ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149 ва аз эътибор соқит намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2021, №441
Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 149 «Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:
1)дар банди 2 рақами «266» ба рақами «109» иваз карда шавад;
2)аз банди 3 ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
3)дар замимаи 1:
-аз банди 2 калимаҳои «Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика,» хориҷ гардида, калимаи «доранд» ба калимаи «дорад» иваз карда шавад;
-аз сархати бисту ҳаштуми банди 5 калимаҳои «ва сӯзишворию энергетикӣ» хориҷ карда шаванд;
-дар сархатҳои чилу ҳафтум, чилу нуҳум, панҷоҳу якум, панҷоҳу дуюм ва ҳаштоду шашуми банди 5 калимаи «нерӯи» ба калимаи «энергияи» иваз карда шавад;
-сархати шастуми банди 5 хориҷ карда шавад;
-аз сархати сеюми банди 9 калимаҳои «Вазорат ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамоти тобеи» хориҷ карда шаванд;
-дар сархатҳои даҳум, дувоздаҳум, чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум ва бистуми банди 9 калимаҳои «хадамотҳо» ва «хадамотҳои» мувофиқан ба калимаҳои «хадамот» ва «хадамоти» иваз карда шаванд;
-дар сархати ёздаҳуми банди 9 калимаҳои «роҳбарони хадамотҳо» ба калимаҳои «роҳбари хадамот» иваз карда шаванд;
-дар сархати хаждаҳуми банди 9 калимаҳои «роҳбарони хадамотҳои тобеи Вазорат муовинони онҳо ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамотҳоро» ба калимаҳои «роҳбари хадамоти тобеи Вазорат, муовини онро» иваз карда шаванд;
4)сархати дуюми замимаи 3 хориҷ карда шавад;
5)дар замимаи 4:
-сархатҳои чорум ва ҳаштум хориҷ карда шаванд;
-дар сархати даҳум калимаҳои «Шӯъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали «Дӯстлик»-и Даштҳои ташналаб» ба калимаҳои «Филиали тоҷикистонии Иттиҳодияи хоҷагии оби ҳавзаи «Сирдарё» иваз карда шаванд;
6)сархати дуюми замимаи 5 хориҷ карда шавад.
2.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2021, №441 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 457
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №149 и о признании утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 22 октября 2021 года, №441
В соответствии со статьями 56 и 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №149 «О Министерстве энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан» следующие изменения:
1) в пункт 2 цифры «266» заменить цифрами «109»;
2) из пункта 3 второе предложение исключить;
3) в приложении 1:
- из пункта 2 слова «Государственной службы по надзору в сфере энергетики,» исключить и слово «находящихся» заменить словом «находящийся;
- из двадцать восьмого абзаца пункта 5 слова «и топливно-энергетическими» исключить;
- шестидесятый абзац пункта 5 исключить;
- в восемьдесят шестом абзаце пункта 5 слово «электричества» заменить словом «электроэнергии»;
- из третьего абзаца пункта 9 слова «и руководителей местных органов подведомственных служб Министерства» исключить;
- в абзацах десятом, двенадцатом, четырнадцатом, шестнадцатом, семнадцатом и двадцатом пункта 9 слова «подведомственных Министерству служб» и «подведомственных служб» соответственно заменить словами «подведомственной Министерству службы» и «подведомственной службы»;
- в пятнадцатом абзаце пункта 9 слова «подведомственным Министерству служб» заменить словами «подведомственной Министерству службы»;
- в одиннадцатом абзаце пункта 9 слова «руководителей подведомственных Министерству служб» заменить словами «руководителя подведомственной Министерству службы»;
- в восемнадцатом абзаце пункта 9 слова «руководителей подведомственных Министерству служб их заместителей и руководителей их территориальных органов» заменить словами «руководителя подведомственной Министерству службы его заместителя»;
4) абзац второй приложения 3 исключить;
5) в приложении 4:
- четвёртый и восьмой абзацы исключить;
- десятый абзац изложить в следующей редакции:
«Таджикский филиал Бассейнового водохозяйственного объединения «Сырдарья»;
6) абзац второй приложения 5 исключить.
2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 22 октября 2021 года, №441 «О Службе государственного энергетического надзора».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2025 года №457