Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 № 328 "Дар бораи Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000"

Бо мақсади таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳое, ки аз содироти нерӯи барқ ворид мешаванд, тибқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти нерӯи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии "интиқоли нерӯи барқи "CASA - 1000", тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои қарори мазкур ва риояи талаботи ҳамин Низомномаро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 июли соли 2016 № 328

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Положении об основных требованиях к использованию целевого счета для обеспечения  прозрачности управления финансовыми средствами, поступающими от экспорта электроэнергии, а также о порядке использования денежных средств в рамках Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000"

В целях обеспечения прозрачности управления финансовыми средствами, поступающими от экспорта электроэнергии, в соответствии со статьей 15 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение об основных требованиях к использованию целевого счета для обеспечения прозрачности управления финансовыми средствами, поступающими от экспорта электроэнергии, а также о порядке использования денежных средств в рамках Регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000" (прилагается).

2. Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" совместно с другими соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить исполнение настоящего постановления и соблюдение требований данного Положения.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 27 июля 2016 года, № 328