Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, № 470 "Дар бораи Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 28.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаи 1).

2. Ба молҳои воридотии дар давлатҳои аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 истеҳсолшуда низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ татбиқ карда шавад.

3. Ҳангоми воридоти молҳои истеҳсоли кишварҳое, ки бо онҳо созишномаи дуҷонибаи савдои озод ба имзо расонида шудааст, ба истиснои молҳои аз низоми савдои озод боздоштшаванда, низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи гумрукӣ татбиқ карда шавад.

4. Рӯйхати давлатҳои кам тарақќикарда, ки барои молҳояшон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан меъёрҳои боҷи гумрукии воридотӣ дар ҳаҷми панҷоҳ дарсад аз меъёри тасдиқшуда муқаррар карда мешавад, тасдиќ карда шавад (замимаи 2).

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, № 399 «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2024, № 470

 

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Ставках ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 341 Таможенного кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Ставки ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан (приложение 1).

2. Установить режим свободной торговли и применять нулевую ставку ввозной таможенной пошлины при ввозе товаров, произведенных в государствах-членов Договора о зоне свободной торговли от 18 октября 2011 года.

3. Установить режим свободной торговли и применять нулевую ставку таможенной пошлины при импорте товаров, произведенных в странах, с которыми подписаны двусторонние соглашения о свободной торговле, за исключением товаров, изымаемых из режима свободной торговли.

4. Утвердить Перечень наименее развитых стран, на товары которых применяются ставки ввозных таможенных пошлин в размере пятидесяти процентов от учрежденных ставок при ввозе на таможенную территорию Республики Таджикистан (приложение 2).

5. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный Комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.

6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 августа 2018 года, №399 «О ставках ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан».

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 28 августа 2024 года, №470