Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, № 661
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, № 661 "Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон" рақами "156" ба рақами "343" иваз карда шуда, калимаҳои ", моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат"" хориҷ карда шаванд.
2. Дар бандҳои 91 ва 98 Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, № 661 тасдиқ шудааст, калимаҳои "даромади панҷмоҳаи" ва "музди миёнаи меҳнати ҳаштмоҳаи" мутаносибан ба калимаҳои "музди миёнаи меҳнати дувоздаҳмоҳаи" ва "музди меҳнати шастмоҳаи" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2018 № 112
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 октября 2014 года, №661
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В преамбуле постановления Правительства Республики Таджикистан от 21 октября 2014 года, №661 "О Порядке возмещения ущерба работодателем в связи с ухудшением здоровья или смерти работников" цифру "156" заменить цифрой "343", слова ", статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об охране труда"" исключить.
2. В пунктах 91 и 98 Порядка возмещения ущерба работодателем в связи с ухудшением здоровья или смертью работников, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 21 октября 2014 года, №661 слова "пятимесячного заработка" и "восьмимесячного заработка" соответственно заменить словами "двенадцатимесячной средней заработной платы" и "шестидесятимесячной средней заработной платы".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 марта 2018 года, №112