Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 630, аз 28.03.2022 № 130)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар соҳаи нафту газ фаъолият мекунанд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).
2. Шумораи умумии кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 266 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 89 воҳид муқаррар карда шавад
3. Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
Барои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 23 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказии Вазорат 5 адад муқаррар карда шавад
4. Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнибинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода шавад.
5. Дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ таъсис дода шавад.
6. Корхонаи воҳиди давлатии "Нафту газ ва ангишт" Корхонаи воҳиди давлатии "Нафту газ" номгузорӣ карда шавад.
7. Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат" Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва захираҳои об" номгузорӣ карда шавад.
8. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2014 № 149
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Министерстве энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 26.11.2020г.№630, от 28.03.2022г.№130)
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативно правовых актах" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года,№12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления, Перечень предприятий и учреждений системы Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан и Перечень государственных унитарных предприятий, действующих в нефтегазовой отрасли (приложения 1, 2, 3, 4 и 5).
2. Установить общую численность работников Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан в количестве 266 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата - 89 единиц
3. Разрешить Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан иметь 4 заместителей Министра, в том числе одного первого и коллегию в составе 7 человек.
Установить для Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомашин в количестве 23 единиц, в том числе для Центрального аппарата Министерства в количестве 5 единиц
4. Финансирование Центрального аппарата и органов, предусмотренных в Схеме управления Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан, осуществлять за счет средств республиканского бюджета и других средств в порядке, согласованном с Министерством финансов Республики Таджикистан.
5. Создать при Министерстве энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Службу по государственному надзору в сфере безопасности гидротехнических сооружений.
6. Переименовать Государственное унитарное предприятие "Нафту газ ва ангишт" на Государственное унитарное предприятие "Нафту газ".
7. Переименовать Государственное учреждение журнал "Энергетика ва саноат" на Государственное учреждение журнал "Энергетика ва захирахои об".
8. Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан в двухмесячный срок:
- представить предложения по внесению изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты Республики Таджикистан;
- привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
9. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, № 605 "О министерстве энергетики и промышленности Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 марта 2014 года, № 149