Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014 № 661 "Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон"

Санаи амалкуни: 03.03.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 112)

Мутобиқи моддаи 343 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии хуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 112):

1. Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шакли моликият, ҷуброни зарарро, ки ба кормандон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ расонида шудааст, тибқи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон амалӣ намоянд.

3. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1994, № 134 "Дар бораи масъалаҳои аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷуброн гардидани зараре, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ дар шакли маъюбӣ, бемории касбӣ ё осеб дидани саломатӣ ба кормандон расонида шудааст" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, № 118 "Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1994, №134" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 21 октябри соли 2014 № 661

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке возмещения ущерба работодателем в связи с ухудшением здоровья или смерти работников

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2018г.№112)

В соответствии со статьей 342 Трудового кодекса Республики Таджикистан и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет (в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2018г.№112):

1. Утвердить Порядок возмещения ущерба работодателем в связи с ухудшением здоровья или смерти работников (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, организациям, учреждениям и предприятиям, независимо от форм собственности, производить возмещения ущерба, причиненного работникам при исполнении трудовых обязанностей, в соответствии с Порядком возмещения ущерба работодателем в связи с ухудшением здоровья или смерти работников.

3. Признать утратившими силу постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 20 марта 1994 года, №134 "О вопросах возмещения предприятиями, учреждениями, организациями ущерба, причиненного работникам, увечьем профессиональным заболеванием, либо иным повреждением здоровья, связанным с исполнением трудовых обязанностей" и постановление Правительства Республики Таджикистан от 17 апреля 1998 года, №118 "О внесении изменений и дополнений в постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 20 марта 1994 года, №134".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 21 октября 2014 года, №661