ш.Душанбе

Замимаи 1 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2021 № 200, № 201, аз 02.09.2021 № 368)

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 августи соли 2018, № 399

Рӯйхати давлатҳои нисбатан кам таррақикарда, ки барои молҳояшон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан меъёрҳои боҷи гумрукии воридотӣ дар ҳаҷми панҷоҳ фоиз аз меъёри тасдиқшуда муқаррар карда мешавад

1. Афғонистон

2. Ангола

3. Бангладеш

4. Бенин

5. Буркина-Фасо

6. Бурунди

7. Бутан

8. Вануату

9. Ганти

10. Гамбия

11. Гвинея

12. Гвинся-бисау

13. Ҷумҳурии Демократии Конго

14. Ҷибути

15. Замбия

16. Яман

17. Камбоҷа

18. Ҷазираҳои Комор

19. Кирибати

20. Лаос

21. Лесото

22. Либерия

23. Мавритания

24. Мадагаскар

25. Малави

26. Мали

27. Мозамбик

28. Мянма

29. Непал

30. Нигер

31. Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания

32. Руанда

33. Самоа

34. Сан-томе и Принсипи

35. Сенегал

36. Ҷазираҳои Соломон

37. Сомали

38. Судон

39. Серра-Леоне

40. Тимор-Леште

41. Того

42. Тувалу

43. Уганда

44. Чад

45. Гвинеяи Экваториалӣ

46. Эритрея

47. Эфиопия

48. Судони Ҷанубӣ

Замимаи 1