ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сутуни сеюми гурӯҳи 02 мавқеи молии 0207 рақами "10" ба рақами "20" иваз карда шавад;
- дар сутуни сеюми гурӯҳи 24 рақамҳои "5", "23", "2,5" ва "18" мувофиқан ба рақамҳои "10", "46", "5" ва "36" иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2021, № 200
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 августа 2018 года, №399
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В приложении 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 8 августа 2018 года, №399 "О ставках ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан" внести следующие изменения:
- в третьем столбце группы 02 товарной позиции 0207 цифру "10" заменить цифрой "20";
- в третьем столбце группы 24 цифры "5", "23", "2,5" и "18" соответственно заменить цифрами "10", "46", "5" и "36".
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.
3. Настоящее постановление ввести в действие через один месяц после официального опубликования.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 мая 2021 года, №200