Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 июли соли 2016, № 328
тасдиқ шудааст
Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000"
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" (минбаъд - Низомнома) тибқи талаботи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд аз 24 апрели соли 2015 баимзорасида, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2015, № 286 тасдиқ шудааст ва Ссзишномаи кафолатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз 1 августи соли 2015 баимзорасида, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2015, № 291 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
2. Мақсади Низомнома таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳо ва муайян намудани талаботи асосӣ ба истифодаи маблағҳое, ки ба суратҳисобҳои мақсаднок аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин таъмини истифодаи мақсадноки ин маблағҳо мебошад.
3. Дар Низомнома таҳти мафҳуми "Суратҳисоби мақсаднок" суратҳисоб бо доллари ШМА, ки даромади фоизӣ меоварад, фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби Содироткунанда тибқи банди 9 Низомнома кушода мешавад (минбаъд - "суратҳисоби мақсаднок").
4. Амали Низомнома барои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва ворисони ҳуқуқӣ ва сессионарҳои он (минбаъд - "Содироткунанда") дахл дорад.
5. Вазифаҳои асосии суратҳисоби мақсаднок инҳо мебошанд:
а) муқаррар намудани усулҳои истифодаи маблағҳои пулӣ, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд;
б) таъмин намудани шаффофият ҳангоми содироти неруи барқ;
в) аз байн бурдани эҳтимолияти истифодаи ғайримақсаднок ҳангоми тақсимоти маблағҳо аз содироти неруи барқ;
г) таҳкими механизми идоракунии корпоративӣ тавассути баланд бардоштани масъулият ва тобеъяти мақомоти идоракунии Содироткунанда, ворисони ҳуқуқӣ ва сессионариҳои он.
6. Барои иҷрои вазифаҳои дар банди 5 Низомнома зикргардида, суратҳисоби мақсаднок бояд аз дигар суратҳисобҳое, ки аз ҷониби Содироткунанда истифода бурда мешаванд, алоҳида корбарӣ карда шавад ва маблағҳои аз ҳисоби содироти неруи барқ дар ин суратҳисоб ҷойгиршаванда бояд аз ҷониби Содироткунанда барои мақсадҳо ва бо афзалиятнокии дар боби 7 Низомнома зикргардида истифода бурда шаванд.
7. Бо мақсади таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои дар суратҳисоби мақсаднок ҷойгиршаванда:
а) Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи давлатиро таъсис медиҳад, ки он интихоби озмунии бонки хизматрасонро бо роҳи гузаронидани озмун дар асоси мутобиқат ба меъёрҳои дар банди 12 Низомнома зикргардида амалӣ менамояд;
б) Бонки хизматрасон ҳармоҳа оид ба ҳолати суратҳисоб ва истифодаи маблағҳои воридгардида ба мақоми ваколатдор дар соҳаи энергетика ва мақоми ваколатдор дар соҳаи идоракунии амволи давлатӣ ҳисобот пешниҳод мекунад.
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
8. Дар Низомнома мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- Бонки хизматрасон - муассисаи молиявие, ки аз ҷониби Содироткунанда барои ба амал баровардани вазифаҳои бонки хизматрасони суратҳисоби мақсаднок тибқи Низомнома ва шартнома бо бонки хизматрасони суратҳисоби мақсаднок ва ҳар ворисони ҳуқуқии он ё ивазкунандаи бонки хизматрасони суратҳисоби мақсаднок, ки тибқи Низомнома таъин карда мешавад, ҷалб карда шудааст;
- Нақшаи истифодаи маблағҳои пулӣ - нақша ё ҳуҷҷате, ки ҳаҷми истифодаи маблағҳоро аз суратҳисоби мақсаднок мушаххас карда, аз ҷониби мақоми идоракунии Содироткунанда ба шарти риояи боби 7 Низомнома тасдиқ шудааст;
- Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқӣ "CASA - 1000" - маҷмӯи системаи интиқоли "CASA - 1000" ва унсурҳои дигари ба он алоқаманд.
3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБИ ОЗМУНӢ БАРОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ БОНКИ ХИЗМАТРАСОНИ СУРАТҲИСОБИ МАҚСАДНОК
9. Суратҳисоби мақсаднок метавонад дар бонки тиҷоратӣ ё дар бонки бо иштироки давлат, ки дар 3 (се) соли охир ба меъёрҳои ҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқат мекунад, кушода шавад. Инчунин суратҳисоби мақсаднок метавонад дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шавад. Содироткунанда бояд ба бонки хизматрасони суратҳисоби мақсаднок дастур диҳад, ки барои ҳар як лоиҳае, ки дар доираи он Содироткунанда аз ҳисоби содирот ва фурӯши барқ фоида мегирад, зерсуратҳисоби алоҳида кушояд.
10. Шартнома бо бонки хизматрасон мумкин аст танҳо дар сурати аз ҷониби бонки хизматрасон ба таври зарурӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳои шартномавӣ бекор карда шавад.
11. Содироткунанда вазифадор аст, ки дастурамал оид ба гузаронидани интихоби озмунӣ барои муайян намудани бонки хизматрасонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд.
12. Дастурамал оид ба гузаронидани интихоби озмунӣ барои муайян намудани Бонки хизматрасон бояд ҳатман талаботи ҳадди ақали зеринро, ки бояд аз ҷониби иштирокчиёни озмун расман тасдиқ карда шаванд, дар бар гирад:
- бонки иштирокчии озмун набояд ягон маҳдудияти иҷозатномавиро барои ба пешниҳоди чунин хизматрасонӣ дошта бошад;
- бонки иштирокчии озмун бояд ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) таҳия намояд;
- ҳисоботи молиявӣ бояд аз ҷониби ширкати аудитории дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда тасдиқ карда шавад;
- эзоҳҳо ба ҳисоботи молиявӣ бояд молики ниҳоии бонки иштирокчиро нишон диҳад;
- ҳиссаи қарзҳои мушкил набояд аз 20 (бист) фоиз дороиҳои бонки иштирокчӣ зиёдтар бошад;
- бонки иштирокчӣ бояд таҷрибаи гузаронидани чунин амалиётҳои бонкӣ, инчунин қобилияти сари вақт пардохт намудани ҳаҷми дахлдори маблағҳои пулиро дошта бошад;
- дар лаҳзаи гузаронидани интихоби озмунӣ бонки иштирокчӣ набояд таҳти реҷаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла реҷаи маҳдудкунандаӣ гузаронидани ин ё он амалиёт қарор дошта бошад;
- бонки иштирокчӣ бояд ба андозаи на камтар аз 20 (бист) миллион доллари ШМА ё маблағи ба он баробар бо асъори миллӣ сармояи худӣ дошта бошад;
- бонки иштирокчӣ бояд ба андозаи на камтар аз 40 (чил) миллион доллари ШМА ё маблағи ба он баробар бо асъори миллӣ дороиҳо дошта бошад.
13. Натиҷаҳои интихоби озмунӣ барои муайян намудани бонки хизматрасон бо протокол ба расмият дароварда мешаванд. Нусхаи протокол ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика ва мақоми ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи идоракунии амволи давлатӣ фиристода мешавад.
4. ХУСУСИЯТҲОИ ШАРТНОМАИ СУРАТҲИСОБИ МАҚСАДНОК
14. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ байни Содироткунанда ва бонки ғолиби интихоби озмунӣ барои муайян намудани бонки хизматрасон баста мешавад. Шартнома бояд дар давоми 15 (понздаҳ) рӯзи тақвимӣ баъди дастрас намудани огоҳиномаи хаттӣ ба ғолиб баста мешавад.
15. Дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ бояд ҳатман шартҳои зерини минималӣ пешбинӣ карда шаванд:
- расмиёти идоракунии суратҳисоби мақсаднок, ки дар боби 6 Низомнома муайян карда шудааст;
- тартиби истифодаи маблағҳои дар суратҳисоби мақсаднок ҷойгирбуда, ки дар боби 7 Низомнома муайян карда шудааст, аз ҷумла афзалияти онҳо;
- масъулияти бонки хизматрасон барои тасдиқи мутобиқати пардохтҳо ба Нақшаи истифодаи маблағҳо, ки аз ҷониби мақоми идоракунии Содироткунанда тасдиқ карда шудааст;
- реҷаи шаффофияти пешниҳод намудани иқтибос аз ҷониби бонки хизматрасон тибқи бандҳои 16 ва 17 Низомнома;
- муқаррароте, ки аз ҷониби аудитори мустақил гузаронидани аудити ҳарсолаи суратҳисоби мақсаднокро муқаррар менамояд;
- шартнома бо бонки хизматрасонӣ суратҳисоби мақсаднок ба муҳлати на зиёда аз панҷ сол баста мешавад; на дертар аз 3 (се) моҳ пеш аз ба анҷом расидани муҳлати шартнома бо бонки хизматрасон шартнома бо ҳамин бонки хизматрасон ба ҳамон муҳлат тамдид карда мешавад ё интихоби бонки хизматрасони нав тибқи Низомнома гузаронида мешавад, ки тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои бонки хизматрасони мавҷудбударо қабул менамояд.
16. Бонки хизматрасон уҳдадор аст, ки иқтибоси ҳармоҳаро дар бораи ҳаракати маблағҳо дар суратҳисоби мақсаднок ба мақоми идоракунии Содироткунанда ва ба сохторҳои дар банди 7 Низомнома зикршуда пешниҳод намояд.
17. Иқтибоси ҳармоҳа ҳадди ақал бояд маълумоти зеринро доро бошад:
- дар бораи тавозун дар санаи пешниҳод намудани иқтибос;
- оид ба воридот ба суратҳисоби мақсаднок ва хароҷот аз он дар давоми моҳи ҳисоботӣ;
- дар бораи ирсолкунандагон ва қабулкунандагони чунин маблағҳо.
18. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ бояд дастур ба бонки хизматрасон дар маврида ба таври автоматӣ ҳармоҳа ирсол намудани нусхаи аслии иқтибос оид ба депозитҳо,игирифтани маблағҳо аз суратҳисоб ва бақияи маблағҳо дар суратҳисоб ба санаи пешниҳод намудани чунин иқтибос ба мақоми ваколатдор дар соҳаи энергетика ва мақоми ваколатдор дар соҳаи идоракунии амволи давлатӣ дошта бошад. Ба аудитор тамоми иттилоотеро, ки аудитор барои мақсадҳои аудити суратҳисоби мақсаднок дархост намуда метавонад, пешниҳод намояд.
19. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ бояд муқаррароте дошта бошад, ки мувофиқи он маблағҳо аз ҷониби бонки хизматрасон дар муҳлати кӯтоҳтарин пас аз дастрас намудани супоришномаи пардохтӣ аз ҷониби Содироткунанда тибқи расмиёти дар боби 6 Низомнома зикршуда интиқол диҳад.
20. Тағйир додан ва (ё) бекор намудани шартномаи суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби мақоми идоракунии Содироткунанда тасдиқ мегардад ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идоракунии амволи давлатӣ мувофиқа мегардад.
5.ҶАМЪКУНИИ МАБЛАҒҲО ДАР СУРАТҲИСОБИ МАҚСАДНОК
21. Содироткунанда уҳдадор аст ҷойгиршавии ҳамаи даромадҳои Содироткунанда аз содироти неруи барқ (аз ҷумла бақияи маблағҳо дар суратҳисобе, ки мутобиқи моддаи 17 Созишномаи генералии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" кушода мешавад, баъди пардохти ҳамаи пардохтҳои дар моддаи 17 ва Замимаи 10 Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" дарҷгардида) дар суратҳисоби мақсаднок, новобаста аз истифодаи шахсони сеюм аз ҷониби Содироткунанда, таъмин намояд. Зимнан пардохти марбут ба хизматрасонии қарз аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" метавонад аз тарафи Содироткунанда ҳам аз суратҳисоби мутобиқи моддаи 17 Созишномаи генералӣ кушодашуда ва ҳам аз суратҳисоби мақсаднок анҷом дода шавад. Содироткунанда бояд таъмин намояд, ки ҳамаи пардохтҳо аз суратҳисоби мақсаднок фақат барои мақсадҳои дар боби 7 Низомнома пешбинишуда ба амал бароварда шаванд.
6. ТАРТИБ ВА РАСМИЁТИ ИДОРАКУНИИ СУРАТҲИСОБИ МАҚСАДНОК
22. Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани маблағҳоеро, ки дар суратҳисоби мақсаднок ҷойгир шудаанд, танҳо роҳбари Содироткунанда ба шахси асосии масъул оид 6а молия (ва ё муовинони ваколатдори онҳо) доро мебошанд.
23. Якҷо бо амр дар бораи гузаронидани маблағ ё додани маблағ аз суратҳисоб Содироткунанда бояд ба бонки хизматрасон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро оид ба таъиноти пардохт (масалан, тасдиқи хаттии далели интиқоли неруи барқ) пешниҳод намояд.
7. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ СУРАТҲИСОБИ МАҚСАДНОК
24. Ҳамаи маблағҳое, ки аз содироти барқ тибқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" ворид мешаванд, бояд дар зерсуратҳисоби барои ин лоиҳа кушодашуда ҷойгир карда шаванд. Истифода бурдани маблағҳое, ки дар зерсуратҳисоби суратҳисоби мақсаднок аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" ҷойгир карда мешаванд, бояд фақат барои мақсадҳо ва аз рӯи тартиби афзалиятнокии зерин истифода бурда шаванд:
- пардохтҳо ба истеҳсолкунандагони мустақили неруи барқ барои хариди неруи барқи барои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" содиротшаванда;
- пардохтҳои вобаста ба хароҷоти хизматрасонии истеҳсолӣ ва интиқоли нерӯи барқи барои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" содиротшаванда;
- хизматрасонии қарз аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000";
- таъмини нигоҳдории муносиби низоми таъмини неруи барқ ва дигар инфрасохторе, ки барои ба амал баровардани таҳвилҳои содиротӣ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии неруи барқи "CASA - 1000" зарур мебошанд;
- иҷро намудани дигар ӯҳдадориҳои марбут ба Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000", ба монанди: пардохтҳо ба Фонди дастгирии ҷамоатҳои маҳаллӣ (фонде, ки барои ба амал баровардани пардохтҳои молиявии муайян ба манфиати ҷамоат ва шахсоне, ки дар ҳудуди ноҳияҳои бо Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи " CASA - 1000" фаро гирифташуда қарор доранд, таъсис дода мешавад) ва пардохтҳо ба "Суратҳисоби захиравӣ" (суратҳисобе, ки аз ҷониби Содироткунанда дар бонки хизматрасон барои ҷамъ намудани маблағҳо ҷиҳати пардохт намудани пардохтҳои эҳтимолӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои Содироткунанда, дар сурати ба амал омадани муҷозоти ҷаримавӣ аз рӯи созишномаҳои лоиҳавии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000");
- пардохти андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки аз амалиётҳо вобаста ба истеҳсол ва содироти неруи барқ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" ба вуҷуд меоянд; пардохти хизматрасониҳои бонки хизматрасон ва хизматрасониҳои аудитори мустақил, ки аудити ҳарсолаи суратҳисоби мақсаднокро тибқи банди 31 Низомнома мегузаронад;
- амалӣ намудани чорабиниҳое, ки барои аз байн бурдани камчинии нерӯи барқ дар фасли зимистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла навкунии воситаҳои тавлидкунандаи нер0ви барқ мавҷудбуда, кам намудани талафоти неру дар шабакаҳои таҳвил ва тақсими неруи барқ заруранд;
- хизматрасонии ҷузъии қарзҳои давлатӣ оид ба маблағгузорӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои таъминкунандаи бехатарӣ, самаранокӣ ва тиҷораткунонии бахши энергетикӣ.
25. Тамоми маблағҳое, ки аз содироти нерӯи барқ, ба ғайр аз Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" ворид мешаванд (ба монанди созишномаи дутарафа оид ба хатти интиқоли барқи Тоҷикистон-Афғонистон), бояд дар зерсуратҳисоби барои чунин лоиҳа кушодашуда ҷойгир карда шаванд:
а) пардохтҳо ба тавлидкунандагони мустақили неруи барқ нисбати содироти дахлдор;
б) барои хизматрасонии хароҷот аз рӯи ин лоиҳа истифода бурда мешаванд.
26. Пас аз пардохт намудани марбут ба зербандҳои (а) ва (б) банди 25 Низомнома Содироткунанда маблағҳои аз содироти нерӯи барқ воридшавандаро тибқи нақшаи дохилии хароҷот барои дастгирӣ ва беҳбудии кори системаи энергетикӣ истифода хоҳад кард.
27. Истифода бурдани маблағҳои дар суратҳисоби мақсаднок ҷойгиршуда барои хароҷоти дигари дар Низомнома пешбининашуда манъ мебошад.
28. Маблағҳое, ки пас аз анҷом ёфтани шартномаи суратҳисоби бонкӣ дар суратҳисоби мақсаднок боқӣ мемонанд, ба суратҳисоби ҷории Содироткунанда гузаронида мешаванд.
8. ТАЪМИН НАМУДАНИ ШАФФОФИЯТИ ҶАМЪКУНӢ ВА ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ СУРАТҲИСОБИ МАҚСАДНОК
29. Шӯрои нозирони Содироткунанда (ё дигар мақоми олии идоракунии Содироткунанда) шахси масъулро барои мониторинги истифодаи суратҳисоби мақсаднок муайян менамояд, ки бевосита ба мақоми ваколатдори идоракунандаи Содироткунанда, мақоми ваколатдор дар соҳаи энергетика ва мақоми ваколатдор дар соҳаи идоракунии давлатӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.
30. Вазифаҳои асосии шахси масъул барои мониторинги истифодаи суратҳисоби мақсаднок инҳо мебошанд:
- таҳия намудани ҳисобот оид ба гузаронидан ва натиҷаҳои интихоби озмуни бонки хизматрасони суратҳисоби мақсаднок;
- мониторинги даромадҳое, ки Содироткунанда аз амалиётҳои содиротӣ ба даст меорад ва пайгирӣ намудани истифода ва маъмурикунонии онҳо;
- мониторинг - ва таҳияи ҳисобот доир ба мутобиқати далели таҳвили неруи барқ (ҳаҷм, сана, сифат ва арзиш) ба Нақшаи истифодаи маблағҳо;
- мониторинг ва таҳияи ҳисоботи мунтахаб оид ба хариди нерӯи барқ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқӣ "CASA - 1000" ва дигар лоиҳаҳои интиқоли нерӯи барқ бо нишондоди арзиши шартии нерӯи барқ, агар чунин харидҳо дар шакли воқеӣ ё қисман бо ҳисоббаробаркунии нақдӣ сурат гиранд;
- нашри маълумот доир ба таъмини дурусти низоми таъмини нерӯи барқи марбут ба Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқ "CASA - 1000" ва дигар таҳвилҳои нерӯи барқ ҳисоботи аудитории суратҳисоби мақсаднок, дар сомонаи Содироткунанда;
- таъмин намудани нашри хабари матбуотии семоҳа дар сомонаи Содироткунанда ва/ё мақоми ваколатдор дар соҳаи идоракунии амволи давлатӣ, инчунин шакли электронии он тавассути воситаҳои ахбори омма.
31. Ҳамасола аудити мустақили суратҳисоби мақсаднок гузаронида мешавад. Аудитори мустақил аз ҷониби Содироткунанда дар асоси озмун тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор хизматрасонӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад ва бояд ширкати аудитории дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда бошад. Натиҷаҳои тендер барои интихоби аудитор ва натиҷаҳои аудит бояд тибқи сархати панҷуми банди 30 Низомнома нашр карда шаванд.
9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
32. Содироткунанда вазифадор аст, ки ҳамаи ҳисоботҳои масъули мониторинги истифодаи маблағҳои суратҳисоби мақсаднок, Нақшаи истифодаи маблағҳоро дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонӣ, инчунин дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад.
33. Масъулият барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ба зиммаи мақоми иҷроияи Содироткунанда вогузор карда мешавад.
Положение об основных требованиях к использованию целевого счета для обеспечения прозрачности управления финансовыми средствами, поступающими от экспорта электроэнергии, а также о порядке использования денежных средств в рамках регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000"
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Положение об основных требованиях к использованию целевого счета для обеспечения прозрачности управления финансовыми средствами, поступающими от экспорта электроэнергии, а также о порядке использования денежных средств в рамках регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000" (далее-Положение) разработано в соответствии с требованиями Грантового соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Международной ассоциацией развития от 24 апреля 2015 года, ратифицированным постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан 24 декабря 2015, №286 года и Гарантийного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Европейским банком реконструкции и развития от 1 августа 2015 года, ратифицированным постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан 24 декабря 2015 года, №291.
2. Целью Положения является обеспечение прозрачности управления финансовыми средствами и определение основных требований к использованию средств, поступающих на целевые счета от экспорта электроэнергии, а также обеспечения целевого использования данных средств.
3. В Положении под "целевым счетом" понимается приносящий процентный доход счет в долларах США, открываемый Экспортером в соответствии с пунктом 9 Положения (далее - "целевой счет"),
4. Действие Положения распространяется на Открытую акционерную холдинговую компанию "Барки Точик" и её правопреемников и цессионариев (далее - "Экспортер").
5. Основными задачами целевого счета являются:
а) установление способов целевого использования денежных средств, поступающих от экспорта электроэнергии;
б) обеспечение прозрачности при экспорте электроэнергии;
в) устранение вероятности нецелевого использования при распределении средств от экспортной продажи электроэнергии;
г) укрепление механизма корпоративного управления путем повышения ответственности и подотчетности органов управления Экспортера, его правопреемников и цессионариев.
6. Для выполнения задач, указанных в пункте 5 Положения, целевой счет должен вестись отдельно от других счетов, используемых Экспортером, и средства от экспорта электроэнергии, размещаемые на таком счету, должны использоваться Экспортером в целях и по приоритетности, указанных в главе 7 Положения.
7. В целях обеспечения прозрачности использования средств, размещаемых на целевом счете:
а) Правительством Республики Таджикистан будет создана государственная комиссия, которая будет осуществлять отбор Обслуживающего банка путем проведения конкурсного отбора на основе соответствия критериев, указанных в пункте 12 Положения;
б) ежемесячно Обслуживающий банк представляет отчеты о состоянии счета и использовании полученных денежных средств уполномоченному органу в области энергетики и уполномоченному органу в области управления государственным имуществом.
2. ОСНОВНЫЕ ОПРЕДЕЛЕНИЯ
8. В настоящем Положении используются следующие основные понятия:
- Обслуживающий банк - означает финансовое учреждение, привлеченное Экспортером для осуществления функций обслуживающего банка целевого счета в соответствии с Положением и Договором с обслуживающем банком целевого счета и любым правопреемником или замещающим обслуживающий банк целевого счета, назначенный в соответствии с Положением;
- План использования денежных средств - означает план или документ, детализирующий объёмы использованных средств с целевого счета, утвержденный органом управления Экспортера, при условии соблюдения главы 7 Положения;
- Региональный проект передачи электроэнергии "CASA-1000", - означает совокупность передающей системы "CASA-1000" и связанных с ней элементов.
3. ПОРЯДОК ПРОВЕДЕНИЯ КОНКУРСНОГО ОТБОРА ДЛЯ ОПРЕДЕЛЕНИЯ БАНКА-ДЕРЖАТЕЛЯ ЦЕЛЕВОГО СЧЕТА
9. Целевой счет может быть открыт в коммерческом или в банке с государственным участием, который соответствует всем пруденциальным нормам Национального банка Таджикистана за последние 3 (три) года. Целевой счет может быть также открыт в Национальном банке Таджикистана. Экспортер должен инструктировать обслуживающий банк целевого счета открыть и вести отдельный субсчет для каждого проекта, в рамках которого Экспортер получает доходы от экспорта и продажи электроэнергии.
10. Договор с обслуживающим банком может быть расторгнут только в случае ненадлежащего исполнения обслуживающим банком своих обязанностей по договору.
11. Экспортер обязан разработать и утвердить руководство по проведению конкурсного отбора для определения обслуживающего банка в соответствии с действующими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
12. Руководство по проведению конкурсного отбора для определения обслуживающего банка в обязательном порядке должно содержать следующие минимальные требования, которые должны быть официально подтверждены участниками конкурса:
- банк-участник конкурса не должен иметь каких-либо лицензионных ограничений для предоставления подобных услуг;
- банк-участник конкурса должен составлять финансовую отчетность в соответствии с международными стандартами финансовой отчетности (МСФО);
- финансовая отчетность должна быть подтверждена международно-признанной аудиторской фирмой;
- примечания к финансовой отчетности должны раскрывать конечного собственника банка-участника;
- доля проблемных займов не должна превышать 20 (двадцать) процентов активов банка - участника;
- банк-участник должен иметь опыт осуществления подобных банковских операций, а также должен иметь финансовую способность своевременно выплачивать соответствующие объемы денежных средств;
- на момент проведения конкурсного отбора Банк-участник не должен находиться под действием специального режима, введенным Национальным банком Таджикистана или национальным регулятором, в том числе режима, ограничивающего проведение каких-либо операций;
- банк-участник должен иметь собственный капитал в размере не менее 20 (двадцати) миллионов долларов США или эквивалентную сумму в национальной валюте;
- банк-участник должен иметь активы в размере не менее 40 (сорока) миллионов долларов или эквивалентную сумму в национальной валюте.
13. Результаты конкурсного отбора для определения обслуживающего банка оформляются протоколом. Копия протокола направляется уполномоченному органу в области энергетики и уполномоченному органу в области управления государственным имуществом.
4. ОСОБЕННОСТИ ДОГОВОРА ЦЕЛЕВОГО СЧЕТА
14. Договор банковского счета заключается между Экспортером и банком, выигравшим конкурсный отбор по определению обслуживающего банка. Договор должен быть подписан в течение 15 (пятнадцати) календарных дней со дня вручения письменного уведомления победителю.
15. В договоре банковского счета обязательно Должны быть оговорены следующие минимальные условия:
- процедура управления целевым счетом, определенная в главе 6 Положения;
- порядок использования средств на целевом счете, указанный в главе 7 Положения, включая приоритетность их использования;
- ответственность обслуживающего банка за удостоверение соответствия назначения платежей Плану использования денежных средств, утвержденных органом управления Экспортера;
- режим прозрачности предоставления выписки обслуживающим банком в соответствии с пунктами 16 и 17 Положения;
- положения, устанавливающие проведение годового аудита целевого счета независимым аудитором на ежегодной основе;
- договор с обслуживающим банком, заключаемый на срок не более пяти лет; не менее чем за три месяца до истечения срока договора с обслуживающим банком договор либо пролонгируется с тем же обслуживающим банком на тот же срок, либо проводится отбор нового обслуживающего банка в соответствии с Положением, который примет все права и обязанности существующего Банка.
16. Обслуживающий банк обязан предоставлять ежемесячную выписку о движении денежных средств на целевом счете органу управления Экспортера и указанным в пункте 7 Положения структурам.
17. Ежемесячная выписка должна как минимум содержать следующую информацию:
- о балансе на дату предоставления выписки;
- о поступлениях на счет и списании с целевого счета в течение отчетного месяца;
- об отправителях и получателях этих средств.
18. Договор банковского счета должен содержать поручение банку-держателю автоматически ежемесячно направлять оригинал выписки о депозитах, снятии средств со счета и остатке средств на день предоставления выписки уполномоченному органу в области энергетики и уполномоченному органу в области управления государственным имуществом. Предоставлять аудитору всю информацию, которую аудитор может запросить для целей годового аудита целевого счета.
19. Договор банковского счета должен иметь положение, в соответствии с которым денежные средства перечисляются банком держателем в кратчайший возможный срок после получения платежного поручения от Экспортера в соответствии с процедурой, описанной в главе 6 Положения.
20. Изменение и (или) расторжение договора банковского счета утверждается органом управления Экспортера и согласуется с уполномоченным органом в области энергетики и уполномоченным органом в области управления государственным имуществом.
5. НАКОПЛЕНИЕ ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ НА ЦЕЛЕВОМ СЧЕТЕ
21. Экспортер обязан обеспечить размещение всех доходов Экспортера от экспорта электроэнергии (включая остаток средств на счету, открытом в соответствии со статьей 17 Генерального соглашения Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000", после оплаты всех платежей описанных в статье 17 и Приложении 10 Генерального соглашения Регионального проекта передачи электроэнергии CASA-1000") на целевом счете, вне зависимости от использования Экспортером для этих целей третьих лиц, выступающих в качестве агента Экспортера. При этом платежи, связанные с обслуживанием долга по Региональному проекту передачи электроэнергии "CASA-1000, могут осуществляться Экспортером как со счета, открытого в соответствии со статьей 17 Генерального соглашения, так и с целевого счета. Экспортер должен обеспечить, что все платежи с целевого счета осуществлялись только на цели, определенные в главе 7 Положения.
6. ПОРЯДОК И ПРОЦЕДУРЫ УПРАВЛЕНИЯ ЦЕЛЕВЫМ СЧЕТОМ
22. Правом распоряжения денежными средствами, находящимися на целевом счете, должны быть наделены руководитель Экспортера и главное ответственное лицо по финансам (или их уполномоченные заместители).
23. Совместно с распоряжением о перечислении или выдаче средств со счета Экспортер должен представить обслуживающему банку подтверждающие документы назначения платежа (например, письменное подтверждение факта поставки электроэнергии).
7. ПОРЯДОК ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ ЦЕЛЕВОГО СЧЕТА
24. - Все денежные средства, поступающие от экспорта по Региональному проекту передачи электроэнергии "CASA-1000", должны быть размещены на суб-счете, открытом для этого проекта. Использование денежных средств, размещенных на суб-счете целевого счета по Региональному проекту передачи электроэнергии "CASA-1000", должно осуществляться только на цели ниже и по нижеследующему порядку приоритетности:
- для платежей независимым производителям электроэнергии за покупку экспортируемой электроэнергии для Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000";
- для платежей, связанных с расходами на услуги по генерации и передаче экспортируемой электроэнергии для Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000";
- для обслуживания долга по Региональному проекту передачи электроэнергии "CASA-1000";
- для обеспечения надлежащего содержания системы энергообеспечения и другой инфраструктуры, необходимых для осуществления экспортных поставок по Региональному проекту передачи электроэнергии "CASA-1000";
- для выполнения других обязательств, связанных с Региональным проектом передачи электроэнергии "CASA-1000": такие как, платежи в Фонд лоддержки местных сообществ (фонд, который будет создан для осуществления определенных финансовых платежей в пользу общин и лиц, находящихся в пределах районов, затронутых Региональным проектом передачи электроэнергии "CASA-1000") и платежи в "Резервный счет" (счет, открытый Экспортером в обслуживающем банке для аккумулирования финансовых средств на оплату возможных платежей по обязательствам Экспортера, в случае наступления штрафных санкций согласно проектным соглашениям Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000");
- для оплаты налогов, сборов и иных обязательных платежей в бюджет, возникающих из операций, связанных с производством и экспортом электроэнергии в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в рамках Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000";
- для оплаты услуг обслуживающего банка и услуг независимого аудитора, который будет проводить ежегодный аудит целевого счета в соответствии с пунктом 31 Положения;
- для реализации мероприятий, необходимых для устранения зимнего дефицита электроэнергии на территории Республики Таджикистан; в частности модернизация существующей генерации, снижение потерь в сетях передачи и распределения электроэнергии;
- для частичного обслуживания государственных суб-займов по финансированию инвестиций в проекты, обеспечивающие эффективность, безопасность и коммерциализацию энергетического сектора.
25. Все денежные средства, поступающие от экспорта по проектам, отличным от Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000" (таким как двустороннее соглашение по линии электропередач Таджикистан-Афганистан), должны быть размещены на суб-счете, открытом для этого проекта:
а) платежей независимым производителям электроэнергии в отношении соответствующего экспорта;
б) обслуживания расходов по этому проекту.
26. После уплаты возможных расходов, связанных с подпунктом (а) и (б) пункта 25 Положения, Экспортер будет использовать доходы, поступающие от экспорта согласно внутреннему плану затрат для поддержания и оптимизации работы энергетической системы.
27. Запрещается использование денежных средств на целевом счете для покрытия любых других расходов, не предусмотренных Положением.
28. Денежные средства, оставшиеся на целевом счете к моменту завершения срока действия договора банковского счета, переводятся на текущие расчетные счета Экспортера.
8. ОБЕСПЕЧЕНИЕ ПРОЗРАЧНОСТИ НАКОПЛЕНИЯ И ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ ЦЕЛЕВОГО СЧЕТА
29. Наблюдательный совет Экспортера (или другой высший орган управления Экспортёра) определяет ответственного за мониторинг использования целевого счета, непосредственно подотчетного уполномоченному органу управления Экспортера, уполномоченному органу в области энергетики и уполномоченному органу в области управления государственным имуществом.
30. Основными обязанностями ответственного за мониторинг использования целевого счета являются:
- подготовка отчета о проведении и результатов конкурсного отбора банка-держателя целевого счета;
- мониторинг доходов, полученных Экспортером от экспортных операций, отслеживание их депонирования и использования;
- мониторинг и подготовка отчета о соответствии фактов поставки электроэнергии (объем, дата, качество и цена) Плану использования денежных средств;
- мониторинг и подготовка консолидированного отчета о закупках электроэнергии по Региональному проекту передачи электроэнергии "CASA-1000" и других экспортных проектов электроэнергии с указанием условно расчетной цены электроэнергии, если эти приобретения осуществляются в натуральной форме или частично за наличный расчет;
- опубликование на веб-сайте Экспортера информации по обеспечению надлежащего содержания системы энергообеспечения, связанной с Региональным проектом передачи электроэнергии "CASA-1000" и другими экспортными поставками электроэнергии, а также аудиторского отчета целевого счета;
- обеспечение опубликования на веб-сайте Экспортера и/или уполномоченного органа по управлению государственным имуществом ежеквартального пресс-релиза, а также его электронной формы в средствах массовой информации.
31. Ежегодно проводится независимый аудит целевого счета. Независимый аудитор выбирается Экспортером на конкурсной основе в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан "О государственных закупках товаров, работ и услуг" и других соответствующих нормативных правовых актов Республики Таджикистан и должен быть международно-признанной аудиторской фирмой. Результаты тендера по отбору аудитора и результаты аудита подлежат опубликованию в соответствии с абзацем пятым пункта 30 Положения.
9. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
32. Экспортер обязан хранить все отчеты ответственного за мониторинг использования денежных средств на целевом счете, План использования денежных средств на бумажных и на электронных носителях информации в порядке и в течение сроков, установленных законодательством о государственном архивном деле, а также иным законодательством Республики Таджикистан.
33. Ответственность за организацию хранения документов несет исполнительный орган Экспортера.