Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 № 187 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 26.06.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408, аз 21.11.2018 № 549, аз 26.06.2023 № 293)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1468 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 305 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408аз 26.06.2023 № 293).

Маблағгузории 1457 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки панҷ муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.11.2018 № 549).

4. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ва Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад. (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

6. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.

8. Беэътибор дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 603 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 309 "Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2014, № 60 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиткистон                                Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 апрели соли 2015 № 187

ш.Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1468 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 281 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408).

Маблағгузории 1470 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад.

3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд.

4. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 93 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба миқдори 10 адад муқаррар карда шавад.

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ва Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

6. Дар назди Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" Маркази такмили ихтисос ва Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Молия" таъсис дода шаванд.