Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 696 "Дар бораи Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторияи ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторияи ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд

Мутобиқи банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011, № 1146 "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторияи ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои талаботи Тартиби мазкурро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2012, № 696

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке поощрения субъектов предпринимательства в сферах производства, достигших значительных результатов в период моратория на все виды проверок субъектов предпринимательства в сферах производства

В соответствии с пунктом 4 Указа Президента Республики Таджикистан от 30 сентября 2011, № 1146 "Об объявлении моратория на все виды проверок субъектов предпринимательства в сферах производства" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок поощрения субъектов предпринимательства в сферах производства, достигших значительных результатов в период моратория на все виды проверок субъектов предпринимательства в сферах производства (прилагается).

2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан обеспечить исполнение требований настоящего Порядка.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 3 декабря 2012 года, № 696