7Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237, аз 29.12.2022 № 623, аз 25.06.2024 № 373)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, № 1043 "Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Шумораи воҳидҳои кории кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 378 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 46 воҳид муқаррар карда шавад (№ 373).
4. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад .
5. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 6 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2018 дар сметаи хароҷоти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷети давлатиро барои нигоҳдории иҷрочиёни суд пешбинӣ намояд.
7. Маблағгузории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
8. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти иҷрои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи муштараки ба тобеияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷроро таъсис дода, то 1 июли соли 2018:
- супоридан ва қабули парвандаҳои шахсии иҷрочиёни суд ва ҳуҷҷатҳои иҷрои дар истеҳсолоти иҷрочиёни суд бударо анҷом диҳад;
- барӯйхатгирии молу мулкеро, ки дар истифодабарии иҷрочиёни суд қарор дорад, гузаронида, супоридани онро ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
9. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи муштарак таъсис дода, ҷойгиркунии муваққатии иҷрочиёни суд ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии иҷрочиёни судро дар биноҳои судӣ ва марказҳои адлия таъмин намуда, утоқҳои кории заруриро дар ин биноҳо бо дар назар доштани нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъда тақсим намояд.
10. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷойгиркунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳал чораҳо андешанд.
11. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "712" ва "105" мутаносибан ба рақамҳои "435" ва "97" иваз карда шаванд.
12. Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз бандҳои 3 ва 12 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- сархати даҳуми банди 5 хориҷ карда шавад;
- зербанди 5-1) банди 6 хориҷ карда шавад;
- аз сархати бистуми банди 7 калимаҳои "иҷрочиёни суд," хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сенздаҳуми банди 15 калимаҳои "шаҳрвандӣ ва иҷрочиёни судро" ба калимаи "шаҳрвандиро" иваз карда шаванд.
13. Сархати ҳафтуми Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 21 июни соли 2018 № 332
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, № 1043 "Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Шумораи воҳидҳои кории кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 305 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 28 воҳид муқаррар карда шавад.
4. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.