Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 барои се соли аввал тасдиқ карда шавад (замимаҳои № 1, № 2, № 3 ва № 4).
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ татбиқ намудани Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 муайян карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон барои солҳои 2012- 2020 барои се соли аввал аз Буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
4. Вазорату идораҳои дахлдор ҳар сол ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020 барои се соли аввал ахбор пешниҳод намояд.
5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ҳисобот пешниҳод намояд;
-дар нимсолаи аввали соли 2014 Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020-ро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2012, № 201
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", и с целью создания благоприятных условий для развития предпринимательства, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы и План мероприятий по реализации Программы государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на первые три года (приложения № 1, № 2, № 3 и № 4).
2. Определить Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан координатором реализации Программы государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть выделение необходимых средств из Государственного бюджета для осуществления Плана мероприятий по реализации Программы государственной поддержки предпринимательства на 2012-2020 годы на первые три года.
4. Соответствующим министерствам и ведомствам ежегодно представлять в Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан информацию о ходе исполнения осуществления Плана мероприятий по реализации Программы государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы на первые три года.
5. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан: -ежегодно представлять в Правительство Республики Таджикистан отчет о ходе реализации Программы государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 20122020 годы;
- в первом полугодии 2014 года разработать и представить для утверждения в Правительство Республики Таджикистан План дальнейших мероприятий по реализации Программы государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
30 апреля 2012 года, №201
г.Душанбе