Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №696
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкррӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторияи ҳамаи намудҳои санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 696 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 калимаҳои "дар доираи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, №201 тасдиқ карда шудааст" ба калимаҳои "аз Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" иваз карда шаванд;
- банди 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"15. Кумита масъалаи додани қарзи имтиёзноки давлатиро ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ки тибқи талаботи банди 14 Тартиби мазкур пешниҳод шудааст, ба Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" барои баррасӣ пешниҳод менамояд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2014 № 786
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2012 года, №696
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Порядок поощрения субъектов предпринимательства в сферах производства, достигших значительных результатов в период моратория на все виды проверок субъектов предпринимательства в сферах производства, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2012 года, №696, следующие изменения:
- в пункте 2 слова "в рамках Программы государственной поддержки предпринимательства на 2012-2020 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2012 года, №201" заменить словами "из Государственного учреждения "Фонд поддержки предпринимательства";
- пункт 15 изложить в следующей редакции:
"Комитет вопрос предоставления государственного льготного кредита субъекту предпринимательства в сферах производства, представленного в соответствии с требованиями пункта 14 настоящего Порядка, представляет на рассмотрение Государственного учреждения "Фонд поддержки предпринимательства".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 декабря 2014 года, № 786