ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи қисми 2 моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин такмили тарифи гумрукӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Мизони воридотии боҷи гумрукии тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замимаи № 1 ин қарор тасдиқ ва аз 1 ноябри соли 2003 ҷорӣ карда шавад.
2. Ба молҳои воридотии дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия истеҳсолшуда ба ғайр аз ,маъдан ва консентрати алюминий - коди мол мутобиқи ТН ВЭД ЕврАзЭС 26060000 (гилхок) ва оксиди алюминийи аз корунди сунъи фарқкунанда - коди мол мутобиқи ТН ВЭД ЕврАзЭС 2818200000 (гилхок) ҳангоми воридот низоми савдои озод татбиқ карда шуда, аз 1 ноябри соли 2003 мизони сифрии боҷи воридотии гумрукӣ ҷорӣ карда шавад ().
Ба молҳои дар Украина истеҳсолшуда, ба истиснои молҳои аз низоми савдои озод боздоштшаванда, ҳангоми воридот низоми савдои озод ва мизони сифрии боҷи гумрукӣ татбиқ карда шавад ().
3. Ҳангоми ворид намудани молҳое, ки дар кишварҳои камтараққикарда истеҳсол шудаанд, мувофиқи замимаи № 2 ин қарор сабукиҳо (преференсия) дода шавад ва боҷи воридотии гумрукӣ дар ҳаҷми панҷоҳ фоиз аз мизони тасдиқшуда муқаррар карда шавад ().
4. Нисбати корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ, ки то январи соли 1991 ба қайд гирифта шудаанд, ҳангоми интихоб намудани қонунгузории гумрукӣ, ки аз лаҳзаи татбиқи сармоягузорӣ амал менамуданд, ба ивази боҷи содиротӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо ворид намудани моли барои амалӣ намудани фаъолияти истеҳсоли пешбинишуда, боҷи гумрукӣ аз рӯи мизони ягонаи 5% муқаррар ва рӯёнда шавад.
5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар бораи қабули ин қарор Котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразияро огоҳ намояд.
6. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 № 187 "Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002 № 393 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 30 апрели соли 2002 № 187".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 25 октябри соли 2003, № 450
ш. Душанбе
Замимаи № 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2003 N 450
Замимаи 1
Замимаи № 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2003 N 450
Рӯйхати давлатҳои камтараққикарда, ки барои молҳояшон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан мизони сифрии боҷи гумрукӣ муқаррар карда мешавад
1. Афғонистон 24. Мали
2. Бенин 25. Малдиви
3. Буркина-Фасо 26. Мозамбик
4. Бурунди 27. Мянма
5. Ботсвана 28. Непал
6. Бутан 29. Нигер
7. Ванутау 30. Руанда
8. Гаити 31. Самоа
9. Гвинея 32. Сан-Томе ва Принсипи
10. Гвинея-Бисау 33. Ҷазираҳои Сулаймон
11. Ҷибути 34. Сомали
12. Заир 35. Судон
13. Замбия 36. Сиерра-Леоне
14. Кабо-Верде 37. Танзания
15. Камбоҷа 38. Того
16. Кирибати 39. Тувалу
17. Ҷазираҳои Комор 40. Уганда
18. Лаос 41. Ҷумҳурии Африкаи Марказӣ
19. Лесото 42. Чад
20. Либерия 43. Гвинеяи Экваториалӣ
21. Мавритания 44. Эфиопия
22. Мадагаскар 45. Гамбия
23. Малави
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О таможенном тарифе Республики Таджикистан
В соответствии с частью 2 статьи 341 Таможенного кодекса, а также в целях совершенствования таможенного тарифа Правительство Республики Таджикистан постановляет
1. Утвердить и ввести в действие с 1 ноября 2003 года ставки ввозных таможенных пошлин, таможенного тарифа республики Таджикистан согласно приложению №1 к настоящему постановлению.
2. Установить с 1 ноября 2003 года режим свободной торговли и применять нулевую ставку ввозной таможенной пошлины при импорте товаров, происходящих из государств-членов Евразийского экономического сообщества, за исключением "Руды и концетраты алюминиевые - код ТН ВЭД ЕврАзЭС 2006 00 000 0 код - ТН ВЭД ЕврВзЭС 281220000 0(глинозем")
Установить режим свободной торговли и применять нулевую ставку ввозной таможенной пошлины при импорте товаров, производимых на Украине, за исключением товаров, изымаемых из режима свободной торговли
3. Ввести преференции и установить ставку ввозной таможенной пошлины в размере пятьдесят процентов от утвержденных ставок при ввозе товаров, происходящих из наименее развитых стран согласно приложению №2 к настоящему постановлению(
4. По предприятиям с иностранными инвестициями, зарегистрированным до 1 января 1995 года, при выборе таможенного законодательства, действовавшего в момент осуществления инвестиций, вместо экспортных пошлин начисление и взимание таможенных пошлин при ввозе ими товаров, предназначенных для осуществления производственной деятельности производить по ставке 5%.
5. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке информировать Секретариат Интеграционного комитета Евразийского экономического сообщества о принятии настоящего постановления.
6. Признать утратившими силу:
постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2002 года №187 "О таможенном тарифе Республики Таджикистан";
постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2002 года №393 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2002г за №187 "О таможенном тарифе Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 25 октября 2003 года №450
г. Душанбе
*Приложение 2
*Приложение 1