Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон аз 21 октябри соли 2014 № 661

Санаи амалкуни: 03.03.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 октябри соли 2014, № 661

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 октябри соли 2014, № 661

тасдиқ шудааст

Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 112)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 112)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон (минбаъд - Тартиби мазкур) муносибатҳоро оид ба ҷуброни зараре, ки сабаби захмбардорӣ, бемории касбӣ ё фавти кормандон (минбаъд - захмбардории меҳнатӣ) ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ мегардад, ба танзим медарорад.

2. Корфармо барои расонидани зарар ба саломатии кормандон, хизматчиён, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар кооперативҳо, инчунин ба шаҳрвандоне, ки тибқи шартномаҳои гражданию ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, дар натиҷаи захмбардории меҳнатӣ, ки бо гуноҳи корфармо чӣ дар ҳудуд ва чӣ берун аз ҳудуди он, инчунин ҳангоми ба ҷойи кор омадан ё аз ҷойи кор рафтан бо нақлиёти пешниҳоднамудаи корфармо рух додааст, ҷавобгарии моддиро ба ӯҳда дорад.

3. Корфармо вазифадор аст зарареро, ки ба саломатии корманд ҳангоми иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ аз сарчашмаи хатари зиёд расонида шудааст, агар аз таъсири қувваи рафънопазир ё аз беэҳтиётии корманд ба вуқӯъ омадани онро исбот карда натавонад, пурра ҷуброн намояд.

4. Агар зарар ба саломатии корманд на аз сарчашмаи хатари зиёд расонида шуда бошад, корфармо аз ҷуброни зарар озод карда мешавад, агар исбот намояд, ки зарар бо гуноҳи ӯ ба вуҷуд наомадааст.

5. Захмбардории меҳнатӣ ҳамон вақт бо гуноҳи корфармо бавуқӯъомада ҳисобида мешавад, агар он дар натиҷаи таъмин накардани шароити бехатари меҳнат ба вуҷуд омада бошад.

6. Далели ҷавобгарии корфармо барои зарари расонидашуда ҳуҷҷатҳои зерин шуда метавонанд:

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 21 октября 2014 года, №661

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 21 октября 2014 года, №661

Порядок возмещения ущерба работодателем в связи с ухудшением здоровья или смертью работников

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2018г.№112)

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2018г.№112)

1. Общие положения

1. Порядок возмещения ущерба работодателем в связи с ухудшением здоровья или смерти работников (далее - настоящий Порядок), регулирует отношения по возмещению ущерба, ставшей причиной увечья, профессионального заболевания или смерти работников (далее - трудовые увечья) при исполнении трудовых обязанностей.

2. Работодатель несет материальную ответственность за ущерб, причиненный здоровью рабочих, служащих, членов дехканских (фермерских) хозяйств и других кооперативов, а также гражданам, работающим по гражданско - правовым договорам, в результате получения трудового увечья, происшедшего по вине работодателя, как на территории предприятия работодателя, так и за его пределами, а также во время следования к месту работы или с работы на транспорте, предоставленном организацией.

3. Работодатель обязан возместить в полном объеме ущерб, причиненный здоровью работника при исполнении им трудовых обязанностей источником повышенной опасности, если не докажет, что ущерб возник вследствие непреодолимой силы, либо по неосторожности потерпевшего.

4. Если ущерб причинен здоровью работника не источником повышенной опасности, то работодатель освобождается от его возмещения, если докажет, что ущерб причинен не по его вине.

5. Трудовое увечье считается наступившим по вине работодателя, если оно произошло вследствие не обеспечения им безопасных условий труда.

6. Доказательством ответственности работодателя за причиненный ущерб могут служить следующие документы:

...