Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 № 532 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддааи 42 Қонуни Ҷумқурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2001, № 242 "Дар бораи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа" калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;

- дар бандҳои 43, 47 ва 48 Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2001, № 242 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ва "Хадамоти давлатии муҳоҷирати" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 1998, № 411 "Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд.

3. Дар бандҳои 2, 3, 4, 5, 6 ва замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 "Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа" калимаҳои "назди Ҳукумати" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шуда, ҳамчунин дар банди 6 калимаи "назорати" ба калимаи "баҳисобгирии" иваз карда шавад.

4. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 467 "Дар хусуси тасдиқи Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;

- ба Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 467 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 2 калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ)" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот)" иваз карда шаванд;

- дар тамоми матн калимаи "Агентӣ" ба калимаи "Хадамот" иваз карда шавад;

- дар замимаи 1 калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар замимаи 2 калимаҳои "Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар замимаи 3 калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷират дар" иваз карда шаванд.

5. Дар бандҳои 2, 3, 4, 5 ва 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 474 "Дар бораи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016" калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд.

6. Дар бандҳои 1 ва 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1999, № 451 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ташкилоти байналмилалии меҳнат" калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 7 августи соли 2014 № 532

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2001 года, №242 "О Концепции трудовой миграции граждан Республики Таджикистан за границу" слова "Министерству труда и социальной зашиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения";

- в пунктах 43, 47 и 48 Концепции трудовой миграции граждан Республики Таджикистан за границу, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2001 года, №242, слова "Государственную миграционную службу при Министерстве труда и социальной защиты населения" заменить словами "Миграционную службу Министерства труда, миграции и занятости населения".

2. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 8 октября 1998 года, №411 "Об утверждении Концепции государственной миграционной политики Республики Таджикистан" слова "Министерству труда и занятости населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения".

3. В пунктах 2, 3, 4, 5, 6 и приложении постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №378 "Об учете миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из-за рубежа" слова "при Правительстве" заменить словами "Министерства труда, миграции и занятости населения", также в 6 пункте слово "контроля" заменить словом "учёта".

4. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2008 года, №467 "Об утверждении Положения о порядке внутренней миграции в Республике Таджикистан" слова "Министерству труда и социальной зашиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения";

- внести в Положение о порядке внутренней миграции в Республике Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2008 года, №467, следующие изменения:

- в пункте 2 слова "Государственное агентство социальной защиты, занятости населения и миграции Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан (далее - Агентство)" заменить словами "Миграционная служба Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (далее- Служба)";

- во всем тексте слово "Агентство" заменить словом "Служба";

- в приложении 1 слова "Государственное агентство социальной защиты, занятости населения и миграции" заменить словами "Миграционная служба Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан";

- в приложении 2 слова "Директор Государственного агентства социальной защиты, занятости населения и миграции Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" заменить словами "Начальник Миграционной службы Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан";

- в приложении 3 слова "Государственное агентство социальной защиты, занятости населения и миграции" заменить словами "Миграционная служба".

5. В пунктах 2, 3, 4, 5 и 7 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2013 года, №474 "О Среднесрочном плане организованного переселения экологических мигрантов в Республике Таджикистан на 2014-2016 годы" слова "Министерству труда и социальной зашиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения".

6. В пунктах 1 и 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 27 октября 1999 года, №451 "О мерах по своевременному выполнению обязательств Республики Таджикистан перед Международной организацией труда" слова "Министерству труда и социальной зашиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 7 августа 2014 года, №532