ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) дар банди 3 рақамҳои «338» ва «33» мувофиқан ба рақамҳои «378» ва «46» иваз карда шаванд;
2) дар замимаи 2:
- дар сархатҳои сеюм ва шашум калимаи «Шуъбаи» ба калимаи «Раёсати» иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 373
...